
Пруфессур Хӯҷамурод мегӯяд, ки равобити Тоҷикистону Эрон дар замони Шӯравӣ ба диду боздидҳои аҳли адаб маҳдуд буд
Аз оғози равобити диплумотики Эрону Тоҷикистон 20 сол сипарӣ шуд.
Ба ин муносибат, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 10 январ дар паёме Маҳмуди Аҳмадинажод, ҳамтои эронии худро, шодбош гуфта ва ҳамкориҳои ду кишвар дар ду даҳаи гузаштаро "муваффақ" арзёбӣ кардааст.
Вай афзудааст: "Роҳи бистсолаи дар ин самт паймуда ҳақиқатеро таъийд менамояд, ки ду кишвар шарикони табиъӣ бо муштаракоти фаровони таърихӣ мебошанд ва тамоми имконоту воситаҳои мавҷударо барои рушду тавсеъаи минбаъдаи ҳамкории муфиду фарогири ҷанбаҳои гуногуни ҳаёту фаъъолият сафарбар кардаанд."
Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 Эрон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва дар моҳи январи соли 1992 сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кард.
Акнун, ки ду даҳа аз он рӯйдод сипарӣ шуда, равобит ва ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар ба чи сатҳе расидааст? Пруфессур Олимҷони Хӯҷамурод, пажӯҳишгар ва устоди эроншиносӣ дар Тоҷикистон, мақолаи зерро ба ин мавзӯъ ихтисос додааст:
* * *
Дар чаҳор қарни ахир ба иллати марзбандии мазҳабӣ (шиъа ва суннӣ) ва баъдан дар қарни бистум, ба иллати султаи низомҳои мухталифи иҷтимоъӣ ва сиёсӣ (комунистӣ ва салтанатӣ) робитаи иқтисодии сиёсӣ ва фарҳангӣ миёни мардумони форсизабони Мовароуннаҳр ва Эрон то марзи нестӣ расида буд.
Агарчи дар қарни бистум байни Тоҷикистону Эрон робитаҳое вуҷуд дошт, он ҳам бештар тавассути Маскав ҳамоҳанг мешуд ва дар сатҳи диду боздидҳои аҳли адаб ва фарҳанг маҳдуд буд.
Аммо баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва касби истиқлоли ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар соли 1991, равобити Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистон, ба марҳилаи тозае расид.
"Аташи забонӣ"
Сарфи назар аз ҳадафҳои жиюпулитике, ки Эрон дар кишварҳои тоза ба истиқлолрасидаи пасошӯравӣ дунбол мекунад, равобити Эрон бо Тоҷикистон барои давлат ва мардуми ин кишвар бо таваҷҷӯҳ ба муштаракоти ду миллат ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳоизи аҳаммият аст.

Тунели "Истиқлол", ки эрониён сохтанд, шимол ва ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад
Аз нигоҳи сиёсӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз нахустин кишварҳоест, ки истиқлоли Тоҷикистонро расман эътироф ва сафоратхонаи хешро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард. Дидори расмии Алӣ Акбари Вилоятӣ , вазири умури хориҷаи вақти Эрон, аз Душанбе ва сипас, сафари расмии Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурии вақти Тоҷикистон, ба Теҳрон равобити диплумотик ва сиёсии ду кишварро дар сатҳи хеле болое қарор дод, ки то ба имрӯз густариш меёбад.
Бояд мутазаккир шуд, ки ифтитоҳи сафоратхона ва чанде баъд Ройзании Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе аввалтар аз ҳама равобити фарҳангии ин ду кишвари дорои забон ва фарҳанг ва ифтихороти муштаракро густариш бахшид ва то ҳадде аташи забонӣ ва фарҳангии мардуми тоҷикро бо ба роҳ андохтани ҳамоишҳои муштараки адабӣ ва илмӣ ва фарҳангӣ дар шаҳрҳои таърихии форсизабонон чун Шерозу Исфаҳон, Машҳаду Теҳрон фурӯ нишонд.
Паёмади ҳамоишҳои муштараки адабиву илмӣ ва диду боздиди рӯшанфикрони тоҷик аз марокизи таърихӣ ва фарҳангии Эрон дар талошҳо барои рушди забони форсии тоҷикӣ ва наздик шудан ба асолати хеш беасар набудааст. Дар нимаи аввали даҳаи 1990 алоқаи шадиде миёни мардуми Тоҷикистон ба фарогирии алифбои форсӣ, ё он тур ки дар миёни мардуми тоҷик муравваҷ аст, алифбои ниёгон, ба миён омад.
