Модари чаҳорқулӯҳои бомиёнӣ дар сӯги фарзандон

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 09 Январ соли 2012 - 12:02

Дар зимистон бештари модарон ё ба дармонгоҳҳо дастрасӣ надоранд ё ба далели фақри иқтисодӣ наметавонанд ба дуктур муроҷеъа кунанд

Пизишкон дар маркази вилояти (устони) Бомиён гуфтаанд, зане, ки ахиран дар ин вилоят чаҳоргонагӣ (чаҳорқулӯ) ба дунё оварда буд, ҳар чаҳор кӯдакашро аз даст дода ва худаш ҳам ба шиддат дучори сӯтағзия аст.

Масъулони идораи сиҳҳат (беҳдошт) дар бомиён гуфтаанд, ин хонум, ки Вазир ном дорад, 38-сола аст ва дар вулусволии (шаҳристони) дуруфтодаи Варс зиндагӣ мекунад, масъулони як дармонгоҳи маҳаллӣ дар Варс мегӯянд, вақте ӯ ба дармонгоҳи маҳаллӣ муроҷеъа кард, саломатиаш ба шиддат нигаронкунанда буд ва аз сӯтағзия ранҷ мебурд.

Дуктур Ҳусейндоди Мусаддиқ, раиси беҳдошти Варс гуфт, ки Вазир дақоиқе пеш аз муроҷеъа ба дармонгоҳ таҳти назари пизишкон қарор гирифт ва чаҳо духтар ба дунё овард.

Дуктур Ҳусейндод ба Би-би-сӣ гуфт, ин зан ба шиддат дучори сӯтағзия буд ва ба ҳамин далел кӯдаконаш қабл аз вақт (дар шаш-моҳагӣ) ба дунё омаданд ва аз байн рафтанд.

Дуктур Мусаддиқ гуфт, дар пайи баррасиҳо мушаххас шуд, ки ин модар дар тӯли бордории худ танҳо як бор ба як пизишки маҳаллӣ муроҷеъа карда будааст.

Мусаддиқ гуфт: "Ин модар дар тамоми замони бордориаш аз нон ва себзаминӣ тағзия карда ва вазъияти сиҳатиаш бисёр номуносиб аст."

Ӯ афзуд: "Вазир аз минтақаи дурдасти Петобҷӯй дар вулосволии Варс аст ва пас аз чандин соъат худро ба маркази сиҳҳйи вуласволӣ расонидааст."

Сӯтағзия

Дар ин минтақаи барфгир ва кӯҳистонӣ дастрасӣ ба дармонгоҳҳо ба шиддат маҳдуд аст

Дуктур Мусаддиқ гуфт, ки вазъияти ин модар бисёр хатарнок буд ва пизишкон маҷбур шуданд, ки барои баррасии вазъияти модарони дигар ба рустоҳои дуруфтодаи Варс сафар кунанд.

Масъули идораи беҳдошти Варс гуфт: "Баррасиҳои мо нишон медиҳад, ки бештари модарон дар манотиқи дурдасти бомиён дучори сӯтағзия ҳастанд. Аз ин ҷиҳат ё кӯдакони мурда ба дунё меоваранд ё кӯдаконашон баъад таваллуд аз байн мераванд."

Дуктур Меҳралии Ҳасанӣ, сарпарасти идораи беҳдошти вилояти Бомиён, ба Би-би-сӣ гуфт, ки мушкилоти беҳдоштӣ дар фасли зимистон яке аз ҷиддитарин ва хатарноктарин мушкилоти мардуми Бомиён аст, зеро ба гуфтаи ӯ, дар зимистон бештар модарон ё ба дармонгоҳҳо дастрасӣ надоранд ё ба далели фақри иқтисодӣ наметавонанд ба дуктур муроҷеъа кунанд.

Оқои Ҳасанӣ афзуд, ки дар бештари манотиқи Бомиён наздик ба панҷ моҳ зимистон аст ва баштари роҳҳо масдуд мешаванд ва аз тарафи дигар имконоти дармонӣ ҳам ба сурати кофӣ дар ин манотиқ вуҷуд надорад.

