bbc.co.uk navigation

Боздошти як мақоми пулис ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 16 Январ соли 2012 - 09:41
пулис

Барои бори нахуст аст, ки масъулони бахши мубориза бо маводди мухаддири пулиси Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи ин мавод боздошт мешаванд

Раиси яке аз бахшҳои пулиси Тоҷикистон дар умури мубориза бо маводди мухаддир ба иттиҳоми фурӯши ин мавод ва ришваситонӣ боздошт шудааст.

Манобеъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин хабарро таъйид карданд, вале афзуданд, ки бо ин иттиҳом розӣ нестанд.

Зафар Мирзоев, масъули яке аз бахшҳои Раёсати мубориза бо маводди мухаддири пулиси Тоҷикистон, ахиран аз сӯйи Ожонси мубориза бо фасоди ин кишвар боздошт шудааст.

Як манбаъи огоҳ дар ин ожонс гуфт, ки таҳқиқи парвандаи оқои Мирзоев идома дорад ва ба хотири ифшо нашудани ҷузъиёти он аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ кард.

Вале ба иддаъои вай, ин мақоми пулис худ ба фурӯши маводди мухаддир машғул буда ва сипас, алайҳи афроди харидор парванда боз карда ва аз онҳо ришва меситондааст.

Ин манбаъ афзуд, ки дар пайи ин қазия боз се нафар аз маъмурони ин бахши пулис боздошт шудаанд. Яке аз ин афрод раиси бахши мубориза бо маводди мухаддири пулиси шаҳри Душанбе будааст.

Гуфта мешавад, ки сарҳанг Тоҳирхон Тошев зимни ифои ин вазифа аз як гурӯҳи байналмилаллии кочоқчиён пуштибонӣ карда ва дар қочоқи 42 килуграм маводди мухаддир даст доштааст.

Зимнан, рӯзи душанбеи 16 январ Мансур Бухориев, раиси бахши мубориза бо маводди мухаддири Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз симати худ барканор ва ба раёсати пулиси ноҳияи Ваҳдат таъйин шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи манобеъи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ахиран маъмурони ин ниҳод Амриддин Шарипов, бозраси бахши пулис дар вилояти Хатлонро низ боздошт кардаанд.

Тибқи таҳқиқоти муқаддамотӣ, оқои Шарипов як ҷавонро бегуноҳ боздошт карда ва аз волидайни вай 14 ҳазор дулор ришва ситондааст.

Оқои Шарипов ба ҳангоми гирифтани қисме аз ин маблағ боздошт шудааст. Ҳамзамон чанд маъмури дигари пулиси вилояти Хатлон, ки дар ин қазия мазнун дониста мешаванд, низ боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар тӯли соли гузаштаи мелодӣ Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон 54 мавриди ришваситонӣ ва сӯиистифода аз мақоми хидматӣ аз сӯйи маъмурони пулисро ошкор карда ва бархе аз онҳо муҷозот шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки даст доштани маъмурони интизомӣ дар ришваситонӣ ва қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъа табдил шудааст.

Тибқи гузоришҳои расида, ахиран муъовини раиси яке аз воҳидҳои низомии умури изтирории Тоҷикистон дар шимоли кишвар низ боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки зимни боздошт аз ин мақоми умури изтирорӣ 4,5 килуграм маводди мухаддир кашф ва мусодира шудааст.

Дар гузашта аз мавориди боздошти бархе аз мақомоти амниятӣ, додситонӣ, марзбонӣ ва низомӣ ба занни даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир гузоришҳое шуда буд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.