
Тасвири муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳамвора ҳадафи тамасхур ва танаффур қарор мегирад
Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон қасд дорад марказе барои ислоҳи "тасвири манфии" тоҷик ва Тоҷикистон дар хориҷ аз ин кишвар таъсис бидиҳад.
Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, яке аз аҳдофи ин марказ тағйири шеваи бархӯрди роиҷ дар Русия ва ҷамоҳири дигари шӯравии собиқ нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик аст.
Мақомоти тоҷик ҳамчунин мегӯянд, ки омодаанд ҳатто бо гурӯҳҳои миллатгаро дар Русия ба муколама пардозанд ва, аз ҷумла, раҳбарони чунин гурӯҳҳоро барои ошноӣ бо фарҳанг, урфу одат ва шеваи зиндагии мардуми маҳаллӣ ва гуфтугӯ бо онҳо ба Тоҷикистон даъват кунанд.
Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ва ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, ба уҳда дорад, аз пешниҳоди таъсиси чунин марказе ҳимоят кардаанд.
Давлати Тоҷикистон ваъдаи кумаки молӣ ба ин марказро кардааст. Коршиносони ин марказ таваҷҷӯҳи худро бештар ба афкори умумӣ дар Русия ва Қазоқистон мутамаркиз хоҳанд кард. Дар ин ду кишвар бештарин шумори муҳоҷирони кории тоҷик зиндагӣ ва кор мекунанд.
Туғрал Хайруллоев, як масъули Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, дар ин бора мегӯяд: "Мақомот аз пешниҳоди баргузории ҷашнвораҳои ҷавонон ва донишҷӯён, ки ба онҳо, аз ҷумла, мухлисони футбол ва тоссарон аз Русия ҳам даъват мешаванд, истиқбол карданд. Ин афрод бояд кишвари моро бо чашмони худ бибинанд, бо мардум сӯҳбат кунанд ва бархӯрди худ бо онҳоро тағйир диҳанд."
"Тасвире ҷомеъ аз мардумони Осиёи Миёна"
Барои иваз кардани тасвири манфии муҳоҷири кории тоҷик гурӯҳҳои корӣ дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Русия ва Қазоқистон таъсис дода хоҳанд шуд. Ба ин гурӯҳҳо сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, таърихнигорону ховаршиносони рус ва қазоқ шомил мешаванд, ки корашон аз иҷрои тарҳҳое барои беҳтар сохтани тасвири (имиҷи) Тоҷикистон иборат хоҳад буд.
Нашри иттилоъоти "мусбат" дар пойгоҳҳои интернетӣ ва пахши таблиғоти видиюӣ дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар телевизиюнҳои Русия аз ҷумлаи корҳоест, ки ин гурӯҳҳо анҷом хоҳанд дод.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки омодаанд сармояи зиёде ба гурӯҳҳои коршиносӣ ба унвони дастмузд бипардозанд, дар ҳоле ки ҳазинаи куллии ин тарҳ ҳануз эълом нашудааст.
"Вожаи "тоҷик" дар Русия имрӯзҳо мафҳуми қавмии худро то ҳадде аз даст дода ва муродифи мардикор ё муҳоҷири корие шудааст, ки бештар ба анҷоми корҳои сиёҳ машғул аст. Ин вожа акнун тасвире ҷомеъ аз мардумони Осиёи Миёнаро ба даст медиҳад, ки бештар ҳадафи танзу тамасхур дар Русия қарор мегиранд"
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос аз Душанбе
Раҳмон Улмасов, раиси Пажӯҳишгоҳи муҳоҷирати Донишгоҳи исловии Русияву Тоҷикистон, мегӯяд: "Шикастани тафаккури қолабӣ (стереотип) бисёр муҳим аст. Барои русҳо вақте як тоҷик ба забони русӣ хуб суҳбат мекунад ва ё вақте шаҳрвандони мо аз роҳи Маскав ба Урупо сафар мекунанд, ҳайратангез аст. Онҳо гумон мекунанд, ки агар дар гузарномаи касе "тоҷик" сабт шуда бошад, ҳатман ин шахс қочоқбари маводди мухаддир ё кӯчарӯбе бесавод аст."
Дар Тоҷикистон танҳо мақомоти давлатӣ муштоқи иваз кардани тасвири ин кишвар ва сокинонаш дар чашми хориҷиҳо нестанд. Донишҷӯёни бархе аз донишгоҳҳои Душанбе низ омодагии худро барои мусоъидат ба ин кор эълом карда ва масалан, мехоҳанд қатореро дар масири Душанбе-Маскав ба роҳ андозанд.
Онҳо, аз ҷумла, тасмим гирифтаанд ба мусофирони ин қатор дастовардҳои Тоҷикистон ва ғизои миллии ин кишварро довталабона намоиш диҳанд ва дар дохили он намоишгоҳҳо, толорҳои синемо ва дуконҳои фурӯши колоҳои суннатиро, ки барои русҳо мумкин аст ҷаззоб бошад, созмон диҳанд.
