bbc.co.uk navigation

Русия иртиботи қазияи халабонҳо ва озодии шаҳрванди Тоҷикистонро рад кард

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 13 Январ соли 2012 - 16:54

Вазорати умури хориҷаи Русия бо интишори баёнияе иртиботи озодии Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон бо озодии ду халабон, яке шаҳрванди Русия ва дигаре шаҳрванди Эстуниро рад кардааст.

Рустам Ҳукумов соли 2008 ба занни иртибот бо қочоқи маводи мухаддир дар Русия боздошт шуда буд. Додгоҳ ӯро ба нуҳу ним соли зиндон маҳкум кард. Моҳи январи соли 2011 додгоҳи истинофӣ оқои Ҳукумовро озод кард.

Дар баёнияи вазорати хориҷаи Русия омадааст дар ин авохир гузоришҳое дар бархе аз расонаҳо мунташир шудааст, ки тасмими ниҳодҳоӣ қазоии Русия дар мавриди лағви ҳукми додгоҳ нисбати қазияи муъомилаи маводи мухаддири марбут ба Рустам Ҳукумовро ба озодии халабонҳо Владимир Садовничий, шаҳванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстунӣ иртибот медиҳанд.

Вазорати хориҷаи Русия афзудааст қотеъона вуҷуди ҳар гуна иртибот миёни ду қазияро рад мекунад.

Вазорати хориҷаи Русия таъкид кардааст, ки ҳукми додгоҳи Тоҷикистон нисбати ин ду халабон асосе надорад ва барои лағви комили он ва табрааи комили оқоён Садовничий ва Руденко талош хоҳад кард.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.