Хушназар Майбалиев - марҳаласоз дар теотр

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 10 Январ соли 2012 - 12:07
Хушназар Майбалиев

Қарор буд Хушназар Майбалиев дар аввали соли ҷорӣ намоишномаеро бар асоси "Боғи олболу"-и Антон Чехов рӯйи саҳна орад

Хушназар Майбалиев тамоми умри пурбори хешро сарфи ҳунар ва зебоӣ, сарфи тарбияи маънавии ҷомеъа, сарфи ҳунари касбии теотр кард. Ӯ аз сарсупурдатарин ходимони фарҳанг ва ҳунари асил буд, ки дар ин ҷодаи басо душвор, вале пурифтихор, содиқонаву бошарафона хидмат намудааст.

Шоми 30-уми декабри соли 2011 қалби пурэҳсоси яке аз арбобони намоёни ҳунари теотрии тоҷик, коргардони маъруфи теотри Тоҷикистон, устод ва мурабии даҳҳо истеъдодҳои баркамол ва ҳунрпешагони шинохта, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев баъди бемории сангин аз тапиш боз монд.

Оқои Майбалиев марди хушдилу хушзамир, хушзавқу хушсалиқа, хушфеълу хушназар, инсони шарифу дилогоҳе буд, ки ҳаёти хешро комилан ба фарҳангу ҳунар бахшидааст.

Ӯ аз зумраи коргардонҳои тавонои теотри шӯравӣ буд, ки бо вуруди худ ба олами ҳунари теотри тоҷик, ба ин муҳит насими тозае, ангезаи наве ворид сохт.

Ҳар як намоиши таҳиякардаи ӯ бо бори маъниву ҳикмат, бо арзишҳои бадеӣ ва талқини ғояҳои баланди умумибашарӣ, бо инъикоси андешаву афкор, зиндагии пуршӯрӯ пурсавдо, розу ниёзҳо ва ҷаҳони ботинии инсон падидае буд, ки тамошогарро ба сӯи хайру накӯӣ ҳидоят менамуд.

Хушназар Майбалиев чун устод ва омӯзгор дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо низ шогирдони зиёдеро ба воя расонда, ба роҳи мураккабу душвор, вале пурифтихори ҳунар раҳнамун сохтааст. Саҳми устодонаи ӯ ҳам дар теотрҳои дром ва ҳам халқии кишвар ва умуман, дар ҳама риштаҳои фарҳангу ҳунари кишвар назаррас будааст.

Хушанзар Майбалиев мутаваллиди деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Бадахшон зери таъсири муҳити хонаводагӣ баъди хатми мактаби миёна ба гурӯҳи овозадори этнографии овозхонӣ ва рақси "Помир"-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон шомил гашта, завқу эҳсоси зебошиносии худро нахуст дар заминаи ҳунарҳои шифоҳии мардумӣ дар ҳамин гурӯҳ такмил дод.

Хушназар Майбалиев

Пас аз хатми мактаби миёна Хушназар ба гурӯҳи овозадори этнографии овозхонӣ ва рақси "Помир"-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон шомил шуда буд

Баъди 6 соли фаъолият (1956-62) дар ҳайъати ин гурӯҳ ӯ барои таҳсил дар риштаи коргардонӣ ба Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Маскав раҳсипор шуд. Баъди ду соли таҳсил дар ин донишкада ӯ бо тавсияи дӯстон ба факултаи режиссёрии Донишкадаи давлатии ҳунари теотрии ба номи Луначарский (ГИТИС) дохил гардида, нозукиҳои ҳунари ҳирфаии коргардониро аз коргардони шӯҳратёри шӯравӣ Анатолий Эфрос меомӯзад.

Хушназар Майбалиев пас аз хатми ин донишкада дар соли 1969 ба фаъолияти коргардонии худ дар Теотри давлатии академии дром ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, дар Душанбе оғоз мекунад.

Аввалин намоише, ки ӯ ба саҳнаи ин теотр гузошт кори дипломии ӯ "Дуэл", асари Мар Бойҷиев (адиби маъруфи қирғиз) мебошад. Коргардони навҷӯю тозаандеш бо дидгоҳи ҷадид дар фаъолияти коргардонии теотри миллии тоҷик марҳилаи наверо оғоз бахшид.

