bbc.co.uk navigation

Муҳокимаи қатли Равшан Шарипов, корманди пулиси роҳ, ба таъвиқ уфтод

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 17 Январ соли 2012 - 06:29

Ҷаласаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои баррасии парвандаи марбут ба қатли Равшан Шарипов, корманди пулиси роҳ, барои муддати номаълум ба таъвиқ уфтод.

Равшан Шарипов, корманди пулиси роҳ, баҳори соли ҷорӣ ба ҳангоми анҷоми вазифааш дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе кушта шуд. Додситонӣ Озодбек Одинаев ва Саидмухтор Мирҷонов, ду сокини шаҳрро, бар асоси модаи 108 қонуни кайфарӣ ба қатли ӯ "дар натиҷаи беэҳтиётӣ" муттаҳам кардааст.

Ин афрод ҳамчунин ба авбошӣ, талош барои ришвадиҳӣ ва истифода аз зӯр алайҳи корманди давлатӣ муттаҳам шудаанд. Аммо Шодӣ Шарипов, падари Равшан Шарипов, аз иттиҳомоти ворида алайҳи муттаҳамони қатли фарзандаш норозӣ аст.

Ҳомид Маъмуров, вакили мудофеъи оқои Шарипов, гуфт, ки қасд дорад аз додгоҳ дархости таҳқиқи иловагӣ кунад, зеро ба бовари ӯ, қатли Равшан Шарипов на "дар натиҷаи беэҳтиётӣ", балки дар натиҷаи лату кӯби огоҳона сурат гирифта, ки ба марги ӯ мунҷар шудааст.

Ба гуфтаи оқои Маъмуров, муттаҳамони парванда бояд аз рӯйи моддаи 110-и қонуни кайфарии Тоҷикистон муҳокима шаванд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Маъмуров моддаи 108 қонуни кайфарӣ, яъне "қатл дар натиҷаи беэҳтиётӣ" ки додситонӣ алъон алайҳи муттаҳамон матраҳ карда, ҷазои то панҷ сол зиндонро пешбинӣ карда ва моддаи 110 ҳукми аз 12 то 20 сол маҳрумият аз озодиро дар назар дорад.

Равшан Шарипов баъд аз зӯҳри рӯзи 27 апрел ба ҳангоми ифои вазифа дар яке аз хиёбонҳои Душанбе ҳадафи ҳамлаи як ронанда ва ҳамроҳаш қарор гирифта ва баъд аз чанд рӯз дар бемористон даргузашт.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.