
Хушназар Майбалиев дар синни 73-солагӣ даргузашт
Хушназар Майбалиев, ҳунарманди маъруф ва коргардони теотри Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе, бар асари ҳамлаи қалбӣ дар синни 73-солагӣ даргузашт.
Дар маросими ташйиъи ҷанозаи вай, ки рӯзи шанбеи 31 декабр дар маҳаллаи 112 шаҳри Душанбе баргузор шуд, мақомҳои вазорати фарҳанг, ҳунармандони теотру синемо, адибону донишмандон ва дӯстдорони ҳунари теотр дар Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ карданд.
Ҷанозаи Хушназар Майбалиев дар гӯристони "Лучоб", ки маҳалли дафни шахсиятҳои номдори фарҳанг ва адабиёти Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ба хок супурда шуд.
Муқим Майбалиев, писари бузурги Ин коргардони маъруф, ки дар шаҳри Твери Русия раиси анҷумани тоҷикон мебошад, низ зӯҳри имрӯз вориди Душанбе шуд ва дар расми тадфини падараш ширкат дошт.
Хушназар Майбалиев дар соли 1938 дар рустои Дерзуди ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст.
Ӯ фориғуттаҳсили бахши коргардонии Донишкадаи фарҳанги шаҳри Маскав ва Донишкадаи давлатии теотри Луначарскийи шаҳри Маскав буда, дар теотри шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ва теотри Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе ба унвони коргардон фаъъолият кардааст.

Муқим Майбалиев раиси анҷумани тоҷикон дар шаҳри Твери Русия аст, ки дар сӯги падараш мегиряд
Нахустин намоишномае, ки ӯ таҳия кардааст, Бахти шумо, бахти ман аз шоъир Мирсаид Миршакар буд, ки дар соли 1968 теотри Рӯдакии шаҳри Хоруғ ба намоиш даромад. Вай дар тӯли фаъъолияти ҳунарии худ беш аз 40 намоишномаро таҳия ва дар саҳнаи теотр ба намоиш гузоштааст.
Намоишномаҳои Ҳуррият аз нависанда Ғанӣ Абдулло, Корвони бахт аз Мирсаид Миршакар, Ваня тағо ва Ревизор аз Антон Чехов, Машварат аз Гелман,Захми забон аз Меҳмон Бахтӣ ва Дасти дӯст аз Меҳрубон Назаров аз ҷумлаи осоре ҳастанд, ки Хушназар Майбалиев дар теотри Лоҳутӣ ба саҳна гузоштааст.
Охирин намоишномаи ӯ, ки ҳамроҳ бо Шер Абдулқайсов дар теотри Лоҳутӣ ба намоиш гузошт, "Ориёӣ" ном дошт, ки ду сол пеш таҳия шуда буд.
Ҳунармандони маъруфе монанди Мирзоватан Миров, Бобоҷон Ҳасанов, Саъодат Азизова, Соро Сабзалиева, Баҳодур Миралибеков, Асалбек Назриев ва Шер Абдулқайсов, худро аз шогирдони Хушназар Майбалиев ба шумор меоваранд.
Бархе аз ҳунармандони саршинос назароти худро дар бораи Хушназар Майбалиев бо мо дар миён гузоштанд:
Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи маъруф:
"Марги чунин як коргардони маъруф, коргардони бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, устод Хушназар Майбалиев, воқеъан ҳам талафоти бисёр бузургест барои теотри тоҷик. Дар оғози солҳои 60-уми қарни гузашта теотри тоҷик, теотри румонтикӣ ва теотри танҳо ҳунарпеша буд.