Қаблан дар саҳна намоишномаҳо бештар бо сабки румонтик ва риояи комили пайнавиштҳо (ремарка)-и муаллифон таҳия шуда, ҳунарпешагон нақшҳои худро бо оҳанги хос (пафос)-и теотрӣ иҷро карда ва хислату рафтори қаҳрамононро барҷаста ба намоиш мегузоштанд.

Пас аз омадани Майбалиев дар кори эҷодии теотр равоншиносӣ ва ҷаҳони ботинии қаҳрамонон, воқеаҳо ва образҳо, бархурди хислатҳо таҳлил мешуданд ва ба маънӣ ва ҳадафу мақсад тобеъ гаштани шакл, ороиш, мусиқӣ ва дигар унсурҳои саҳнавӣ басо қавӣ гардид - мактаб ва лабораторияи нави коргардонӣ арзи ҳастӣ намуд.

Дар асарҳои теотрии он давра вижагии дромнавис тавассути бозии ҳунарпешагон бо роҳнамоии коргардонҳо комилан ҳифз мегардид. Вале агар дромнавис муаллифи намоишнома (пйеса) бошад, пас режиссёр муаллифи намоиш (спектакл) аст.

Майбалиев

Оқои Майбалиев марди хушдилу хушзамир, хушзавқу хушсалиқа, хушфеълу хушназар, инсони шарифу дилогоҳе буд

Ба ин маънӣ Майбалиев мақому ҷойгоҳ ва ҳуввияти Теотри давлатии академии дром ба номи Лоҳутиро ба сатҳи ҷадиди касбӣ баровард, теотри ҳунармандро ба теотри коргардон табдил дод.

Устод дар мусоҳибаи охирини худ рӯзҳои аввалини кори эҷодии худро ёдовар шуда гуфта буд: "... насли калонсоли ҳунармандон ҳангоми иҷрои нақш ба нутқи пурҷӯшу хурӯш ва тарзи гуфтори мутантан (пафос) одат карда буданд ва қолабҳои кӯҳнаро шикастан заҳмати зиёдеро тақозо дошт. Аз таҳияи «Дуэл» шурӯъ карда мо дар ҳамкорӣ бо ҳунарпешагони насли нав тадриҷан ба он ноил гаштем, ки дар саҳна сохтакорӣ ва румонтизми ҳавоиро камтар кунем."

Он тавре, ки теотрҳои маъруфу номдори дунёро бо исми коргардонҳои шӯҳратёри онҳо ном мебаранд, масалан театри Вахтангов, театри Любимов, театри Мейерхолд, театри Эфрос, театри Товстаногов, театри Марҷонашвили ва ғайра солиёни зиёд теотри ба номи Лоҳутиро, ба хусус замоне, ки оқои Майбалиев саркоргардони он буд, "Теотри Майбалиев" меномиданд.

Далели ин гуфтаҳо бештар аз 40-намоиши таҳиякардаи ӯ мебошанд, ки бо арзишҳои баланди бадеӣ, ҳикмату фалсафаи хоси худ, тобишҳои равоншиносӣ, умқи маънӣ ва дромотизми ботинии қаҳрамонон, хислатҳо, бархурдҳо, ороиши саҳнавию мусиқӣ ва дигар аносири теотрӣ аст, ки ҳар кадом саҳифае тозаву рангин ва ҷолибу мондагорро барои теотри миллии тоҷик боз намуда, дар тарбияи маънавии ҳазорон тамошогари тоҷик хидматҳои пурарзише кардааст.

Асарҳои таҳиянамудаи ӯро ба чандин бахшу қисмат ва фаъолияти эҷодии ӯро дар ҷабҳаҳои мухталиф метавон арзёбӣ кард. Аз ҷумла ду самти муҳимми фаъолияти коргардонии ӯ - таҳияи асарҳои дромнависони миллӣ ва рӯи саҳна овардани асарҳои дромнависони рус ва хориҷӣ аст.

Дар фазои ҳамкории судманди эҷодӣ бо дромнависони тоҷик ва таҳияи асарҳои эшон, ӯ дар рушду камолоти дромнависии миллӣ саҳми босазо гузоштааст.