Бо таъсиси намояндагии интишороти Алҳудо ва китобфурӯшии Алҳудо" дар шаҳри Душанбе ва ба маърази фурӯш гузошта шудани кутубу маҷаллот ва ҷароиди форсии Эрон, ин алоқа боз ҳам тавсеъа пайдо кард.
Бавижа, бо ҳиммати Алҳудо дар Эрон бо алифбои форсӣ ба чоп расидани баргузидаи ашъори шуъарои муъосири Тоҷикистон, чун Лоиқ Шеръалӣ, Гулрухсор, Муъмин Қаноъат, Аскар Ҳаким, Фарзона ва амсоли онҳо, ва талошҳои донишмандон барои ба вуҷуд овардани истилоҳоти илмии воҳид дар неҳзати поксозии забони форсии тоҷикӣ муассир қарор гирифт.
"Робитаи истисноӣ"
Ба таври хулоса, дар даҳ соли аввали истиқлоли Тоҷикистон ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ бештар дар меҳвари равобити ду кишвар қарор дошта ва ба рушди забони адабии тоҷикӣ ва худогоҳии миллии тоҷикон мусоъидат кардааст.

Оқоён Раҳмон ва Аҳмадинажод Эрону Тоҷикистонро борҳо "шарикони истротежик" хондаанд
Аммо дар даҳсолаи дувуми истиқлол таваҷҷуҳи бештари давлати Эрон дар равобит бо Тоҷикистон ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мабзул гардидааст. Ҳамкориҳои тиҷоратии Эрону Тоҷикистон тайи беш аз даҳ соли ахир тавсеъаи чашмгире пайдо карда, ки он бавижа дар бахши хусусӣ, густариши бесобиқа дорад.
Кумакҳои иқтисодӣ ва фаннии Эрон ба Тоҷикистон қабл аз ҳама дар арсаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ ва роҳсозӣ афзалият дорад. Сохтмони нерӯгоҳи Сангтуда-2, ки қарор аст дар ояндаи наздик ба итмом расад ва тарҳи нерӯгоҳи дигаре дар рӯдхонаи Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон, ба раҳоии ин кишвар аз буҳрони энержӣ кумак хоҳад кард.
Ҳамчунин, ёдовар бояд шуд, ки сохтмони тунели "Истиқлол" барои пайвастани роҳи заминии шимолу ҷануби Тоҷикистон, бавижа барои ҳамлу нақл ва боркашонӣ миёни устони Суғд, дар шимоли кишар, ва шаҳри Душанбе, ки дар фасли зимистон ҳамеша қатъ мешуд, ҳоизи аҳаммияти бузургест.
Албатта, тарҳҳои зиёди ҳамкорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон дар дасти иҷрост ва робитаи ин ду кишвар, тавре ки дар боздиди ахири хеш Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, иброз дошт, як робитаи истисноӣ аст, зеро онҳо забону фарҳанг ва ифтихороти муштараке доранд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ дар солҳои ахир борҳо эълом кардааст, ки Эрон "шарики истротежики Тоҷикистон" аст, дар ҳоле ки аз замони ба қудрат расидани ӯ дар авоили даҳаи 1990 то ҳамин чанде пеш танҳо Русия "шарики истротежик" барои Тоҷикистон маҳсуб мешуд.
"Ваъдаҳои наврӯзӣ"
Бо вуҷуди ҳамкориҳои густардаи ин ду кишвари форсизабон, ба назар мерасад, ки мушкилот ё носозгориҳое низ дар равобити фарҳангию сиёсии онҳо вуҷуд дорад, ҳарчанд намояндагони ду кишвар аз ин боб камтар сухан гуфтаанд.
"Телевизиюнҳои Тоҷикистон маъмулан рақсу суруд пахш мекунанд, дар сурате ки ин гуна барномаҳо барои ҷониби Эрон ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул нахоҳад буд"
Боризтарин намунаи носозгорӣ дар равобити ду кишвар таъвиқ дар иҷрои тарҳи таъсиси телевизиюни муштараки форсизабон аст, ки мардум солҳо мунтазири ифтитоҳи он ҳастанд. Тавофуқи худ дар бораи ин тарҳро раҳбарони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар дидори худ дар Душанбе дар соли 2006 эълом карда буданд, вале чанд Наврӯз гузашту "ваъдаҳои наврӯзии" раҳбарони се кишвар иҷро нашуд.
Дарвоқеъ, ин мавзӯъ барои бисёре суолбарангез аст, ки чаро тӯли панҷ соли гузашта ин тарҳ иҷро нашуд? Мақомҳои эронӣ борҳо эълом кардаанд, ки омодаи таъсиси ин телевизиюн ҳастанд, вале ҷониби Тоҷикистон таъхир мекунад. Мақомоти тоҷик ҳамтоёни эронии худро ба таъхир дар иҷрои ин тарҳ муттаҳам мекунанд.
