
Дар Бадахшон хонаводаҳое ҳастанд, ки то ба ҳол аз сарнавишти наздикони худ, ки дар замони ҷанги дохилӣ нопадид шуда буданд, хабаре надоранд
Аҳли як хонавода дар Хоруғ дар остонаи Соли нави мелодӣ аз интернет армуғоне нодир ва ғайримунтазира дарёфт карданд.
Онҳо, ки пайвандони худро бист сол қабл гум карда буданд, дубора аз тариқи интернет пайдо карданд. Ин дидор дар шабакаи интернет, яъне ба таври маҷозӣ, рӯй додааст.
Соҳибназар Файзаков, як сокини шаҳри Хоруғ, ки тавассути интернет бародарзодаҳои гумшудаи худро пайдо кардааст, бо ҳаяҷон мегӯяд: "Шодиву хурсандии моро ҳадду канор нест! Мо бист сол дар ҷустуҷӯйи ҳамдигар будем... вале ман мутмаин набудам, ки онҳо зиндаанд..."
Соҳибназар аз шиддати ин хурсандӣ, ки бародарзодаҳояш пайдо шудаанд, аз аҳаммияти интернет дар зиндагии хонаводааш мегӯяд ва аз кумаки ин василаи иртиботӣ ангушти ҳайрат мегазад: Аввал Худо, баъд интернет... "
Дар вилояти кӯҳистонии Бадахшон, дар шарқи Тоҷикистон, шабакаи ҷаҳонии интернет дар соли 1995 нахуст ба гунаи пусти электруник роиҷ шуд. Телеком Текнулужӣ нахустин ширкате буд, ки интернетро бо ҳамаи имконоташ дар соли 1998 дар Бадахшон фаъъол кард.
Ба гуфтаи фароҳамгарони интернет дар Бадахшон, ҳоло аксари мардуми ин минтақа метавонанд дар хонаҳояшон аз тариқи сими телефун ё бо роҳи насби флэш-корд ба интернет дастрасӣ дошта бошанд.
Латиф Окимбеков, як масъули умури тавсеъаи интернет дар Бадахшон, мегӯяд ҳамакнун ҳатто сокинони навоҳии Шуғнон, Рўшон, Ванҷ, Дарвоз ва Ишкошим низ имкон доранд аз интернет истифода кунанд.
'Оҳ аз ин ҷанг...'
Соҳибназар Файзаков зимни ёдоварӣ аз нопадид шудани бародарзодаҳояш дар авоили даҳаи 1990 мегӯяд ин ҳодиса бист сол қабл, дар замони оғози ҷанги дохилӣ дар Точикистон рух дод.
"Вақте нотинҷӣ (нооромӣ) дар минтақа сар шуд, як рӯз силоҳбадастон падарам ва боз чанд нафари дигарро гирифта, ба ҷойи номаълум бурданд. Мо дигар аз онҳо дараке наёфтем"
Рашид, донишҷӯи Донишгоҳи Хоруғ
Вай афзуд: Бародари бузурги ман - Рамазон Файзаков, яке аз нахустин хатмкунандагони Донишкадаи тиҷорати шаҳри Самарқанд буд ва барои кор ба собиқ вилояти Қурғонтеппа фиристода шуда буд. Вай дар ҷамъияти матлуботи ин вилоят ба ҳайси сардори раёсати муҳосибот кор мекард."
Соҳибназар ҳикоят мекунад, ки бародараш бо Хосият ном духтари қазоқ аз ноҳияи Колхозобод дил баст ва онҳо издивоҷ карданд. Онҳо бо се духтарашон Гулчеҳра, Мавҷуда ва Гулбаҳор дар Қурғонтеппа ба сар мебурданд.
"Вале ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, ки дар Қурғонтеппа оғоз шуд, бародарам Рамазонро дар оғози ҷанг рабуданд ва то ҳанӯз аз ӯ иттилоъе надорем."
Дар ҷараёни ҳаводиси хунини ҷанги дохилӣ оқои Файзаков бо бародарзодаҳои худ равобитро гум карда ва тӯли ин солҳо аз мақомоти мухталифи интизомӣ дархости пайдо кардани хонаводаи бародарашро кардааст.
Аммо ҳеч ниҳоде аз тақдири ин духтарҳо хабар надоштааст.
Ҷустуҷӯ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ
Соҳибназар ронанда аст, мошини шахсӣ дорад ва дар Хоруғ токсӣ меронад. Вай бо хонаводааш дар яке аз опортемонҳои чаҳорошёна зиндагӣ мекунад ва як сокини одии шаҳр аст.
Оқои Файзаков мегӯяд, ки қаблан аз интернет хабаре набуд: Фақат медонистам, ки чизе бо номи интернет вуҷуд дорад, тахминан медонистам, ки бо он чи корҳо мешавад кард, вале то ин дараҷа мӯъҷиза буданашро нав фаҳмидам!"

Соҳибназар бародарзодагонашро пас аз бист сол аз тариқи интернет пайдо кард
Замоне Соҳибназар фаҳмидааст, ки дар шабакаи интернет одамонро ҷустуҷӯ кардан мумкин аст, ӯ компютер харида ва тавассути сими телефун ба интернет пайваст шудааст.