Масалан, кори аввалини дипломии ӯ дар саҳнаи Теотри дром ва мусиқии шаҳри Хоруғ аз рӯи асари Мирсаид Миршакар «Бахти шумо, бахти ман» соли 1968 таҳия шуда буд. Дар саҳнаи теотри Лоҳутӣ ӯ бо таҳияи асарҳои «Корвони бахт», «Вафо ба аҳд» (М. Миршакар), «Дасти дӯст» (М. Назаров), «Беватан», «Ҳақиқати талх» (С. Сафаров), «Ҳуррият», «Фарёди ишқ» (Ғ. Абдулло), «Лаҳзаи ҷовид», «Захми забон» (М. Бахтӣ), «Бо имзои доҳӣ» (А. Атобоев), «Ибтидо» (А. Ҳамдам) ва дигарон дар жонри дроми миллӣ таҳаввулотеро эҷод намуд.

Хушназар Майбалиев

Хушназар Майбалиев коргардониро дар Донишкадаи номии ҳунари теотри ба номи Луначарский дар Маскав омӯхт

Ҳамкории дромнавис бо коргардоне, ки асосҳои дром ва илмии ҳунари теотрро хуб медонист, самараи дилхоҳ ба бор меовард.

Барои мисол офарида шудани намоиши «Фарёди ишқ»-и Ғанӣ Абдулло аз рӯи достони «Дувалронӣ ва Хизрхон»-и Амирхусрави Деҳлавӣ ёдовар шудан кофист. Фоҷеъаи ишқи пок, драматизми баланд дар заминаи ихтилофҳои мазҳабӣ ҳирси ҷоҳу мансаб, талош барои тоҷу тахт-ин аст мавзӯъ ва хатти сужаи асар аст.

Ин асар дар таҳияи Майбалиев то ба ҳадди як фоҷеъа ва мавзӯъи доғи умумибашарӣ расонида мешавад. Иде, хатти амалиёти қаҳрамонон ва суръати таҳаввулоту ҳодисаҳо бо зуҳури хор ва ҳикматҳои пурбаҳои «Тутии Ҳинд» (А. Деҳлавӣ) қавитару гӯётару равшантару муассиртар ҷараён меёбанд.

Суханони пурҳикмати драматурги Юнони бостон Урипид, ки гуфта буд, «Фоҷеъа мисли ҳаммом одамонро шуста пок мегардонад» дар ин намоишнома комилан собит шуд. Ин намоишнома бештар аз 30-сол рӯи саҳна буд ва чандин насли ҳунармандони театр дар он нақш бозида, ҳунару истеъдоди хешро дар мактаби эҷодии Майбалиев сайқал додаанд. (Сад афсӯс, ки ин тифли нозпарварди коргардони беназири тоҷик қабл аз фавти офарандааш саҳнаро тарк гуфт ва шояд яке аз сабабҳои бемориву марги ногаҳонии коргардони ҳассосу нозукзамир аз намоиш боз мондани чунин офаридаҳояш буда бошад).

Намоишҳое мисли «Машварат»-и А. Гелман, «Лавҳаи инқилобӣ»-и М. Шатров, «Писари калонӣ»-и А. Вампилов, «Марати бечораи ман»-и А. Арбузов, «Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ниёзӣ, «Ревизор»-и Н. Гогол, «Антигона»-и Ж. Онуй, «Ваня-тағо»-и А. Чехов, «Дод аз дасти ақл»-и А. Грибоедов, «Сид»-и Корнел, «Сиёҳ ва сафед»-и Ж. Сартр, «Раду барқ»-и Тсао Юй ва ғайра тамошобини тоҷикро бо арзишҳои волои адабиёти ҷаҳонӣ ва теотри муосир ошно сохт.

Аввали солҳои 70-уми асри гузашта, ки банда донишҷӯ будам, хуб ёд дорам, ки ба бисёр нахустнамоишҳои асарҳои таҳиякардаи Майбалиев билет пайдо кардан осон набуд. Теотр қадамгоҳи адибону олимон, омӯзгорону донишҷӯён ва аксари кулли зиёиёни кишвар гашта буд ва ҳазорон алоқаманди ин ҳунари воло ошиқона, бо амри дил ба теотр меомаданд.

"Ревизор"-и адиби бузурги рус Н. В.Гоголро дар бисёр саҳнаҳои бузурги дунё коргардонҳои шӯҳратёри театри ҷаҳонӣ гузошта, ҳар кадом тавассути таҳияи он сухани наве гуфта, андешаву ҳадафҳои хешро талқин кардаанд. Ба ақидаи бисёр ҳунаршиносони маъруфи шӯравӣ "Ревизор" дар таҳияи Майбалиев дар таърихи ба саҳна бурдани ин асари безавол, яке аз беҳтаринҳо буд.

