bbc.co.uk navigation

Омрико се ширкати хоиҷиро ба далели иртибот бо Эрон таҳрим кард

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 13 Январ соли 2012 - 11:19

Вазорати хориҷаи Омрико эълом кардааст, ки алайҳи се ширакти чинӣ, сенгопурӣ ва иморатӣ ба далели фурӯши фаровардаҳои (маҳсулоти) нафтӣ ба мизони беш аз ҳадди таъйиншуда дар қавонини таҳрими Эрон муҷозотҳоеро эъмол кардааст.

Бар асоси иттилоъияи Вазорати хориҷаи Омрико ширкати чинии Жуҳой Жанрунг, ширкати сенгопурии Кив Упел ва ширкати иморатии Фол ба хотири фурӯши бензин ба Эрон тайи солҳои 2010 ва 2011 машмули муҷозотҳои шомили маҳрумият аз муҷаввизи содироти коло ва хадамот ба Омрико ва дастарсӣ ба эътибороти ниҳодҳои молии ин кишвар шудаанд.

Дар ин иттилоъия таъкид шудааст, ки Иёлоти Муттаҳида бо ҳамкории муттҳидони ин кишвар "ба ворид кардани фишор бар давлати Эрон идома медиҳад, то ин давлатро водор созад ба таъаҳҳудоти ҳастаии худ дар чорчӯби қавонини байналмилалӣ амал кунад."

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.