Хатароти биёбоншавӣ дар Тоҷикистон

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 09 Январ соли 2012 - 15:33
Рустам Латифов

Оқои Латифов мегӯяд, ҳамасола ба 50 ҳазор ҳектор мазореъи кишоварзӣ дар Тоҷикистон хатари биёбоншавӣ таҳдид мекунад

СММ гуфтааст, ки дар зарфи 20 соли охир дар Тоҷикистон 70 фоизи ҷангалҳо нобуд шудаанд. Гуфта мешавад, ба далели камбуди шадиди нерӯи барқ ва маҳсулоти нафтӣ сокинони ин кишвар маҷбур шудаанд, барои гарм кардани манзил ва пухтани ғизо дарахтонро бибуранд.

Дар сӯҳбати ихтисосӣ, ки бо Рустам Латифов, раиси Кумисиюни муҳити зисти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон доштам, нахуст аз ӯ пурсидам, ки идомаи ин раванд чи авоқибе ба бор хоҳад овард?

Рустам Латифов: Ҳодисаи буридани дарахтон дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон рух медиҳад. Ин раванд дар кишварҳои мутараққӣ бештар ба мушоҳида мерасад.

Ҳамасола дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 1 дар сади майдони ҷангал коҳиш меёбад. Ба гуфтаи донишмандони муҳити зист дар зарфи 200-300 соли ахир 9 дар сади майдони ҷангалҳои ҷаҳон нобуд шудаанд.

Сабаби асосии нобуд шудани ҷангалҳо дар Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ ва сӯзишвории минералии гоз, ангишт ва маҳсулоти нафтӣ мебошад.

Тоҷикон мақоле доранд: Мард бояд дар зиндагӣ ҳатман се корро анҷом диҳад: хонае созад, писаре тарбият кунад ва дарахте сабзонад. Ин беҳуда нест. Мардуми мо аз қадим муқимӣ буданд ва пеш аз ҳама маҳалли зисти худро обод мекарданд.

Шинондан ва сабзондани дарахт нишонаи ободӣ буд. Аз ин рӯ, буридани дарахтон аз ночорӣ ва қонеъ сохтани эҳтиёҷот ба маводди сӯхт сурат мегирад.

Аз кадом роҳҳо хатари биёбоншавиро дар Тоҷикистон пешгирӣ кардан мумкин аст? Мутахассисон мегӯянд, то замоне ки неруи барқ ва маводди дигари сӯхт муҳайё ва дастрас набошад, буридани дарахтон идома хоҳад ёфт.

Барои пешгирӣ аз раванди биёбоншавӣ бояд роҳҳои рафъи хатари нобудшавии ҷангалзорҳоро пайдо кард. Аз тариқи муҷозот ва бастани ҷарима ин мушкилро ҳалл кардан маҳол аст.

Чун мо дигар манбаъҳои таъмини энержӣ надорем ва захоири нафту гози худӣ эҳтиёҷоти моро қонеъ карда наметавонад. Ягона роҳ ин истифода аз манобеъи нерӯи барқи обӣ аст.

Тоҷикистон дорои захоири бузурги энержии обӣ буда ва дастёбӣ ба истиқлоли энержӣ аз аҳдофи аслии давлати ин кишвар ва рушди устувори иқтисоди он маҳсуб мешавад.

Барои расидан ба ин ҳадаф нахуст бояд нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бунёд шуда ва ҳамзамон, нерӯгоҳҳои хурду миёна сохта шаванд.

Нерӯи барқи обӣ на танҳо ҷузъи муҳими иқтисодиёт, балки ташаккулдиҳандаи асосии буҷети давлатӣ ва аз омилҳои аслии паст кардани сатҳи камбизоатӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин, имкон дорад рушди бахши энержии обӣ ба ба сармоягузории тарҳҳои экулуҷӣ, аз ҷумла, барқарорсозии ҷангалҳо имконияти мусоъид фароҳам созад.

Албатта, аз тариқи истифода аз захоири бузурги ангишт то андозае хатари нобудшавии ҷангалзорро пешгирӣ кардан мумкин аст. Аммо истифодаи ангишт муҳити зистро олуда месозад.

Барои пешгирии биёбоншавӣ чораҳои дигаре, аз қабили тадбирҳои агротехникӣ, барқарорсозӣ ва ҳифзи ҷангал ва тайёр кардани кадрҳои ин бахш низ вуҷуд дорад. Вале дар сурати камбуди барқ ин тадобир натиҷаи мусбие нахоҳад дошт.

"Сабаби асосии нобуд шудани ҷангалҳо дар Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ ва сӯзишвории минералии гоз, ангишт ва маҳсулоти нафтӣ мебошад."

Рустам Латифов

Харидории маводди сӯхт ва нерӯи барқ аз хориҷи кишвар ин мушкилро ҳалл карда натавониста, баръакс, давлати Тоҷикистон ба вобастагии доимӣ ва фишорҳои эҳтимолии сиёсию иқтисодӣ аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Баъзеҳо мегӯянд, ки бо роҳи шинондани дарахтон ҷангалҳоро барқарор кардан мумкин аст. Пас чаро ҳамасола милёнҳо бех ниҳол шинонда мешаваду аммо дар роҳи барқароршавии ҷангалҳо пешрафти чашмгире нест?