Дуктур Меҳралии Ҳасанӣ гуфт: "Фақр дар Бомиён ба саломати мардум ба шиддат осеб расондааст. Бисёре аз модарони бордор наметавонанд дар ҳангоми бордорӣ тағзияи муносиб дошта бошанд."

Вай гуфт, ҳарчанд омори дақиқе вуҷуд надорад, ки нишон диҳад, чӣ теъдод аз модарон дар Бомиён ба сӯтағзия мубтало ҳастанд ва ё ҳангоми зоимони худ ё кӯдаконашон аз байн мераванд, аммо ба назар мерасад, ки модарон ва кӯдакони зиёде ба далели сӯтағзия бо хатари марг дасту панҷа нарм мекунанд.

Сарпарасти идораи беҳдошти вилояти Бомиён гуфт, ки ин идора дар талош аст, ки бо истифода аз имконоти маҳдуд ба вазъияти модарони осебпазир расидагӣ кунад.

Хадамоти маҳдуд

"Баррасиҳои мо нишон медиҳанд, ки бештари модарон дар манотиқи дурдасти Бомиён дучори сӯтағзия ҳастанд. Аз ин ҷиҳат ё кӯдакони мурда ба дунё меоваранд ё кӯдаконашон баъд аз таваллуд аз байн мераванд."

Ҳусейндоди Мусаддиқ

Дар ин ҳол Иброҳими Мубаллиғ, раиси Шӯрои саҳҳй дар вулусволии Варс, ба Би-би-сӣ гуфт, арзаи хадамоти саҳҳй дар ин минтақа бисёр маҳдуд аст.

Ӯ гуфт: "Бештари мардум ба маркази дармонӣ аслан дастрасӣ надоранд ва дар манотиқи дурдаст қобила нест, дар бисёре аз рустоҳои мувосилотӣ масдуд мешаванд ва имкони расидан ба марокизи сиҳҳй вуҷуд надорад."

Оқои Мубаллиғ гуфт, ки зимистони имсол барои мардуми Бомиён бисёр хатарнок хоҳад буд, зеро бисёре мардум ба далели хушксолӣ бо фақри шадиде мувоҷеҳанд.

Ӯ афзуд: "Дар бештари суфраҳои хонаводаҳои бомиёнӣ фақат чойу нон аст. Давлат ба фикри мо нест. Ҳанӯз кумакҳои зимистонӣ сурат нагирифта ва имкони ин вуҷуд дорад, ки дар зимистони имсол маргу мири модарон дар Бомиён бештар аз солҳои қабл бошад."

Зоимон дар хона

Раҳима, модаре аст, ки вулусволии Панҷоби вилояти Бомиён зиндагӣ мекунад. Ӯ дар тамоси телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфт, бештари модарон дар хона зоимон мекунанд.

Ӯ афзуд: "Клиник аз хонаи мо ҳафт соъат фосила дорад. Феълан роҳ ба далелил бориши барф баста шудааст. Ин ҷо бештари хонаводаҳо пули дуктурро надоранд, ки ба маркази Бомиён ва ё дар ҷоҳои дигар ба дуктур муроҷеъа кунанд."

Раҳима гуфт: "Бештари модарон дар ин ҷо аслан дар замони бордорӣ ба дуктур муроҷеъа намекунанд. Дар рустои мо порсол се зан ҳангоми зоимон аз байн рафтанд. Имсол вазъият бадтар аз соли пеш аст."

Бомиён яке аз манотиқи дурдасти Афғонистон аст. Зимистони тӯлонӣ ва роҳҳои саъбулубур дорад. Пизишкон камтар ҳозир мешаванд барои кор ба ин минтақаи кӯҳистонӣ бираванд.

Дар бархе аз манотиқи дурдасти Бомиён афроде, ки фақат саводи хондану навиштан доранд ба унвони дуктур кор мекунанд ва дар мавориде таҷвизи доруҳои номуносиб аз сӯйи ин афрод омори маргу мири модаронро афзоиш додааст.

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.