Мадина, духтари Соҳибназар, истифода аз интернетро балад будааст. Ӯ нахуст ҷустуҷӯи пайвандонашро аз вебсойтҳои ҷустуҷӯгари афрод оғоз кардааст. Сипас ҷустуҷӯро дар шабакаҳои иҷтимоъии "Фейсбук" ва "Твиттер" идома додааст.
Мадина мегӯяд: "Билохира яке аз амудухтарҳоямро дар вебсойти русии Одноклассники (Ҳамсинфон) пайдо кардам. Гулбаҳор Файзакова дар ин вебсойт ба зудӣ ва бо аксҳояш пайдо шуд."
Мадина афзуд: "Бо пайдо кардани Гулбаҳор мо нахуст бо ӯ тавассути пусти электруник нома навиштем, баъд ба гапи интернетӣ гузаштем. Акнун падарам бо бародарзодааш тавассути барномаи "Скайп" сӯҳбат мекунад."
Соҳибназар мегӯяд хеле шод аст, ки аз ҳоли духтарон ва зани бародараш бохабар шудааст.
Маълум шуд, ки онҳо баъди нопадид шудани падар Тоҷикистонро фавран ба қасди Казоқистон тарк карданд.
Дар он ҷо хешовандони модарашон зиндагӣ мекарданд. Ҳоло Гулчеҳра дар Олмотӣ, Мавҷуда дар Кукчотов ва Гулбаҳор дар Қарағанда будубош доранд. Ҳамаашон соҳиби хонаву дар ва хонавода ҳастанд.
Соҳибназар мегӯяд: Онҳо зиндаву саломат ҳастанд ва барои ман ин хеле муҳим аст.
Ҳоло Соҳибназар Файзаков тақрибан ҳамарӯза бо бародазодаҳояш дар тамос аст. Ӯ афзуд Мо мехоҳем бародарзодаҳоро дар фасли тобистон ба Бадахшон даъват кунем. Вақте ман онҳоро дида будам, фарзандони бародарам 2, 4 ва 6 сол доштанд."
'Таърихи ғамангез'
Дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ҳаводиси кушта ё рабуда шудани сокинони ин кишвар зиёд ба мушоҳида мерасид.
Дар нуқоти мухталифи Бадахшон низ хонаводаҳое ҳастанд, ки то ба ҳол аз сарнавишти наздикони худ, ки дар замони ҷанги дохилӣ нопадид шудаанд, хабаре надоранд.
Рашид ҳоло донишҷӯйи Донишгоҳи шаҳри Хоруғ аст. Вай замоне ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш дар шаҳраки Калининободи вилояти Қурғонтеппа зиндагӣ мекарданд.

Ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон то ба ҳол ба таври боиста таҳқиқ нашудааст
Вай мегӯяд: "Падару модараш омӯзгор буданд. Вақте нотинҷӣ (нооромӣ) дар ин минтақа сар шуд, як рӯз силоҳбадастони гурӯҳи Файзалӣ падарам ва боз чанд каси дигарро гирифта, ба ҷойе номаълум бурданд. Дигар мо аз ҳоли он афрод хабаре надоштем. Муроҷеъатҳои мо ба идораҳои давлатӣ суде надошт."
Дар ҳамин ҳол, Қосим Бозичаев, як масъули Созмони Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон, иттилоъ дод, ки ин созмон аз соли 1993 ба ин сӯ ба иҷрои тарҳе бо номи Идораи ҷустуҷӯ машғул аст.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи аслии ин тарҳ ҷустуҷӯйи афроди гумшуда тибқи дархостҳои шаҳрвандон аст.
Аммо ба гуфтаи оқои Бозичаев, то ба ҳол дар чорчӯби ин тарҳ танҳо 15 нафар аз сокинони вилояти Кӯҳистони Бадахшон дар кишварҳои Олмон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Укройн пайдо шуда ва миёни онҳо ва хонаводаҳояшон робита барқарор шудааст.
Маҳмад Алимшоев, муаррих, мегӯяд, ки ҳаводиси солҳои 1992 ва 1993 дар Тоҷикистон порае аз таърихи ғамангези мардуми тоҷик буд. Вале то ба ҳол ин мавзӯъ ба таври бояду шояд таҳлил ва таҳқиқ нашудааст.
Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ аз ҷониби баъзе адибон, ки худ шоҳиди он вақоеъ буданд, асарҳое навишта шудаанд. Ӯ мегӯяд ҳеч ниҳоде аз миёни сохторҳои давлатӣ ё иҷтимоъӣ ба таҳқиқи ин масъала ва мушаххас кардани теъдоди кушташудагон ва нопадидшудагон дар замони ҷанг машғул нашудааст.
Вай гуфт: Ошкор кардани теъдоди воқеъии афроде, ки дар он замон мафқудуласар шуданд, кори муҳимме аст, ки бояд анҷом бигирад. Раёсати умури дохилаи вилоят низ чунин омореро дар даст надорад.
Зимнан, чанд сол қабл масъулони осорхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ кӯшиши ҷамъоварии аксҳо ва иттилоъот дар бораи афродерок арданд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ бе ному нишон шудаанд.
Вале ба гуфтаи масъулони осорхона, ба сабабҳои гуногун ин тарҳ идома наёфта ва то ҳол танҳо дар бораи ҳудуди сад нафар аз нопадидшудагони замони ҷанги дохилӣ иттилоъ ҷамъоварӣ шудаасту бас.