Яке аз мавонеъ дар ин замина бемайлии мақомоти афғон ба таъсиси телевизиюни муштараки форсизабон арзёбӣ мешавад. Мақомоти афғон зоҳиран аз ҳамтоёни эрониву тоҷики худ хостаанд, ки дар ин телевизиюн барномаҳое ба забони пашту, яке аз ду забони расмии роиҷ дар Афғонистон, низ пахш шавад.
Вале мақомоти тоҷику эронӣ зоҳиран бо ин пешниҳод мувофиқ нестанд, зеро дар он сурат, ин телевизиюн сирфан форсизабон нахоҳад шуд. Аммо боз ҳам ин суол матраҳ аст, ки чаро пас ду кишвари Эрону Тоҷикистон наметавонанд худашон бидуни ҳузури Афғонистон ин тарҳро роҳандозӣ кунанд?
Посухи ин суол чандон сода ба назар намерасад, зеро ин мавзӯъ суолоти дигареро низ бармеангезад. Аз ҷумла, ин ки дар сурати таъсиси чунин телевизиюне гӯяндагони он, бавижа занон, дар чи либосе зоҳир хоҳанд шуд? Мисли эрониҳо ҳиҷоб хоҳанд дошт ё мисли тоҷикҳо беҳиҷоб хоҳанд буд?
Телевизиюнҳои Тоҷикистон маъмулан рақсу суруд пахш мекунанд, дар сурате ки ин гуна барномаҳо барои ҷониби Эрон ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул нахоҳад буд. Аз сӯйи дигар, як телевизиюни сирфан хабарӣ, ки барномаҳои тафреҳӣ ва саргармкунанда надошта бошад, мухотабони зиёде пайдо нахоҳад кард.
"Манофеъи мутафовит"
Тафовутҳои идеулужик байни Тоҷикистону Эрон, ки гоҳо монеъ аз тавсеъаи бештари ҳамкориҳои ду кишвар мешавад, танҳо дар амри таъсиси телевизиюни муштарак нест, ки худро бармало мекунад.

Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 аз муҳиммтарин тарҳҳои иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон аст
Дар заминаҳои дигаре низ "суитафоҳумҳои" ношӣ аз идеулужиҳо ва низомҳои сиёсии мутафовит ва манофеъи мутафовит дар ду кишвар ба мушоҳида мерасад. Масалан дар моҳи январи соли гузашта мақомоти Тоҷикистон аз сафари гурӯҳе тақрибан 100-нафарӣ аз омӯзгорони алифбои ниёкон дар мадориси мутавассити ин кишвар ба Эрон монеъ шуданд.
Аҷиб аст, ки намояндагони сафорати Эрон дар Душанбе ва мақомҳои Вазорати маъорифи Тоҷикистон сафари ин гурӯҳ аз омӯзгоронро тадорук дида буданд ва ҳатто дар рӯзи гусели онҳо ҷаласае муштарак доир карданду ба онҳо "сафари хайр" орзӯ карданд, вале ин сафар дар фурӯдгоҳи Душанбе ба поён расид.
Ҳарчанд мақомоти тоҷик он замон эълом карда буданд, ки ин сафар ба таъвиқ уфтода ва дертар анҷом хоҳад шуд, вале дидор аз Эрон барои омӯзгорони хатти ниёкон дар Тоҷикистон дигар муяссар нашуд.
Афзун бар ин, талошҳои Эрон барои таъсиси шӯъбаҳои бархе аз донишгоҳҳояш дар Тоҷикистон то кунун натиҷае надодааст, дар ҳоле ки шӯъбаҳои чанде аз донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон басуҳулат боз шудаанд ва ҳамасола донишҷӯёни зиёде дар ин муассисот таҳсил мекунанд.
Ду сол қабл, Вазорати маъорифи Тоҷикистон таҳсили фарзандони тоҷик дар танҳо мадрасаи эронӣ дар шаҳри Душанберо мамнӯъ кард, ки ин амр вокунишҳое дар ҷомеъа ва афкори умумӣ ба дунбол дошт.
Бисёриҳо аз он ибрози таъаҷҷуб мекунанд, ки чаро ҳафт мадрасаи туркӣ тайи ду даҳаи ахир дар Тоҷикистон фаъъолият доранд, вале мақомоти тоҷик, ки худ ҳамвора "лофи ҳамзабониву ҳамфарҳангӣ" бо Эрон мезананд, барои як мадрасаи эронӣ чунин имтиёзе қоил нестанд?
