
Президент Раҳмон ҳамасола дар авоили сол тағйироти кодрӣ анҷом медиҳад
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти густардае дар ҳайъати кобинаи худ анҷом дод.
Вай аз ҷумла Матлубхон Давлатов, дойии худро, ки қаблан раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба симати муъовини аввали нахуствазири ин кишвар мансуб кард.
Оқои Давлатов ба курсии муъовинати аввали нахуствазири Тоҷикистон баъд аз фавти Асадулло Ғуломов дар даст меёбад. Аз замони даргузашти Ғуломов дар охири тобистони гузашта ин симат холӣ монда буд.
Ба симати раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар силсиламаротиби пустҳои давлатӣ панҷумин аст ва аз симатҳои калидӣ маҳсуб мешавад, Бахтиёр Худоёров, вазири собиқи адлия интисоб шуд.
Рустам Менглиев, ки қаблан муъовини раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ буд, акнун ба симати вазири адлия ё додгустарии Тоҷикистон мансуб шуд. Вай дар гузашта муддате муъовинати вазири адлияро ба ӯҳда дошт.
Тағйири ихтиёроти нахуствазир
Сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо интишори шарҳе ҷудогона хабар дода, ки бо интисоби Матлубхон Давлатов ба муъовинати аввали нахуствазир "дар тақсими вазифаю салоҳиятҳои" нахуствазир ва муъовини аввали ӯ тағйироте ба миён омадааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки оқои Давлатов "тақрибан нахуствазир" шудааст
Тибқи ин шарҳ, нахуствазир роҳбарии фаъъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва ниҳодҳои дигари давлатиро "дар амалӣ намудани фаъъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба уҳда дошта ва аз ҷумла масоили марбут ба саноеъ, энержӣ, таробарӣ ва иртиботот, заминшиносӣ, нафту гоз ва истихроҷи маъодин, масоили меъморӣ ва сохтмони роҳҳо ва таъсисоти обиро ҳамоҳанг месозад ва назорат мекунад.
Вай ҳамчунин роҳбарии Шўрои миллии муқобала бо фасодро ба уҳда хоҳад дошт ва аз Ҳукумати Тоҷикистон дар муносиботи байналмилалӣ намояндагӣ ва қарордоҳои байниҳукуматиро имзо мекунад.
Бар асоси тағйироти тоза, муъовини аввали нахуствазир роҳбарии арсаи иқтисод, ҳамоҳангсозӣ ва назорат бар фаъъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар ниҳодҳои давлатиро дар бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла сиёсати буҷету молиёт, сармоягузорӣ, фаъъолияти идораҳои молиёту гумрук, идораи амволи давлатӣ ва ҳамкории байналмилалии иқтисодиро ба уҳда хоҳад дошт.
Сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ додааст, ки муъовини аввали нахуствазир ҳангоми набудани нахуствазир иҷрои вазифаҳои ўро низ ба уҳда хоҳад гирифт.
Ба ин тартиб, бархе аз таҳлилгарон мӯътақиданд, ки бо дастёбӣ ба симати муъовинати аввали нахуствазир ва тағйирот дар ихтиёроти ӯ, оқои Давлатов, ки аз пайвандони наздики раиси ҷумҳур ба шумор меравад, амалан қудрати нахуствазириро дар даст гирифтааст.
Ба гуфтаи онҳо, худи нахуствазир Оқил Оқилов, ки аз нухбагони сиёсии Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон, ва тарбиятёфтаи мактаби Шӯравӣ ба шумор меояд, шахсияте бисёр муҳтот буда ва дар гузашта низ чандон истиқлоли амал аз худ нишон надодааст.