Ба эътиқоди сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов, вожаи "тоҷик" имрӯзҳо дар Русия мафҳуми қавмии худро то ҳадде аз даст дода ва муродифи мардикор ё муҳоҷири корие шудааст, ки бештар ба анҷоми корҳои ба истилоҳ сиёҳ машғул аст. Ин вожа акнун тасвире ҷомеъ аз мардумони Осиёи Миёнаро ба даст медиҳад, ки бештар қаҳрамони танзу латоифи русӣ ҳастанд ва ҳадафи тамасхур қарор мегиранд.
Оқои Муллоҷонов мегӯяд: "Сабаби пайдоиши ин тасвир (дар зеҳни русҳо) он аст, ки бештари муҳоҷирони кории тоҷик бесавод ҳастанд ва ночор мешаванд касифтарин корҳоро анҷом диҳанд. Дар даҳаи 1960-и қарни гузашта озарбойҷониҳову арманиҳо чунин вазъи мушобеҳе доштанд. Онҳо низ дар оғоз шуғли муносибе надоштанд, вале фарзандони онҳо, ки таҳсилкарда ҳастанд, бархӯрд бо онҳо иваз шудааст."
Ин сиёсатшинос меафзояд: "Агар мақомоти тоҷик дарвоқеъ мехоҳанд тасвири муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро иваз кунанд, бояд дар амри омӯзишу парвариши онҳо сармоя гузоранд. Доштани тахассус ва дониши хуби забони русӣ метавонад нигоҳи русҳо ба моро тағйир бидиҳад."
Пахши барномаи "Наша Russia" дар телевизиюни ТНТ-и Русия аз ҷанҷолбарангезтарин қазоёи марбут ба бозтоби тасвири тоҷик дар афкори умумии он кишвар будааст.
Бархе аз аҷзои ин барнома хашми иддае аз муҳоҷирон ва аъзои порлумони Тоҷикистонро барангехт. Онҳо аз давлати Русия хостанд, ки пахши ин барнома ва фурӯши дискҳои ҳовии кумедии "Байзаҳои тақдир"-ро, ки қаҳрамонони аслии он ду муҳоҷири тоҷик Ҷамшуд ва Равшан ҳастанд, мутаваққиф кунад.
Қурбониёни қочоқи маводди мухаддир?
Масъалаи муҳоҷират барои давлати Тоҷикистон аз масоиле ҳассос ва ранҷовар аст. Онҳо дарвоқеъ аз он нигаронанд, ки бозгашти анбуҳи муҳоҷирон ба ватан мумкин аст саботи ҷомеъаро ба ҳам бизанад.
Касе намедонад, ки чи теъдод аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Омори расмӣ дар Тоҷикистон ҳудуди ним милюн, вале манобеъи ғайрирасмӣ то якуним милюн нафар баровард кардаанд.
Ба гуфтаи манобеъи мухталиф, пуле, ки муҳоҷирони корӣ ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд, аз ду то чаҳор милёрд дулорро ташкил медиҳад. Беш аз як милюн нафар аз аҳолии Тоҷикистон бо ин маболиғ зиндагии худро пеш мебаранд.
Як сокини 30-солаи Душанбе ба номи Валамат шаш сол боз дар пойтахти Русия кор мекунад. Вай умедвор аст, ки бархӯрди мардуми Русия бо муҳоҷирони тоҷик бо мурури замон дигаргун шавад.
Валамат-бону мегӯяд: "Мавориди зиёде буд, ки мехостам шуғле ё хонае барои иҷора пайдо кунам, аммо чун мардуми маҳаллӣ мефаҳмиданд, ки аз Тоҷикистон ҳастам, ба ман посухи рад медоданд. Ҳарчанд бархӯрди онҳо бо шаҳрвандони Узбакистону Қирғизистон дигар аст."
"Ман саъй кардам бифаҳмам, ки чаро ин тур аст ва ба ман мегуфтанд, ки тоҷикон маъмулан ба Русия маводди мухаддир интиқол медиҳанд. Чи гуна бояд ба русҳо тавзеҳ дод, ки қочоқи маводди мухаддир миллат надорад ва қочоқбарон метавонанд аз Афғонистон, Русия ва ё ҳар кишвари дигаре ҳам бошанд?"
Муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар ҳамасола меафзояд. Гоҳе бачаҳои ноболиғ ҳам ба ҷустуҷӯйи кор ба кишварҳои хориҷӣ мераванд. Онҳо қабл аз ин ки кишварашонро тарк кунанд, синни худро дар шиносномаҳояшон тағйир медиҳанд.
Бештари муҳоҷирони тоҷик дар арсаи тиҷорат ё сохтмон фаъъолият мекунанд.
Тоҷикистону Русия, сарфи назар аз изҳороти пайвастаи сиёсатмадорон дар бораи "шарикони роҳбурдӣ" будани ин ду кишвар, дар солҳои ахир равобити сарде бо ҳам доштаанд.















