Михаил Прохоров, яке аз номзадҳои раёсати ҷумҳурии Русия, дар мулоқот бо ҷавонон дар шаҳри Қазон гуфтааст, ки аз шиъори "Русия бидуни Путин" ҳимоят намекунад.
Вай гуфт: "Ба назари ман, Русия ҳам бо Путин, ҳам бо Акунин, ҳам бо Парфенов, ҳам бо Навалний, ҳам бо Прохоров, бо ҳар кадоми мо бояд бошад. Зеро умдатарин мушкили кишвари мо ин аст, ки мо наметавонем гирди мизи музокира биншинем ва бо ҳам тавофуқ кунем."
Оқои Прохоров, ки тоҷире саршинос дар Русия маҳсуб мешавад, дар посух ба ин суол, ки чаро аз рақибони дигари худ интиқод мекунад, вале танқиди мустақими Владимир Путин иҷтиноб меварзад, гуфт, ки ҳарфи дигаронро "намехоҳам такрор кунам."
Вай гуфт: "Вақте ки аз низом интиқод мекунам, ин интиқод шомили ҳоли Путин низ мешавад. Путин батанҳоӣ дар эҷоди ин низом муқассир нест. Мо аҳма муқассирем, мо ҳамагон, ки интихоб мекунем. Путин хасоили мусбату манфӣ дорад, аммо ҷомеъаим аданиро мо месозем."
Оқои Прохоров афзудааст, ки мехоҳад барномаи созандае дошта бошад, на ин ки алайҳи касе мавзеъгирӣ кунад. Дар посух ба ин суол, ки дар сурати пирӯзӣ оқои Путинро низ шомили кобинааш хоҳад кард, оқои Прохоров гуфтааст: "На, ба назари ман, 12 сол барои Путин кофӣ буд."
Пештар, вай эълом карда буд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия, ба хотири сиёсат тиҷоратро канор хоҳад гузошт, дороиҳояшро хоҳад фурӯхт ва маболиғи бадастомадаро дар барномаҳои хайрия сарф хоҳад кард.















