Вазири маъорифи Тоҷикистон гуфтааст, ки 80 нафар аз шогирдони қаблии марокизи омӯзишии исломӣ давраҳои бозсомӯзиро дар ин кишвар пушти сар мекунанд.
Абдуҷаббор Раҳмонов дар нишасти матбуъотии вазорат, ки рӯзи рӯзи душанбеи 9 январ баргузор шуд, ин иттилоъоро дар ихтиёри хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ гузошт.
Оқои Раҳмонов афзуд: Ин шогирдон умдатан дар навоҳии Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор ва шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд ва дар макотиби ин навоҳӣ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳоло ин шогирдонро ҳуруфи сирилик меомӯзонем.
Вазири маъориф ҳамчунин гуфт, ки донишҷӯёни дигаре, ки аз кишварҳои арабӣ ва Покистон бозгардонида шудаанд, ва иштиёқи таҳсил дар донишгоҳҳои исломиро доштанд, дар Донишгоҳи исломии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд.
Ба гуфтаи вай иддае низ барои таҳсил бо хоҳиши худ таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи Тоҷикистонро ихтиёр кардаанд.
Дар авохири соли 2010 ва авоили соли 2011 баъд аз суханронии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди бозгардонидани ҷавонони тоҷик аз кишварҳои хориҷӣ, давлати ин кишвар ҳудуди як ҳазор кӯдак ва ҷавононеро, ки дар бархе аз кишварҳои хлоиҷӣ аз ҷумла Миср машғули таҳсил дар донишгоҳҳои исломӣ буданд, ба ватан бозгардонид.
Ба дунболи ин иқдоми давлати Тоҷикистонро бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ва аз ҷумла Вазорати хориҷаи Омрико дар гузоришҳояшон аз Тоҷикистон барои коҳиши сатҳи озодии мазҳабӣ дар ин кишвар интиқод кардаанд.















