bbc.co.uk navigation

Қатли як муҳоҷир дар задухӯрди байни тоҷикон дар Русия

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 04 Январ соли 2012 - 10:18

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд ҳашт нафар аз афроди мазнун дар қатли як табаъаи тоҷик дар Русия боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи Давлати Назрӣ, масъули дафтари матбуъотии ин вазорат, сабаби марги Аҳмади Мирзоғанӣ, як табаъаи Тоҷикистон дар Русия, низоъ миёни ҷавонони тоҷик будааст.

Оқои Назрӣ рӯзи чаҳоршанбеи 4 январ дар ҳузури хабарнигорон гуфт: “Рӯзи якуми январи соли равон, соъати 2 шаб ҷасади Аҳмади Мирзоғанӣ дар назди мағозаи хӯроквории шаҳри Алексияи вилояти Тула пайдо шуд. Баъд аз таҳқиқот муъайян гардидааст, ки Аҳмад бо ҳамроҳии се нафар бо 15 нафар аз шаҳрвандони дигари Тоҷикистон даъво кардаанд ва дар натиҷаи ҷанҷол вай бо корд захмӣ шуда, ҷон медиҳад.”

Оқои Назрӣ мегӯяд, ки пулиси Русия ин қазияро таҳқиқ карда ва дар натиҷа ҳашт нафар аз мазнунони ин ҷурм боздошт шудаанд, ки ҳамаашон сокинони Тоҷикистон будаанд.

Ба гуфтаи вай, ҳамроҳони дигари Аҳмад, аз ҷумла Сайёд Ҳайитов, Баракатулло Ёқубов ва Аҳлиддин Сангов дар ин ҳодиса ҷароҳоти мухталифе бардоштаанд.

Масъулони вазорати хориҷа мегӯянд, ки баъд аз озмоиши пизишкӣ ҷасади Аҳмади Мирзоғанӣ ба Тоҷикистон интиқол хоҳад ёфт.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.