
Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар ҷаласаи солонаи Ҳукумат аз фаъъолияти мақомот шадидан интиқод мекунад
Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 18 январ ҷаласаи солонаи кобинаи давлати Тоҷикистон оғоз шуд.
Тибқи иттилоъи маркази матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин ҷаласа аъзои ҳукумат, масъулони дафтари раёсати ҷумҳурӣ, вузаро, раҳбарони ниҳодҳои дигари давлатӣ, руасои вилоёт, шаҳрҳо ва навоҳии кишвар ширкат доранд.
Таъкид шудааст, ки дар ин ҷаласа натиҷаҳои рушди иҷтимоъию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар соли 2012 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли равон муъайяну мушаххас мегарданд.
Баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбе маркази матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин ҷаласа гузоришҳои нахуствазир ва бештаре аз раҳбарони вазоратхонаҳову идораҳо ироа шудаанд.
Ин манбаъ афзудааст: "Таваҷҷуҳи махсус ба беҳсозии механизми ҳисоби маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, сатҳи таваррум, баҳисобгирии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, иҷрои нақшаи тадбирҳо оид ба воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо, иҷрои босифати буҷет, фаъол намудани шабакаи ягонаи электронии миёни сохторҳои молия, андоз, гумрук ва Амонатбонк зоҳир карда шуд."
Дар ҳамин ҳол, маркази матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки Президент Раҳмон дар бораи фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар соли ҷорӣ "супоришҳои мушшахас" додааст. Аз ҷумла, дастур шудааст, ки тарҳи қонуни ҷадиди молиёт дар тӯли се моҳи аввали соли ҷорӣ таҳия гардад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни нигаронӣ аз афзоиши ҷароим дар Тоҷикистон ба ниҳодҳои интизомӣ дастур додааст, ки ба мавзӯъи "ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон" таваҷҷӯҳи бештар шавад.
Ҳамчунин оқои Раҳмон хостааст, ки барои рушди тиҷорат ва соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва текнулужиҳои ҷадид мавонеъ рафъ шавад.
Солҳои қаблӣ кори ин ҷаласа гоҳе ба сурати мустақим ва гоҳе ба таври сабтшуда аз қабл дар телевизиюнҳои давлатӣ ба намоиш гузошта мешуд.
Маъмулан, Президент Раҳмон гузориши ҳар яке аз мақомоти кишварро шунида ва сипас суолотеро матраҳ мекунад ва дар сурати ошкор шудани камбудиҳо, ин мақом мавриди интиқоди шадид қарор мегирад.
Дар бархе аз маворид оқои Раҳмон фармони барканории бархе аз мақомотро дар толори ҷаласа эълом карда ва ба ин афрод ба шумо ҷавоб! мегӯяд.
Ба ин далел, ҳадсу гумонҳое вуҷуд доранд, ки мақомоти тоҷик ҳамвора аз баргузории ин ҷаласа нигарон ҳастанд, зеро то поёни кори он сарнавишти ояндаи онҳо норӯшан боқӣ мемонад.
Вале дар ду соли ахир Президент Раҳмон тағйироти кодрӣ дар кобинаи худро умдатан қабл аз баргузории ин ҷаласа анҷом дода ва гузоришҳои расонаҳои давлатӣ дар бораи нишасти кобинаи давлат камрангтар шудааст. Ҳарчанд ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон, эҳтимоли барканории бархе аз мақомоти дигар ҳамчунон вуҷуд дорад.
Дар авохири соли гузашта ва дар ду ҳафтаи аввали соли нави мелодӣ оқои Раҳмон вузарои умури дохилӣ, маъориф, адлия, раиси Кумитаи умури изтирорӣ ва бархе аз муъовинони вазоратхонаҳову кумитаҳо ва раисони шаҳру навоҳиро иваз кард.
Аз ҷумла, Матлубхон Давлатов, ки қаблан раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба симати муъовини аввали нахуствазир бо салоҳиятҳои бештар интисоб шуд.
Бахтиёр Худоёров симати вазири адлияро тарк карда ва ба вазифаи раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон интисоб шуд. Рустам Менглиев ҷойгузини оқои Худоёров дар симати раҳбарии вазорати адлия шуд.
Рамазон Раҳимов дар симати вазири умури дохила Абдураҳим Қаҳҳоровро иваз кард. Оқои Қаҳҳоров ба симати дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъйин шуд.
Абдуҷаббор Раҳмонов аз симати вазири маъориф барканор ва Нуриддин Саидов, ки қаблан раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, вазири ҷадиди ин арса таъйин шуд.
Ҳамчунин гурӯҳе аз занон ба муъовинати бархе аз вазоратхонаҳо ва идораҳои давлатӣ мансуб шуданд.
Аммо бештари коршиносон ин тағйироти кодриро идомаи ҷойивазкунии кодрҳо номида ва изҳор медоранд, ки аз чунин наҳваи мудирият дар ниҳодҳои давлатӣ набояд пешрафти ҷиддиеро интизор дошт.
Соли гузашта бархе аз расонаҳои дохилӣ ва коршиносон бар зарурати ислоҳоти кодрӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон таъкид карда ва иддаъо доштанд, ки дар сурати амалӣ нашудани ин амр, Тоҷикистон бо мушкилоти фаровоне рубарӯ хоҳад шуд.
Ҳамакнун соҳибназарон мегӯянд, ки бо дарназардошти интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 Президент Раҳмон намехоҳад тими боэътимоди худро иваз кунад.
Давлатҳои ғарбӣ аз давлати Тоҷикистон ба далели непотизм ё хешпарастӣ ба ҳангоми интисоби масъулин дар арсаҳои мухталифи идораи кишвар интиқод кардаанд ва гуфтаанд дар арсаҳои калидии иқтисодӣ ва сиёсии кишвар афроде, ки наздик ба мақомоти баландпоя ҳастанд интисоб мешаванд.