Ортиқи Қодир: "Устод Хушназар Майбалиев ба теотри тоҷик ҳикмат, фалсафа ва ҷаҳони маъниро оварданд"
Устод Хушназар Майбалиев аз мактаби бузурги Анатолий Эфрос, яке аз бузургтарин коргардонҳои дунё, ба теотри тоҷик ҳикмат, фалсафа ва ҷаҳони маъниро оварданд.
Намоишномаҳои теотрӣ қавитар шуданд, устод бо худашон ба теотр ҳикмат ва фалсафа оварданд. Дар намоишномаҳои ба саҳна гузоштаи устод ҳунарпешаҳо ҷаҳони ботинии қаҳрамони худро эҳсос карда, аз саҳна намоиш медоданд.
Аксари намоишномаҳои устод Хушназар Майбалиев ҷанбаи фалсафӣ, ҷанбаи амиқи тафаккур доштанд. Намоишномаи Муфаттиш-и Гоголро қариб дар ҳамаи теотрҳои дунё ба саҳна гузоштаанд, аммо намоишномаи Муфаттиш-е, ки устод Хушназар Майбалиев ба саҳна гузошта буд, ҳамчун беҳтарин таҳияи намоишномаи "Муфаттиш" ва ё Ревизор дар миёни теотрҳои шӯравӣ шинохта шуд.
Дар намоишномаи Фарёди ишқ-и Ғанӣ Абдулло бо коргардонии устод Хушназар Майбалиев дар толори теотр ҷойи нишаст набуд ва мардум пушти дари теотр навбат меистоданд, то ин намоишномаро бубинанд. Зиёд мехостам, ки ин намоишномаҳои устод дубора эҳё шаванд ва ҳунарпешаҳои ҷавон аз ин мактаби бузурги устод биомӯзанд."
Асалбек Назрӣ, ҳунарпешаи теотр:
"Мегӯянд ҳар касе агар як нафарро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад ва ба ӯ роҳ нишон диҳад, ҷойи ӯ биҳишти аълост. Устоди азизи мо Хушназар Майбалиев на танҳо як нафар, балки садҳо нафарро дар зиндагии пурбаракаташон раҳнамоӣ кардаанд ва то дараҷаи устодӣ расондаанд.

Ҷанозаи Майбалиев дар гӯристони Лучоб, маҳалли дафни шахсиятҳои номдори ҳунар ва адабиёт, ба хок супурда шуд
Ва дар аксари теотрҳои Тоҷикистон чандин шогирдони устод кор ва фаъъолият мекунанд, ки ҳар кадоме соҳиби ному унвонҳо низ шудаанд.
Дар теотри тоҷик устод Хушназар бо худашон диди нав оварданд. Дар яке аз нахустин намоишномаҳои худ бо номи Дуел аз Мар Бойҷиев, дромнависи қирғиз, устод Майбалиев навгоние ба ҳунари таҳияи намоишномаҳо ворид намуд, ки инқилобе дар ҷаҳони теотри он замон ба вуҷуд оварда буд."
Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди маъруф:
Устод Хушназар Майбалиев бар ман ҳаққи устодӣ доранд, зеро ман тоза ба теотр ба кор омадам ва устод аз Маскав баргаштанд. Ва нахустин намоишномае, ки ман дар он нақш бозӣ кардам, бо номи Корвони бахт аз Ғанӣ Абдулло аз тарафи устод Майбалиев таҳия шуда буд, эшон ба ман кумакҳои зиёд карданд.
Дар замони фаъъолияташон дар теотри дроми ба номи Лоҳутӣ устод тавонистанд, ки теотрро ба мардум наздиктар кунанд, намоишномаҳо ғанитар ва ҷолибтар шуданд, услуби кӯҳнаро шикастанд ва услуби тоза ворид карданд.
Теотри тоҷик ба арсаи теотрҳои байналмилалӣ роҳ ёфт ва сафарҳои зиёде бо намоишномаҳо ба ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои дигар доштем.
Ба андешаи ман, яке аз беҳтарин намоишномаҳо, ки устод таҳия карданд, Дувалронӣ ва Хизирхон, асари Мирзо Абдулқодири Бедил, буд.
Исо Абдуррашидов, ҳунарпешаи маъруфи теотр:

Бисёре аз ҳунармандони теотр дар Тоҷикистон худро аз шогирдони Майбалиев ба шумор меоваранд
"Аз нахустин намоишнома то охирин намоишнома, ки устод Хушназар Майбалиев бо номи Ориёӣ бо ҳамроҳии шогирдашон Шер Абдулқайсов ба саҳна гузошта буданд, ҳамаи онҳо намоишномаҳое буданд, ки бинандаро ба андеша кардан водор мекунанд.
Ҳарчанд ин намоишномаҳо на ҳама ҷараёни воқеъаро ошкоро дар саҳна барои бинанда рушан мекарданд, вале бинандаро водор мекарданд, ки фикр кунад ва маънӣ ва паёми намоишномаро дарёбад.
Ин яке аз усули кори устод Хушназар Майбалиев буд, ки мегуфт, бигзор бинанда дар баробари тамошои намоишнома фикр кунад, андеша кунад ва аз асари теотриро дарк кунад.
Хусусияти дигари устод он буд, ки мисли дигарон наметавонист, ки бо овоз баланд кардан дилашро холӣ кунад, хеле муаддаб, хеле батамкин буданд ва ҳаргиз аз касе ё аз чизе шикоят намекарданд, хубу бади зиндагиро дар вуҷуди худ нигоҳ медоштанд.
Шояд ҳамин боъис шуда, ки дили устод дигар ин дарди гаронро тоб наовард.
Бо даргузашти устод теотри тоҷик талафоти калоне дод...