Хушназар Майбалиев

(Аз чап ба рост) Аслӣ Бурҳонов, Мирсаид Миршакар, Хушназар Майбалиев

Ҷанбаи дигари фаъолияти эҷодии Хушназар Майбалиевро ҳамчун коргардон ва устод дар тарбияву ба камолоти эҷодӣ расидани даҳҳо истедодҳои соҳибзавқу хушсалиқа метавон арзёбӣ кард. ӯ дар теотри тоҷик мактабу сабки нави ҳунари коргардониро роиҷ сохт, ки дар он коргардонҳое чун Фаррух Қосимов, Давлат Убайдуллоев, Баҳодур Миралибеков, Мирзоватан Миров, Ориф Набиев, Шералӣ Абдулқайсов ва чандин дигарон тарбияву камол ёфта худ ба мақоми устодӣ расиданд.

Насли баъдинаи ҳунармандони тоҷик ва ҳатто зумрае аз насли кӯҳансол низ худро бо муҳаббату ифтихор шогириди устод Хушназар Майбалиев меҳисобиданд. Устод дар тӯли фаъолияти эҷодии худ ба ҳайси роҳбари бадеии теотр ё худ коргардони қаторӣ ҳеҷ гоҳ донишу истеъдод ва меҳри падаронаи худро аз гурӯҳи эҷодӣ, коргардонҳову ҳунарпешагон дареғ намедошт...

Ӯ чунон нармдилу меҳрубон буд, ки дар ягон ҳолат садо баланд намекард. Бо нармиву хушгуфторӣ ба ҳунармандон вазифаву мақсад ва ҳолати ботинии қаҳрамонро вобаста ба воқеаҳо шарҳ медод. Гаштаву баргашта бо таҳлили амиқи ҳодисаву ҳолатҳо, хатти маши нақши ҳар қаҳрамононро ва ҷавҳари идеи асарро бо тамкиниу таҳаммул ба ҳунармандон ошно месохт.

Хушназар Майбалиев дар мусоҳибаҳояш таъкид карда буд - "Кор бо актёр яке аз вазифаҳои асосии коргардон аст", "устодам А. В. Эфрос таъкид мекард, ки коргардон бояд бо ҳунарпеша бо эҳтиром ва муҳаббат муносибат кунад". ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки ҳунарпешаи асил мисли шоъир аст ва нақши меофаридаи ӯ мисли шеър бояд таъсирбахшу зебо бошад.

Бале, ҳар як намоиши таҳиямекардаи ӯ низ шоъирона ва орифона буд. Худ низ шоъирона ва ошиқона зист ва аз худ нақшу осор ва хотироти накӯе мисли шеъри ноб боқӣ гузошт...

"Тамоми билетҳо фурӯхта шудаанд"...

Зимистони соли 1977 мо, донишҷӯёни соли 3-уми шӯъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба шаҳри Маскав барои таҷрибаомӯзӣ ба "ГИТИС" раҳсипор гаштем. Фаъолияти ҳаррӯзаи мо дар тӯли як моҳ асосан тамошои намоишҳо дар теотрҳои Маскав буд.

Рӯзе дар барномаи теотри "На малом Броне", ки бо номи теотри Эфрос маъруф аст, эълони намоиши «Отелло»-и Шекспирро дида, азм кардам, ки ҳатман онро бояд тамошо кунам. Мо аллакай медонистем, ки дар Маскав ба тамошои ин ё он намоиш билет ёфтан кори басо сангин аст. Аз ин рӯ ман ба назди хазинаи теотри Эфрос қариб се соат пеш аз намоиш ҳозир гашта, интизорӣ кашидам.

Даричаи хазинаҳо баста ва дар оинаашон эълони зерин часпонида шуда буд: "Тамоми билетҳо фурӯхта шудаанд". Тибқи мушоҳида ва шеваи чандрӯза ман худро ба тирезаи дафтари сармаъмур ҷафс карда, «хирагии эҷодӣ»-и худро давом додам. Сармаъмур бо қатъият хоҳишу исрори маро рад мекард, ки ягон илоҷе надорад, зеро билетҳо кайҳо фурӯхта шудаанд.

Хушназар Майбалиев

Хушназар Майбалиев яке аз шогирдони Анатолий Эфрос, коргардони номии даврони шӯравӣ буд

Аммо лаҳзае пас худи Эфрос вориди ҳуҷраи сармаъмур гашта, ба ӯ дастуру супорише дод. Ин лаҳза марде дигар аз паҳлӯи ман ба равзана наздик шуду гуфт: "Анатолий Василевич, пайёму дуруди ӯзбакистонро бипазиред" ва бо амри А. Эфрос соҳиби билети беҷой гардид.

