
Ширкате олмонӣ мустанадоти тарҳи сохтмони як нерӯгоҳи обии ҷадид дар Мурғобро таҳия кардааст
Ширкате олмонӣ мустанадоти фаннию иқтисодии як тарҳи нерӯгоҳи обӣ дар ноҳияи Мурғоб, дар шарқи Тоҷикистонро, таҳия кардааст.
Қарор аст сохтмони ин нерӯгоҳ дар баҳори соли ҷорӣ оғоз шавад. Дар ин бора Далер Ҷумъаев, раиси ширкати Помир Энержи дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Вай гуфт, ки мустанадоти фаннию иқтисодии ин тарҳ дар моҳи феврал ба Вазорати саноеъ ва энержии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.
Ба гуфтаи оқои Ҷумъаев, дар канори тарҳи нерӯгоҳи ҷадид як нерӯгоҳи кӯҳна низ дар ин ноҳияи дуруфтодаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тармим ва бозсозӣ хоҳад шуд.
Вай афзуд, ки таъмини молии сохтмони нерӯгоҳи ҷадид ва таҷдиди нерӯгоҳи кӯҳнаро низ кишвари Олмон ба ӯҳда гирифтааст. Дар марҳилаи аввал барои иҷрои ин тарҳҳо бонки олмонии мавсум ба "KfW" панҷ милюн юру ихтисос додааст.
Бино ба иттилоъи оқои Ҷумъаев, бо иҷрои ин ду тарҳ дар заминаи нерӯгоҳи "Оқсу", нерӯгоҳи аслии ноҳияи Мурғоб, дар ноҳия ҳудуди 2,8 меговот нерӯи барқ тавлид хоҳад шуд, ки дар қисмати аслии ин ноҳия нерӯи барқро фароҳам хоҳад кард.
Мурғоб аз дурдасттарин нуқоти Тоҷикистон аст. Он бо кишвари Чин, Афғонистон ва Қирғизистон ҳаммараз буда, тавассути дараи Вахон роҳе наздик ба Покистон дорад. Аксари нуқоти маскунии ин ноҳия дар иртифоъи 3600 метр ва аз он баландтар ҷой гирифтаанд.
Соле тақрибан ҳашт моҳро дар ин ноҳия фасли сармо ташкил медиҳад. Аз сабаби камии об, уксижен ва сардӣ дар ин минтақа дарахтон тақрибан намерӯянд. Дар ин ҷо мазраъа вуҷуд надорад ва мардум рӯзиашонро аз домпарварӣ ҳосил мекунанд.

Далер Ҷумъаев мегӯяд, ки иҷрои тарҳҳои ҷадид дар баҳори оянда шурӯъ хоҳанд шуд
Ба гуфтаи Султан Парманов, як сокини маркази ноҳияи Мурғоб, камбуди барқ яке аз мушкилоти аслии ин ноҳия аст. Бино ба суханони ӯ, аз куллияи аҳолии ноҳия танҳо сокинони маркази ноҳия ба барқ дастрасӣ доранд.
Аммо оқои Парманов меафзояд бо барқе, ки аз неругоҳи обии Мурғоб ироа мешавад, ҳатто таъмини рушноӣ дар хонаҳо душвор аст. Ӯ мегӯяд дар рӯшании ин чароғи барқӣ ҳатто китобхонӣ низ ғайримумкин аст. Ба гуфтаи вай, ҳеч як аз асбобу афзори барқии хонаааш бо ин барқ кор намекунанд.
Вале ба гуфтаи Ҷумъа Мизробов, як корманди масъули неругоҳи кӯчаки обии Мурғоб, ҳақиқатан ҳам ин нерӯгоҳ имрӯз қудрати онро надорад, ки барои сокинони маркази ноҳия барқи бокайфиятро таъмин кунад.
Ба замми ин, тавони фаннии ин нерӯгоҳ хеле заъиф аст. Ӯ гуфт: Ҳоло ба ҳар як хонаводаи маркази ноҳия баъди як шабонарӯз фақат дар тӯли ҳашт соъат барқ ироа мешавад."
Аз сӯи дигар, Латиф Шоҳзодаев, мудири бахши иқтисоди вилояти Кӯҳистони Бадахшон, мегӯяд дар ҳоли ҳозир ноҳияи Мурғоб тавассути гузаргоҳи Кулма миёни Точикистон ва Чин ба яке аз маҳаллоти муҳиммиин кишвар табдил ёфтааст.
Вуҷуди маъодини зиёд дар қаламрави ин ноҳия ва коркарди онҳо ба тавлиди неруӣ барқ ниёз доранд. Ӯ афзуд бо таваҷҷӯҳ ба аҳаммияти ин минтақа тобистони соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, аз Мурғоб ва бахусус аз маҳали сохтмони нерӯгоҳи обӣ дар рӯдхонаи Оқсу дидан кард.
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ нерӯи барқ дар маҳаллоти маскунии дурдасти Мурғоб тавассути нерӯгоҳҳои кӯчаки дизелӣ таъмин мешуданд. Вале ба гуфтаи иқтисоддонҳои маҳаллӣ, ҳоло фаъъол кардани ин нерӯгоҳҳо ба далели хеле гарон будани нархи сӯзишвории дизелӣ дар қаламрави Бадахшон душвор аст.

Ба далели камбуди нерӯи барқ мардуми Мурғоб бо мушкил мувоҷеҳ ҳастанд
Султон Парманов дар ин бора мегӯяд: "Беш аз бист сол аст, ки тақрибан 80 дарсади аҳолии Мурғоб ба барқ дастрасӣ надоранд."
Ба ақидаи ӯ, норасоии барқ ба зиндагии иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангии ин ноҳия таъсири манфӣ мерасонад.
Ба гуфтаи Ҷумъа Мизробов, нерӯгоҳи обии Мурғоб соли 1964 сохта шуда ва хеле кӯҳна ва фарсуда шудааст. Иқтидори имрӯзаи он ҳатто барои таъмини барқ барои 200 хонавода кофӣ нест.
Вале он гуна, ки Далер Ҷумъаев афзуд, иҷрои ду тарҳи ширкати Помир Энержӣ дар заминаи таъмини барқ барои аҳолии Мурғоб имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоъӣ ва иқтисодии ин минтақа бамаротиб беҳтар шавад.
Ба гуфтаи ӯ, иҷрои ин тарҳҳо имкон медиҳад на танҳо хонаводаҳо ба барқ дастрасӣ ёбанд, балки дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои зиёди тавлидӣ ба фаъъолият оғоз хоҳанд кард.
Ширкати Помир Энержӣ соли 2002 тибқи як қарордоди боимтиёз миёни давлати Тоҷикистон, Сандуқи Оқохон ва Иттиҳодияи Байналмилалии Молӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Ҳадафи аслии ин ширкат таъмини энержӣ дар вилояти дуруфтодаи Бадахшон аст.
Аз соли 2008 бад-ин сӯ ин ширкат барои бархе аз рустоҳҳои дуруфтодаи Бадахшони Афғонистон низ нерӯи барқро таъмин мекунад.















