Имкони коҳиши зиёни гармоиши ҳаво барои Тоҷикистон

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 16 Январ соли 2012 - 14:28
тағйири ҳаво

Ҳарчанд Тоҷикистон камтарин мизони гозҳои гулхонаӣ ба фазоро партоб мекунад, вале зараре, ки ба ин кишвар дар асари тағйироти иқлимӣ мерасад, бештар аз ҳар кишвари дигар аст

Пажуҳиши гурӯҳе аз олимони NASA ё Созмони Миллии Ҳавонавардӣ ва Фазошиносии Омрико (СМҲФ) иқдомоти пешгирандаеро мушаххас кардааст, ки бо танзими партоби карбуни сиёҳ ва гозҳои гулхонаӣ ба фазо метавонад суръати гармоиши ҳаво ва маргу мири нобаҳангомро пойин ва ҳосили кишоварзиро дар курраи Замин афзоиш бидиҳад.

Ин пажуҳиш 14 роҳи беҳтари танзими партоби гозҳои гулхонаӣ ба фазоро пешниҳод мекунад ва мегӯяд, ки ин равиш метавонад то соли 2050 ҳосили кишоварзиро дар курраи Замин то ба 135 милюн тун дар як мавсим афзоиш бидиҳад.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи олимон, ин равиш аз садҳо ҳазор маргу мири нобаҳангом ҷилавгирӣ мекунад. Бино ба натоиҷи пажӯҳиши олимони СМҲФ аз ин равиш бахусус се кишвари дорои барфу яхи бештар - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия баҳраи бештаре хоҳанд бурд.

Дрю Шиндел, донишманди шинохта ва раҳбари ин тарҳи илмӣ, мегӯяд кашфиёти онҳо роҳҳоеро барои беҳбуди вазъи беҳдошт ва кишоварзӣ дар курраи Замин мушаххас кардааст. Ба гуфтаи олимон, кунтрули партоби гозҳои карбуник ва гулхонаӣ метавонад суръати гармоиши ҳаворо коҳиш бидиҳад.

Гурӯҳи олимоне, ки ин пажуҳишро анҷом додаанд муҳаққиқони Пажуҳишгоҳи улуми фазоии Годдарди вобаста ба Созмони Миллии Ҳавонавардӣ ва Фазошиносии Омрико аст ва натоиҷи ин пажӯҳиш дар маҷаллаи байналмилалии "Sсience" мунташир шудааст.

Дрю Шиндел, раҳбари ин гурӯҳ, ба маҷалла гуфтааст: "Ба ин тартиб, мо нишон додем, ки коҳиши вижаи партобҳое, ки ҳадафи он беҳбуди иқлим аст, ҳамзамон барои саломати инсон ва кишоварзӣ фоидаовар хоҳад буд."

Ӯ афзудааст, ки карбунҳои сиёҳ ва гозҳои гулхонаӣ олудакунандагоне ҳастанд, ки тағйири иқлим дар курраи Заминро шиддат мебахшанд ва ба саломати инсон ва Замин зиён оварда ва ба шакл гирифтани озун боъис мешаванд.

Аммо оқои Шиндел гуфт, ки кашфиёти гурӯҳи муҳаққиқони ӯ бештар аз ҳама аз хатароти ношӣ аз тағйироти иқлим дар Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷилавгирӣ хоҳад кард, зеро ин кишварҳо барфу яхи зиёд доранд ва асароти гармоиши ҳаво бавижа дар ин минтақа зиёд будааст.

Таҳқиқоте, ки коҳиши асароти манфии гармоиши ҳаво дар минтақаи Осиёи Миёна ва Русияро пешбинӣ кардааст, дар ҳоле мунташир мешавад, ки Тоҷикистон кишваре бо камтарин саҳми партоби гозҳои гулхонаӣ ба фазо дар ҷаҳон аст.

Бо дарназардошти ин, соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар яке аз суханрониҳои худ дар нишасти ҷаҳонии марбут ба тағйироти иқлимӣ гуфта буд, ки ҳарчанд Тоҷикистон камтарин мизони гозҳои гулхонаӣ ба фазоро партоб мекунад, вале зараре, ки ба ин кишвар дар асари тағйироти иқлимӣ мерасад, бештар аз ҳар кишвари дигар аст.

Вай ҳамчунин аз кишварҳои санъатие, ки мизони зиёди гозҳои гулхонаиро ба фазо партоб мекунанд, яъне ба раванди тағйири иқлим шиддат мебахшанд, хоста буд, ки ба кишварҳое ба монанди Тоҷикистон, ки ранҷи тағйири ҳаворо бештар мекашанд, ғаромат бипардозанд.

Вай гуфта буд, ки "қурбониёни тағйироти ҷаввӣ" аз назари ӯ кишварҳое бо ҷамъияти андак ва рушди камтари саноеъ ҳастанд, ки дар партоби гозҳои гулхонаӣ саҳми зиёд надоранд, вале бештарин хисоротро аз паёмадҳои тағйири ҳаво мутаҳаммил мешаванд.

Дар моҳи ноябри соли 2010 бар асоси тасмими кумитаи чандинмиллиятии Сандуқи Тағйири Ҳаво, Тоҷикистон дар миёни нахустин се кишваре қарор гирифт, ки дар заминаи муқобала бо хатароти ношӣ аз тағйири ҳаво кумаки билоъиваз мегиранд.

Тоҷикистон, Банглодеш ва Ниҷерия нахустин кишварҳое буданд, ки барномаҳои истротежики худро дар ин замина дар сатҳи миллӣ таҳия карда ва ба Барномаи Озмоишӣ барои Тағйироти Ҷаввӣ (PPCR, Pilot Program for Climate Resilience) ирсол доштанд.

Сандуқи Тағйири Ҳаво ба ин се кишвар 270 милиюн дулор ихтисос додааст, ки 50 милюн дулори он барои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Аз сӯйи дигар бино ба натоиҷи таҳқиқоти олимони СМҲФ, дар айни ҳол кишварҳои Эрон, Покистон ва Урдун бештарин мизони беҳбудӣ дар заминаи ҳосилнокии кишоварзиро таҷруба хоҳанд кард.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.