Ман низ ҷуръат пайдо карда бо садои баланд ба ӯ аз Тоҷикистон, аз шогирдаш Хушназар Майбалиев салом гуфтам ва аз ӯ билет хостам. Коргардони машҳур бо табассум аз шогирдаш Майбалиев пурсон шуд ва ба сармаъмур фармуд, ки ба ман ройгон билети беҷой бидиҳад. Ин барои мани роҳҷӯи ҳунар беҳтарин туҳфаи тақдир ва лаҳзаи хушбахтӣ буд...

Соли 1978 банда бо роҳхати Вазорати фарҳанг ба Теотри ба номи Лоҳутӣ ба кор омадам ва аз зумраи хушбахтоне будам, ки аз баракати ҳунару истеъдод, донишу таҷриба, меҳру самимияти падаронаи Хушназар Майбалиев бархурдор гаштам.

Устодро чун коргардону мураббӣ, шахсияти наҷиби дорои донишу фарҳанги воло, тамкину хоксорӣ, нармдиливу хушсуханӣ, меҳрубониву хайрхоҳӣ бештар шинохтам.

Ҳамаи аҳли теотр, тамоми ҳунарпешагони теотрҳои пойтахт ва театрҳои касбиву халқӣ, ки аз сабақу меҳри устодонаи ӯ бархурдор гаштаанд, ӯро бо муҳаббату эҳтироми бепоён дар ғоибу ҳузураш «муаллим» меномиданд.

Рӯзи 25-уми апрели соли 2008 70-умин солгарди тавалуди Хушназар Майбалиев дар саҳнаи теотри Лоҳутӣ ҳамчун ҷашни фарҳанги воло ва ҳунару зебоӣ хотирмон баргузор шуд. Дар арафаи ин ҷашн банда бо устод мусоҳиба анҷом дода будам, ки дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» чоп шуда буд. Овардани чанд иқтибосеро аз гуфтаҳои устод ин ҷо ба маврид мешуморам:

Порае аз сӯҳбатҳои устод

«Орзу дорам, ки дар теотр симои зебои миллати азизамро дар ҳамдиливу ягонагӣ баҳри амалӣ сохтани ормонҳои бузурги ниёгонамон бубинам. Намоишеро орзу дорам, ки тамошобин дар вай сухани навро эҳсос кунад. Чуноне ки Носири Хисрав фармудааст:

Нав кун суханеро, ки куҳан шуд ба маонӣ,

Чун хоки куҳанро ба баҳор абри гуҳарбор.

Намоишеро, ки дар он бинанда қудрати суханро дарк созад, зеро ба қавли Ҷомӣ:

Сухан аз арши барин омадааст,

Баҳри покон ба замин омадааст.

Фазли килку шарафи нома ба ӯст,

Ақлро гармии ҳангома ба ӯст.

Хушназар Майбалиев

Шоми 30-уми декабри соли 2011 қалби ин арбоби намоёни ҳунари теотр ва барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ аз тапиш боз монд

Антон Чехов гуфта буд, ки "Маъниҳои нав шакли навро тақозо доранд". Аз ин лиҳоз тамошобини имрӯзаро ба шаклҳои нави мавҷноки ҳавасангез намоишҳо ҷалб бояд кард."

Устод Майбалиев қариб як сол барои таҳияи намоишномаи "Боғи олуболу"-и Антон Чехов ва бо шаклу маънии нав рӯйи саҳна овардани он омодагӣ мегирифт...

Даҳшатҳои ба сари миллат омада, нобаробариву беадолатиҳо, дурӯғу ҳуққабозиҳои замон, ахлоқи зишту фарҳанги паст дар ҷомеъа ва ба ин монанд зуҳуроти номатлуб устодро бармаҳал пир кард, қалби ҳассоси ӯро озурдаву захмӣ сохт...

Устод ормонҳои зиёдеро, нияту орзуи саҳнавӣ кардани асарҳои баландғояеро бо худ ба хок бурд...

Эй чарх, ҳама харобӣ аз кинаи туст,

Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.

В-эй хок, агар синаи ту бишкофтанд,

Бас гавҳари бебаҳо, ки дар синаи туст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.