Гузашта аз ҳамаи ин, мушкилоте дар сатҳи сиёсиву диплумотик низ миёни ду кишвар зоҳиран вуҷуд дорад. Дар моҳи майи соли 2010 Ҳасани Қашқовӣ, муъовини вазири хориҷаи Эрон дар бахши кунсулгарӣ, маҷлис ва эрониёни бурунмарзӣ, аз Тоҷикистон дидор дошт.
Бар асоси гузоришҳо, он замон оқои Қашқовӣ хоҳони лағви низоми раводид бо Тоҷикистон шуда буд, аммо мақомоти тоҷик ин пешниҳодро напазируфтанд. Ин дар ҳолест, ки лағви раводид бо Эрон аз ормонҳои деринаи бисёре аз фарҳангиёни тоҷику эронӣ буда ва ин амр барои густариши тиҷорат байни ду кишвар низ метавонад суди фаровоне дошта бошад.
"Шайтоне бузург"
Бисёре аз таҳлилгарон мӯътақиданд, ки ончи давлати Тоҷикистонро дар мавриди густариши равобит бо Эрон муҳтот карда, аз як сӯ, эҳтимоли фишор аз сӯйи Омрико ва Русия, ва аз сӯйи дигар, нигаронии мақомоти тоҷик аз нуфузи ислом ва густариши исломгароӣ дар Тоҷикистон аст.

Раҳмон, Карзай ва Аҳмадинажод дар дидори худ дар соли 2006 дар Душанбе эълом карданд, ки се кишвар як телевизиюни форсизабон таъсис хоҳанд дод
Русҳо мехоҳанд нуфузи фарҳангию забонии худро дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна ҳифз кунанд ва табиъист, ки Маскав аз густариши нуфузи Эрон, ки бузургтарин кишвари форсизабон ва дорои захоир ва зарфиятҳои бузурги фарҳангию иқтисодӣ дар минтақа аст, бим дорад.
Тоҷикистон агарчи бо Эрон забон ва фарҳанги муштарак дорад, аммо хатти расмӣ дар ин кишвар гунае ислоҳшуда аз хатти сириллики русӣ аст, ки соли 1939 дар Тоҷикистон ба расмият даромад. Мақомоти Шӯравӣ нахуст дар соли 1929 хатти лотин ва даҳ сол баъд хатти сирилликро ҷойгузини хатти форсӣ дар Тоҷикистон карданд, ки беш аз ҳазор сол дар ин сарзамин роиҷ буд.
Аз он замон то кунун фарҳанг ва забони русӣ таъсири амиқе дар рӯҳия ва гуфтори тоҷикон барҷо гузоштааст. Агарчи дар оғози даврони истиқлол бисёре аз рӯшанфикрони тоҷик хостори бозгашт ба хатти форсӣ буданд, аммо ба далели мухолифати гурӯҳҳои тарафдори Русия ин тарҳ ба иҷро нарасид.
Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, дар гузашта мақомоти омрикоӣ низ дар сафарҳои мутаъаддиди худ ба Тоҷикистон мақомоти ин кишварро аз "эътимод ё такияи зиёд" ба сармоягузории Эрон ҳушдор додаанд.
Омрико бар сари барномаи ҳастаии Эрон ва масоили дигар бо ин кишвар ихтилофоти ҷиддӣ дорад ва мубтакири чандин маврид аз таҳримҳои густардаи иқтисодӣ алайҳи Эрон аст, ҳарчанд дар мавриди барқарории субот дар Афғонистон наметавонад нақши Эронро нодида бигирад.
Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ, ба навбаи худ, Омрикоро "шайтоне бузург" меноманд, ки тамоми бадбахтиҳои ҷаҳони ислом, бавижа қазияи Фаластин, реша дар "сиёсатҳои истеъморгаронаи онҳо" дорад.
Равобити ин ду кишвар аз замони вуқӯъи инқилоби соли 1979, ки Ҷумҳурии Исломиро дар Эрон рӯйи кор овард, ва ҳодисаи гаравгонгирии диплумотҳои омрикоӣ дар Теҳрон ба дунболи он, қатъ шудааст.
Ба ин тартиб, ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон тайи ду даҳаи ахир ҳарчанд густариши тадриҷӣ ва мутавозине дошта, аммо авомили дохилӣ ва хориҷӣ аз тавсеъаи бештари ин равобит монеъ шудаанд.
Ба ин далел, наметавон гуфт, ки равобити сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоъии ин ду кишвар ба сатҳе, ки бисёриҳо дар оғози даврони истиқлоли Тоҷикистон таваққӯъ доштанд, расидааст.















