bbc.co.uk navigation

Бритониё муттаҳам ба фурӯши мушак ба Эронро ба Омрико таҳвил медиҳад

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 13 Январ соли 2012 - 13:20

Додгоҳи олии Бритониё бо дархости давлати Бритониё барои дархости истирдоди Кристуфер Тепинг, шаҳрванди бритониёии муттаҳам ба иқдом ба фурӯши қатаъоти ботрии мушаки Ҳовак ба Эрон мувофиқат кардааст.

Ин бозаргони шасту чаҳорсола зимни радди ин иттиҳом худро қурбонии саҳнапардозии пулиси федероли Омрико, Эф-би-ой, дониста ва гуфтааст, ки касоне, ки бо ӯ дар мавриди судури ин қатаъот ба Эрон музокаира карданд, дар воқеъ маъмурони махфии Эф-би-ой будаанд ва на харидорони эронӣ.

Соли гузашта додгоҳи бадавӣ ба истирдоди Кристуфер Тепинг ба Омрико раъй дод ва бо иброми ин раъй дар додгоҳи олӣ заминаи истирдод ва пайгирди қазоии ин шаҳрванди бритониёӣ дар Омрико фароҳам шудааст.

Дар сурати исботи ин иттиҳом, оқои Тепинг бо муҷозоти ҳадди аксари сиву панҷ сол ҳабс рӯ ба рӯст.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.