
Ширкати Энии Итолиё мехоҳад, бобати талабаш аз Эрон битавонад аз ин кишвар нафти хом бигирад
Ширкатҳои итолиёӣ, испониёӣ ва юнонӣ қарордодҳои хариди нафт аз Эрон дар соли ҷории мелодиро тамдид кардаанд ва барои ҳамин ба назар мерасад, фурӯши нафти хоми Эрон ба Иттиҳодияи Урупо дастикам дар нимаи нахусти имсол машмули таҳримҳои қарибулвуқӯъ нашавад.
Бино ба гузориши хабаргузории Руйтерз, ширкатҳои Сорос, Эй-ор-ҷӣ ва Иплуми Итолиё, Ҳеленики Юнон ва Рисули Испониё қарордодҳои хариди нафти хом аз Эронро ё тамдид карда ё қарордоди мавҷуд барои соли 2012-ро фасх накардаанд.
Юнон ҳудуи 40 дарсади нафти мавриди ниёзашро аз Эрон ворид мекунад. Ширкати Сороси Итолиё низ дар соли гузаштаи мелодӣ 10 дарсади нафташро аз Эрон харидааст.
Як харидори нафт барои яке аз полоишгоҳҳои итолиёӣ ба ин хабарнигорӣ гуфтааст: "Мо қарордоди ду солаамон бо Эронро ҳазф кардем. Дар ҳоли ҳозир вазъ ба ҳамон риволи собиқ аст, вале мусалламан мо дар ҳоли баррасии ҷоигузинҳои эҳтимолӣ ҳастем. Дархост аз саъудиҳо барои тавлиди нафти хоми бештар яке аз гузинаҳост."
Бино ба гузориши Руйтерз, Итолиё, Испониё ва Юнон рӯзона 500 ҳазор бушка нафти хом аз Эрон ворид мекунанд ва кулли воридоти Иттиҳодияи Урупо аз Эрон 600 ҳазор бушка аст.
Манобеъи диплумотик ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки ин се кишвари урупоӣ, ки иқтисодашон даврони рукуди бесобиқаеро пушти сар мегузорад, мехоҳанд пас аз тасвиби таҳрими нафтии Эрон барои 12 моҳ муъоф шаванд, то гаронии эҳтимолии нафт ҳазинаи сангине рӯйи дасташон нагузорад.
Аммо манобеъи огоҳ хабар додаанд, ки вақте Вазорати хориҷаи Иттиҳодияи Урупо дар 23 январ барои баррасии таҳримҳои нафтии Эрон дар Бруксел ташкили ҷаласа медиҳанд, дар беҳтарин ҳолат танҳо ба шаш моҳ муъофият барои Итолиё, Юнон ва Испониё ризоят хоҳанд дод.
Ин муъофият низ машмули қарордодҳои мавҷуд хоҳад шуд.
Илова бар хариди нафт, эҳтимолан баъзе аз ширкатҳои урупоӣ, монанди Энии Итолиё, ки дар санъати нафт ва гози Эрон бо қарордодҳои байъ муқобили сармоягузорӣ кардаанд, иҷоза меёбанд талаби худро ба ҷойи пули нақд бо дарёфти нафти хом тавсеъа кунанд.
Таҳримҳои нафтии Иттиҳодияи Урупо дар шароите эълом хоҳад шуд, ки Омрико низ гоми муҳимме ба сӯйи таҳрими ширкатҳои тарафи муъомила бо Бонки марказии Эрон бардоштааст.
Иақомҳои омрикоӣ ба Жопун, Чин ва Куреи Ҷанубӣ сафар кардаанд, то ин кишварҳоро ба коҳиши хариди нафти хом аз Эрон мутақоъид кунанд.
То кунун танҳо Жопун ва Куре мувофиқати усулии худро бо хости Омрико иброз кардаанд, вале Чин сареҳан мухолифонашро иброз кардааст.
Ончи нафти Эронро барои муштариён ҷаззоб мекунад, яке ҳусни собиқаи ин кишвар ба унвони фурӯшандае қобили эътимод аст ва дигаре тахфифҳое аст, ки ба харидорон медиҳад.
Нозирон мегӯянд, ки ҳатто агар Арабистони Саъудӣ битавонанд ҷойи холии Эрон дар бозори нафти ҷаҳонро пур кунанд, аммо баъид аст, ба кишварҳои харидор тахфиф бидиҳад.
Аз ҳамин рӯ тардиде нест, ки ҳар гуна таҳрими нафтии Эрон қимати тиллои сиёҳро боло хоҳад бурд. Дирӯз нигарониҳо аз эътисоб дар Ниҷерия ва буҳрони сиёсии Эрон ва Ғарб қимати нафтро боло бурд.
Ҳар бушка нафти хоми Брент беш аз як дулор афзоиш ёфт ва ба 113 дулор дар ҳар бушка расид.















