
Мақомоти масъул дар ҳоли баррасии коҳиши даҳ то понздаҳ дарсадии шумори нерӯҳои артиш ва туфангдорони дарёии Омрико ҳастанд. Ин коҳиш ба маънои канор гузоштани даҳҳо ҳазор низомии омрикоӣ аст.
Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар натиҷаи бозбинии будҷеи Вазорати дифоъи он кишвар ҳазорон низомиро аз кор барканор хоҳад кард, то битавонад бо коҳиши шадиди будҷеи Пентогун канор биёяд.
Пентогун зарфи даҳ соли оянда бо коҳиши 450 милёрд дулории будҷеаш мувоҷеҳ аст.
Интизор меравад, ки дар оғози соли 2013 як коҳиши 500 милёрд дулории дигар ҳам шомили ҳоли будҷеи Вазорати дифоъи Омрико шавад, чаро ки як кумитеи Кунгреи Омрико натавонистааст барои костан аз будҷе дар соири ҳавзаҳои давлат ба муваффақият даст ёбад.
Имрӯз, панҷшанбе (5 январи 2012), Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, бо ҳузур дар сохтмони Вазорати дифоъ тарҳи давлаташ барои он вазоратхонаро эълом кард.
Канор гузошта шудани роҳбурди (истротежии) тавоноии артиши Омрико барои даргир шудани ҳамзамон дар ду ҷанг, ки барои чанд даҳа бунёни сиёсати Пентогунро ташкил медод, аз мавориде аст, ки дар натиҷаи коҳиши шадиди будҷеи Пентогун иттифоқ меуфтад.
Оқои Убомо, ки барои интихоб ба раёсати ҷумҳурии даври баъд дар ҳоли муборизаи интихоботӣ аст, ба асарот эҳтимолии ин коҳишҳо бар нигоҳи раъйдиҳандагони омрикоӣ воқиф аст.
Ӯ дар суханони худ рӯйи ин нукта таъкид кард, ки будҷеи Вазорати дифоъ, ҳарчанд бо суръате камтар аз гузашта, ҳамчунон дар ҳоли рушд аст.
Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, тарҳи коҳиши нерӯҳои низомии кишварашро ба "ҷарроҳӣ" ташбеҳ кардааст.
Хабаргузории Руйтерз гузориш кардааст, ки мақомоти масъул дар ҳоли баррасии коҳиши даҳ то понздаҳ дарсадии шумори нерӯҳои артиш ва туфангдорони дарёии Омрико ҳастанд.
Сухангӯйи Кохи Сафед тарҳи коҳиши нерӯҳои низомии кишварашро ба "ҷарроҳӣ" ташбеҳ кардааст
"Сухангӯйи Кохи Сафед тарҳи коҳиши нерӯҳои низомии кишварашро ба "ҷарроҳӣ" ташбеҳ кардааст"
Ин коҳиш ба маънои канор гузоштани даҳҳо ҳазор низомии омрикоӣ аст.
Тағйироти роҳбурдӣ
Коҳиши азиме, ки дар будҷеи Вазорати дифоъи Омрико иттифоқ меуфтад, ба шакли иҷтинобнопазире бар тавон ва роҳбурди низомии Пентогун асар хоҳад гузошт.
Коҳиши шумори нерӯҳои низомӣ яке аз табаъоти фаврии ин навсон дар будҷе аст, аммо дар ҳоле, ки шумори нерӯҳои заминӣ кам хоҳад шуд, Омрико нерӯи дарёӣ ва ҳавоии худ дар минтақаи Осиёро тақвият хоҳад кард.
Леун Понето, вазири дифоъи Омрико, пойизи (тирамоҳ) гузашта эълом кард, ки минтақаи Осиё нуқтаи конунии роҳбурди низомии Омрико хоҳад буд, ки ҳадафаш кунтрули артиши кишварҳое монанди Чин аст, чаро ки ба гуфтаи вай, минтақаи уқёнуси Ором барои Омрико дорои "авлавияти калидӣ" аст.
Ҷонотон Моркус, хабарнигори умури дифоъии Би-би-сӣ, мегӯяд, ки бар асоси тағйироти ҷадид Омрико шумори бештаре аз нерӯҳояшро аз Урупо хориҷ ва ба Омрико мунтақил хоҳад кард.
Яке дигар аз тағйироти роҳбурдӣ, ки дар натиҷаи коҳиши будҷеи Пентогун иттифоқ хоҳад уфтод, канор гузоштани рӯйкарде аст, ки бо иборати тавоноӣ барои даргир шудан дар ду ҷанги ҳамзамон шинохта мешавад.

Коҳиши шумори нерӯҳои низомии яке аз табаъоти фаврии ин навсон дар будҷе аст, аммо дар ҳоле, ки шумори нерӯҳои заминӣ кам хоҳад шуд, Омрико нерӯи дарёӣ ва ҳавоии худ дар минтақаи Осиёро тақвият хоҳад кард
Дунолд Ромсфелд, вазири дифоъи пешини Омрико, дар соли 2011 ба Кунгре гуфт, ки роҳбурди ду ҷанг "фоқиди короӣ" аст.
Дар ҷараёни даргирии ҳамзамони Омрико дар Афғонистон ва Ироқ артиши Омрико бо камбуди нерӯи инсонӣ мувоҷеҳ буд.
Акнун роҳбурди Омрико эҳтимолан ба самти муваффақият дар як ҷанг устувор хоҳад буд ва дар канори он артиши Омрико бояд тавоноии иҷрои амалиёт барои рафъ кардани таҳдиди дуввумро дошта бошад.
Руйтерз ба нақл аз як мақом, ки номаш бурда нашуда, навиштааст: "Мавриди Либӣ нишон дод, ки шумо илзоман набояд ҳамеша нерӯи низомӣ дар маҳалли даргирӣ мустақар кунед. Мо дар ҳоли танзими роҳбурди худ ҳастем, то бештар бо воқеъият ҳамхон бошад."















