Таъсиси гурӯҳе минтақаӣ барои мубориза бо маводди мухаддир

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 20 Январ соли 2012 - 14:14
Ҳамоиш

Дар шаҳри Душанбе нахустин ҳамоиши гурӯҳи минтақаии мубориза бо маводди мухаддир баргузор шуд

Ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид як гурӯҳи минтақаӣ барои мубориза бо маводди мухаддирро таъсис карданд.

Женерол Рустам Назаров, раиси Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 20 январ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки имрӯз дар ин замина прутукуле имзо шудааст.

Женерол Назаров табодули иттилоъоти маҳрамона дар бораи кишту тавлиди маводди мухаддир, қочоқчиёни маводди мухаддир ва амалиётҳои муштарак алайҳи гурӯҳҳои қочоқбар дар ҳудуди кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро аз аҳдофи аслии ин ниҳод унвон кард.

Ӯ гуфт, ки дар бораи таъсиси чунин гурӯҳ дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалӣ дар мавриди муқобала бо маводди мухаддир дар шаҳри Виани Утриш дар моҳи декабри соли гузашта тавофуқи усулӣ ба даст омада буд ва ҳамакнун дар шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи ин гурӯҳ баргузор шудааст.

Дар назар аст дар моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо мушорикати муъовини дабири кулли СММ ҷаласаи вузарои умури дохила ва руасои ниҳодҳои назорат бар маводди мухаддири ин се кишвар баргузор шавад.

Гуфта мешавад дари ин ниҳод барои ҳамаи кишварҳои минтақа боз буда ва кишварҳое чун Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Покистон ва Эрон метавонанд ба он шомил шаванд.

Назаров

Женерол Назаров табодули иттилоъоти маҳрамона дар бораи қочоқчиёни маводди мухаддир ва амалиётҳои муштарак алайҳи гурӯҳҳои қочоқбар дар ҳудуди кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро аз аҳдофи аслии ин ниҳод унвон кард

Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муъовини вазири умури дохилаи Афғонистон, таъсиси ин гурӯҳро як гоми муҳим барои муқобала бо маводди мухаддир дар минтақа хонда ва гуфт, ки аз тариқи мутталеъ сохтани ҳамдигар дар бораи гурӯҳҳои қочоқбар ва созмон додани амалиётҳои муштарак алайҳи ин гурӯҳҳо ба коҳиши мизони қочоқи маводди мухаддир дар минтақа даст ёфтан мумкин аст.

Бар асоси гузориши Дафтари мубориза бо маводди мухаддир ва ҷароими СММ, 17 дар сади маводди мухаддири Афғонистон аз тариқи “Масири шимол”, яъне тавассути Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон ба Русия ва Урупо мунтақил мешавад.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, бахши аслии ин мавод аз тариқи Покистон ва Эрон қочоқ мешавад.

Бино ба прутукули имзошуда, дар назар аст ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон бо ҳамтоёни афғони худ дар манотиқи марзии вилоёти Бадахшон, Тахор ва Кундузи Афғонистон ба манзури нобуд сохтани кишти хашхош, озмоишгоҳҳои тавлиди ҳеруин ва мубориза бо гурӯҳҳои қочоқбар амалиётҳои муштарак созмон диҳанд.

Ҳамчунин, баргузории амалиёти муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар вилоёти Суғди Тоҷикистон ва Боткенти Қирғизистон дар назар гирифта шудааст.

Зимнан, ниҳодҳои интизомии Тоҷикистону Қирғизистон дар соли гузашта дар ин манотиқ 6 амалиёти муштарак гузаронда ва аз қочоқчиён даҳҳо килуграм маводди мухаддир кашф ва мусодира кардаанд.

Дар ҷараёни ин амалиётҳо як масъули ниҳоди мубориза бо маводди мухаддири Қирғизистон захмӣ шудааст.

Аҳмадӣ

Оқои Аҳмадӣ таъсиси ин гурӯҳро як гоми муҳим барои муқобала бо маводди мухаддир дар минтақа хонд

Тибқи гузориши Дафтари мубориза бо маводди мухаддир ва ҷароими СММ, дар соли гузашта дар Афғонистон 5800 тун маводди мухаддир тавлид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли 2010 61 дар сад афзоишро нишон медиҳад.

Ин манбаъ мегӯяд пуле, ки дар соли гузашта ба ҳисоби фурӯши маводди мухаддир ба даст омадааст, ҳудуди 2,4 милёрд дулор буда ва ин маблағ 15 дар сади тавлидоти нохолиси миллии Афғонистонро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муъовини вазири умури дохилаи Афғонистон, сабабҳои афзоиши тавлиди маводди мухаддир дар кишварашро хушксолӣ ва коҳиши майдони гандум ва афзоиши ниёз ба маводди мухаддир дар минтақа ва ҷаҳон хонд.

Оқои Аҳмадӣ гуфт, ки ҳоло дар Афғонистон беш аз 1 милюн нафар муътод ба маводди мухаддир сабт шудаанд ва ин рақам дар минтақаи Осиёи Марказӣ болиғ ба 10 милюн нафар арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.