Одатан, маъракаи ниҳолшинонӣ дар шафати роҳҳою ҷӯйборҳо ва маҳаллаҳо гузашта ва ба хоҷагии ҷангал рабте намегирад. Бинобар, ақида дар бораи бо ин роҳ барқарор кардани ҷангалҳо нодуруст аст.

Аммо ин маъракаҳо натиҷаҳои хуб дода истодааст, хиёбонҳои шаҳрҳою ноҳияҳо сарсабз шуданд.

Вале дар бисёр ҳолатҳо ниҳолҳо дар ҷойҳои номувофиқ ва бидуни тавсияи мутахассисон шинонда шуда ва сипас, онҳо нигоҳубин намешаванд. Дар натиҷа, аксари ниҳолҳо сабз намешаванд.

Аз сӯйи дигар, гузоришҳои ҳамасола дар бораи шинондани милюнҳо бех дарахт шубҳанок аст. Ба андешаи ман, ба миқдори ниҳолҳо не, балки ба сифат ва нигоҳубини онҳо диққат бояд дод. Ҳамчунин, ашхосе барои нигоҳубини ниҳолҳои шинондашуда таъйин шавад, то барои сарсабз шудани ниҳолҳо масъул ва ҷавобгар бошад.

Мутахассисони созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ҷангалҳо хуб муҳофизат намешаванд. Ба далели ночиз будани музди меҳнат ҷавонон ба ин соҳа намераванд. Шояд ба сабаби кам будани ҷангалбонҳо ҳодисаи буридани дарахтҳо зиёд шудааст?

Масъалаи ташдиди назорати ҷангал ва сармоягузории ин бахш аз масоили мубрам маҳсуб мешавад.

Дар Қавонини (Кодекс) ҷангали Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон тасвиб шуд, меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ҷангалдорӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ дар ин бахш дар назар дошта шудааст.

Дар қавонони ҷадид ба ивази додани қитъаҳои ҷангал ба иҷора ба одамон ҳоло усули идораи муштараки ҷангал пешбинӣ шудааст. Яъне, қитъаҳои ҷангал ба муддати беш аз 5 сол ба ихтиёри сокинон дода шуда ва масъулияти нигоҳубин ва ҳифзи ҷангал ба ӯҳдаи ин ашхос вогузор мешавад.

Ба ин тартиб, ин гуна шахсон соҳибмулк шуда ва ба нигоҳдорӣ ва васеъ кардани домани ҷангалҳои манфиъатдор ҳастанд.

Аз сӯйи дигар, дар ин санад бори аввал ба аҳамияти муҳити зистӣ доштани ҷангалҳо таъкид шудааст.

Танҳо буридани дарахтон ба биёбоншавӣ боис мешавад ё сабабҳои дигаре вуҷуд дорад?

Ҷаласа

Ҷаласаи Кумисиюни экулуҷии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Буридани дарахтон аз омилҳои асосии биёбоншавӣ маҳсуб мешавад. Ҳамзамон, дар натиҷаи эррозияи (харобшавӣ) замин, таназзули чарогоҳҳо ба асари истифодаи аз меъёр зиёд, шӯршавӣ ва боло рафтани сатҳи об бар асари риоят нашудани муқаррароти агротехникӣ ва обёрӣ низ метавонанд сабаби биёбоншавӣ гарданд.

Дар солҳои ахир дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, камбуди нуриҳои минералӣ (куди шимиёӣ) ва киштгардон нашудани заминҳои кишоварзӣ ба маҳсулнокии қитъаҳои замин таъсири манфӣ гузоштааст.

Тибқи иттилоъи СММ ҳоло 2,6 миллиард гектар ё 25 фоизи кураи Замин ба биёбон табдил ёфтааст. Ин рақам дар Тоҷикистон чи қадар аст?

Ба биёбон табдил ёфтан ва биёбоншавӣ ду мафҳуми аз ҳам фарқкунунда аст. 40 дар сади масоҳати Помири Шарқиро биёбон ташкил медиҳад. Дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ ҳудуди 30 то 40 ҳазор ҳектор биёбон мавҷуд аст. Ин як ҳолати табиъӣ аст.

Тибқи Барномаи мубориза бар зидди биёбоншавӣ дар Тоҷикистон, ҳудуди 90 дар сади заминҳо ба ин ё он навъи биёбоншавӣ дучор шуда ва ҳамасола то ба 50 ҳазор ҳектор замин хатари биёбоншавӣ таҳдид мекунад.

СММ мегӯяд, ки биёбоншавӣ ба амнияти ғазоии кишварҳо таҳдид мекунад. Ин хатар барои Тоҷикистон, ки замини обии кам дорад, чи гуна хоҳад шуд?

Бар асари биёбоншавӣ замини кишоварзӣ хароб шуда ва ин ҳодиса ба таъмини аҳолӣ бо маводи ғазоӣ бевосита таъсир мерасонад.

Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 4 милюн ҳектор замини кишоварзӣ мавҷуд аст, ки аз ин ҷумла, 743 ҳазор ҳектор замини обӣ ва 3,25 милюн ҳекторро чарогоҳ ташкил медиҳад.

Дар муқоиса ба кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи замини корам дар Тоҷикистон дар таносуб ба ҳар сари аҳолӣ камтарин аст. Дар чаҳорчӯби Консепсиюни истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои оби Тоҷикистон имконият дорад, беш аз 800 ҳазор ҳектор замини бикр азхуд карда шавад.

Ин қитъаҳои замин дар манотиқи доманакӯҳҳо воқеъ буда, барои обёрии ин қитъаҳо истгоҳҳои обкашӣ ва зерсохтори мураккаби обёрӣ бунёд кардан лозим аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба камбуди нерӯи барқ ва мушкилоти иқтисодӣ иҷрои ин тарҳ душвор хоҳад буд. Ҳарчанд ҳамасола дар Тоҷикистон беш аз 1000 ҳектор замини бикр азхуд карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, ба ҳар ҳектор замини кишоварзӣ бояд эҳтиёткорона муносибат карда ва ин заминро дар ихтиёри кишоварзони асил гузоштан лозим аст.

Ҳоло дар Тоҷикистон 73 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ сабти ном шудаанд. Бештари хоҷагиҳо техникаи кишоварзӣ надоранд, барои харидории нуриҳои минералӣ (куди шимиёвӣ) ва тухмии хушсифат ба пуштибонии молии давлати Тоҷикистон ниёз доранд. Агар ба кишоварзон кумаки молӣ расонда шавад, онҳо метавонанд ҳоисли фаровон рӯёнда ва дар таъмини амнияти ғизоии кишвар саҳим бошанд.

Коммисияи экологии парламенти Ӯзбакистон ҳамеша мавзӯъи корхонаи Талкоро матраҳ карда ва ин корхонаро барои муҳити зист хатарнок мегӯяд. Коммисияи шумо дар бораи хатароти экологии корхонаҳои Ӯзбакистон ба минтақаҳои шимоли Тоҷикистон садо баланд кардааст?

Таъсири корхонаҳои Ӯзбакистон баминтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон аз мавзӯъоти мавриди баҳси Кумисиюни экулуҷии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аст. Ин кумисиюн чанд маротиба ба ноҳияҳои наздимарзии Спитамен, зафаробод, Мастчоҳ, Ашт ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва шаҳри Турсунзода, дар ғарби шаҳри Душанбе сафар карда ва бо вазъи муҳити зисти ин манотиқ ошно шудааст.

"40 дар сади масоҳати Помири Шарқиро биёбон ташкил медиҳад. Дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ ҳудуди 30 то 40 ҳазор ҳектор биёбон мавҷуд аст. Ин як ҳолати табиъӣ аст."

Мушаххас шуд, ки партовҳои корхонаҳои саноатии Бекобод ва коркарди кӯҳии Олмалиқи Ӯзбакистон ба ҳавои атмосфера, заминҳои кишоварзӣ ва ҷангалзорҳои манотиқи наздимарзии Тоҷикистон асароти номатлуб дорад. Дар ин замина мақолаҳои коршиносони кумисиюн дар васоити ахбори умуми кишвар чоп шуд. Ҳамчунин, дар саҳифаи вижаи Кумисиюни экулуҷии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар сойти интернетии порлумон дар ин бора маводд вуҷуд дорад.

Ду маротиба бо ширкати вазорату идораҳои мутасаддӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон дар бораи олудасозии ҳавои минтақа аз ҷониби корхонаҳои Ӯзбакистон мизҳои мудаввар баргузор шуд.

Ҳамчунин, ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дода шуд, то мизони зарари корхонаҳои саноатии Ӯзбакистон ба муҳити зист ва саломатии сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистонро мушаххас кунанд.

Моддаҳои радиоактив, ки дар вилояти Суғд ва ноҳияи Файзобод гӯр карда шудаанд, ба муҳити зист чи хатаре хоҳанд дошт?

Дар қабристони маводди радиоактив дар ноҳияи Файзобод, дар шарқи Тоҷикистон, тамоми тадобири зарурии ҳифз андешида шуда ва он ба муҳити зист хатаре надорад.

Аммо партовгоҳҳои радиоактиви вилояти Суғд ба барқарорсозӣ ва тармими зерсохторӣ ниёз доранд. Ин партовгоҳи мероси даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба муҳити зисти Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дорад.

Бахусус, партовгоҳи шаҳри Табошари ин вилоят, ки рӯпӯш нашудааст ва ҳангоми боду борон имкони паҳн шудани зарраҳои радиоактив ба атроф вуҷуд дорад, хатари бештаре дорад.

Бо таваҷҷӯҳ ба он ки безарарсозии ин партовгоҳҳо маблағи хеле зиёдро талаб мекунад, давлати Тоҷикистон бо ҷалби созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ барои амнсозии партовгоҳҳои радиоактив тадбирҳо меандешад.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.