bbc.co.uk navigation

Барканории Абдуҷаббор Раҳмонов аз симати вазири маъориф

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 10 Январ соли 2012 - 06:34
Раҳмонов

Барканории оқои Раҳмоновро мухолифонаш аз дер боз интизор доштанд

Абдуҷаббор Раҳмонов аз симати вазири маъорифи Тоҷикистон барканор ва ба раёсати Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таъйин шуд.

Ба ҷойи ӯ Нуриддин Саидов, раиси собиқи донишгоҳи миллӣ, ба вазорати маъориф таъйин шуд.

Президент Раҳмон фармонҳои барканории оқои Раҳмонов ва интисоби оқои Саидовро рӯзи сешанбеи 10 январ содир кардааст.

Тибқи як фармони раиси Ҳукумати Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев раиси донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин шуд. Дар гузашта оқои Одинаев муъовинати раиси ин донишгоҳро бар ӯҳда дошт.

Барканории оқои Раҳмонов дар ҳоле сурат мегирад, ки бисёре аз расонаҳои дохилии Тоҷикистон истеъфои вазири маъорифи Тоҷикистонро як амри зарурӣ дар бахши ислоҳоти кодрӣ меномиданд.

Сойти интернетии хабаргузории “Tojnews” эълом кардааст, ки дар пайи як назарсанҷии хонандагони ин сойт 21,8 дарсади пурсидашудагон хостори истеъфои оқои Раҳмонов шудаанд.

Абдуҷаббор Раҳмонов, ки тайи ҳудуди даҳ соли ахир раҳбарии бахши омӯзишу парвариши Тоҷикистонро бар уҳда дошт, бо манъи пӯшиши либоси исломӣ дар мадорис ва донишгоҳҳо, манъи мондани риш барои устодон, лағви баргузории маросимҳои “Иди Алифбо”, “Занги охирин”, манъи истифода аз телефунҳои ҳамроҳ барои шогирдони мадорис аз шахсиятҳои ҷанҷолофарин маҳсуб мешуд.

Мунтақидони оқои Раҳмонов пайваста аз вазъи маъорифи кишвар интиқод карда ва фаъъолияти ба гуфтаи онҳо ғайримуассири ӯро аз авомили пойин рафтани сатҳи дониши шогирдон ва донишҷӯён унвон мекарданд.

Оқои Раҳмонов низ дар нишасти матбуъотии охирини худ ба унвони вазири маъориф, ки рӯзи душанбеи 9 январ баргузор шуд, вуҷуди мушкилоти фаровон дар арсаи маъорифро таъйид кард.

Бо фармони дигари худ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимовро раиси Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон таъйин кардааст.

Ин симат дар ҳафтаи гузашта баъд аз пешниҳоди номзадии Ҳайбулло Латипов, раиси пешини ин ниҳод, ба муъованати дабири Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ холӣ шуда буд.

Хайриддин Абдураҳимов солҳои тӯлонӣ дар симати раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифои вазифа карда буд.

Вале дар моҳи августи соли 2010 баъд аз фирори гурӯҳк 25-нафарӣ аз маҳбусони боздоштгоҳи ин кумита дар маркази шаҳри Душанбе, оқои Хайриддинов аз раҳбарии ин ниҳоди умда дар сохтрои амнияти кишвар барканор шуд.

Президент Раҳмон ҳамчунин Бобохон Маҳмадовро ба симати раиси Маркази мутолеъоти истротежики вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин кардааст.

Дар авохири соли гузашта Сӯҳроб Шарипов, раиси пешини ин марказ, намояндаи порлумон интихоб шуд. Бархе аз соҳибназарон гуфтанд, ки оқои Шарипов ба далели интиқодҳояш аз давлат “ба порлумон бадарға” шудааст.

Бобохон Маҳмадов, ки то соли 2010 дар симати сафири Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ифои вазифа мекард, аз чеҳраҳои саршинос дар сиёсати Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Вай солҳои зиёде симати вазири фарҳанг ва раиси Кумитаи родию ва телевизиюнро бар ӯҳда дошт. Мунтақидонаш оқои Маҳмадовро кодри “тарбиятёфтаи замони шӯравӣ” арзёбӣ мекунанд.

Зимнан, фармонҳои ахири Президент Раҳмон бахше аз раванди ислоҳоти кодрӣ дар кобинаи давлати Тоҷикистон аст, ки ҳафтаи гузашта оғоз шуда буд. Ба эътиқоди коршиносон, то 18-уми январ, рӯзе, ки баргузории ҷаласаи кобинаи давлат дар назар аст, ин раванд идома хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол, баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 10 январ Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси Ҳукумати Тоҷикистон чанд фармони дигаре содир кард, ки бар мабнои онҳо гурӯҳе аз занҳо ба вазифаҳои давлатӣ интисоб шудаанд.

Аз ҷумла, Манзура Маҳкамова, ки дар гузашта аз мушовирони иқтисодии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба муъовинати раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва дороиҳои Тоҷикистон таъйин шуд. Ҳамзамон Шӯҳратҷон Раҳматбоев муъовини аввали раиси ин кумита интисоб шуд.

Бо фармони дигари раиси Ҳукумати Тоҷикистон Шукрулло Раҳимназаров аз вазифаи муъовини вазири кишоварзӣ барканор ва ба ин симат Ҷамила Саидова мансуб шудааст.

Ҳамчунин оқои Раҳмон Марҳабо Олимоваро ба муъовинати раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон таъйин кардааст. Бо фармони раиси Ҳукумат Елена Лашкарбекова муъовини раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва Каромат Саидова муъовини раиси Ожонсии истондорди ин кишвар таъйин шудаанд.

Тибқи фармонҳои дигар, Татяна Насимова муъовини раиси Идораи мухобироти Тоҷикистон ва Марҳабо Султонова муъовини раиси кулли корхонаи коммуналӣ-манзилӣ таъйин шудаанд.

Ба ин тартиб, Президент Раҳмон, ки ҳамзамон раиси Ҳукумат низ мебошад, сиёсати пешини худ дар бораи "Боло бурдани мақоми зан дар ҷомеъа"-ро амалӣ сохта ва теъдоде аз занҳоро ба симатҳои мухталиф интисоб кардааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.