Вазир дабир шуд
Шаби гузашта расонаҳо аз барканории Абдураҳим Қаҳҳоров аз симати вазири умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд. Ба ин симат Рамазон Раҳимов, ки дар гузашта муъовини аввали вазири кишвар буд, таъйин шуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки оқои Оқилов шахсе муҳтот буда ва дар гузашта чандон истиқлоли амал аз худ нишон надодааст
Абдураҳим Қаҳҳоров ба симати дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон мансуб шуд. Ин симат аз замони интихоби Амирқул Азимов ба узвияти порлумони Тоҷикистон дар тирамоҳи гузашта холӣ монда буд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки интисоби оқои Қаҳҳоров ба ин симат бо такия ба асли "тақсими қудрат бар тибқи минтақа" сурат гирифта, чун қабл аз ӯ низ дабири Шӯрои амният аз намояндагони шимоли Тоҷикистон буд.
Тағйири симати оқои Қаҳҳоров дар ҳолест, ки шаби 31 декабр, замони ҷашнгирии Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон, як сокини Душанбе, ки либоси "Бобо Нуэл" бар тан дошт, дар наздикии яке аз идороти пулиси шаҳр ҳадафи ҳамлаи гурӯҳе аз ҷавонон қарор гирифт ва кушта шуд.
Ин ҳодиса ба баҳсу вокунишҳои тунде дар бораи фаъъолияти пулиси Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар доман задааст. Дар тӯли вазорати оқои Қаҳҳоров мавзӯъоте ҷанҷолбарангез дар бораи фаъъолияти пулис, аз ҷумла дар мавриди шиканҷа ва қатли боздоштиён, дар афкори умумӣ матраҳ шудааст.
"Ҷойивазкунии кодрҳо"
Президент Раҳмон ҳамчунин Ҳайбулло Латипов, раиси Кумитаи умури изтирории Тоҷикистонро барканор ва ӯро ба муъованати дабири Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ номзад кардааст.
Бо фармони дигаре, раиси ҷумҳур Амонҷон Эшонқулов, муъовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистонро барканор ва ба раёсати яке аз бахшҳои дафтари Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд номзад кардааст.
Руасои навоҳии Ашт, Исфара, Спитамен ва шаҳри Чкаловски вилояти Суғд низ аз мақомҳояшон барканор ва афроди дигаре ба ин симатҳо мансуб шудаанд.

Оқои Қаҳҳоров аз вазорати кишвар ба дабирии Шӯрои амният расид
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раиси Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, бо судури қароре Нурулло Шулашов, раиси ширкати Нерӯгоҳи Роғун ва Маҳмадалӣ Гулов, раиси корхонаи Химзавод- ро аз симатҳояшон барканор кардааст.
Ба гуфтаи манобеъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти кодрӣ дар кобинаи давлати Тоҷикистон дар ҳафтаҳои оянда идома хоҳад дошт.
Дар авохири соли гузашта бархе аз расонаҳо бо ишора ба вазъи бади иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон ин мавзӯъро матраҳ карда буданд, ки кобинаи давлат ба таври комил бояд иваз шавад.
Ҳатто бархе аз коршиносон хостори он шуда буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон низ бояд аз симати раиси Ҳукумати Тоҷикистон даст кашад, зеро дар даҳ соли ахир собит шудааст, ки "тамаркузи қудрат дар дасти як нафар" барои пешрафти кишвар муассир нест.
Тағйироти кодрӣ дар оғози соли нав дар Тоҷикистон ҳамасола анҷом мешавад, вале мунтақидони раиси ҷумҳур киноя мекунанд, ки "аз ҷойивазкунии кодрҳо ҳосили он иваз намешавад."
Дар ҳамин ҳол, ҳамзамон бо тағйирот дар кобинаи оқои Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, писари ӯ, дар ҷаласаи Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба раёсати ин федеросиюн интихоб шуд.
Оқои Эмомалӣ симатҳои мухталифи давлатӣ ва иҷтимоъиро дар даст дошта ва дар канори иштиғол ба сиёсат зоҳиран ба варзиш низ алоқа дорад. Ӯ аз муасисон ва бозикунони дастаи футболи "Истиқлол" аст.















