bbc.co.uk navigation

Луиз Орбур Тоҷикистонро кишваре осебпазир аз ҷанг хонд

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 30 Декабр соли 2011 - 13:08
Луиз Арбор

Ба бовари хонуми Арбор Тоҷикистон танҳо ба хотири доштани “толеъи хуб” то ҳоло арзи вуҷуд дорад

Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон дар мақолае барои маҷаллаи Foreign Policy, 10 минтақаи осебпазир дар баробари низоъ ё ҷанг дар соли 2012 – ро мушаххас кардааст.

Луиз Орбур, президент ва мудири омили гурғҳи Бӯҳрон ва муъаллифи мақолаи “Ҷангҳо дар сол 2012” дар ин матлаб гуфтааст, ки манотиқи мавриди нигаронӣ бо ҳамин даҳ минтақа маҳдуд намешавад.

Вай менависад, бархе аз манотиқе, ки аз қабл дар маркази таваҷҷӯҳи созмонҳо ва расонаҳо қарор дорандро ба ин феҳрист шомил накардааст.

Дар феҳристи кишварҳое, ки эҳтимоли ҷанг дар онҳо вуҷуд дорад, Сурия, Эрон, Исроил, Афғонистон, Покистон, Яман, Осиёи Миёна, Бурундӣ, Кунгу, Кения, Сомалӣ ва Венесуэло шомил шудаанд.

Тунис ва Миянмар ба унвони ду кишваре ном бурда шудаанд, ки шонси хуб барои беҳбуд бахшидан ба вазъи худро доранд.

Аммо Тоҷикистон ба ақидаи Луиз Арбор аз кишварҳоест, ки имкони бурузи низоъ дар он дар соли 2012 имконпазир аст. Аслан ба бовари хонуми Арбор, Тоҷикистон танҳо ба хотири доштани “толеъи хуб” то ҳоло арзи вуҷуд дорад.

Зеро ба навиштаи ӯ "зерсохторҳои ин кишвар тақрибан ба ҳам рехта, низоми сиёсӣ дар фасод гум шуда ва хадамоти умумӣ дар он тақрибан аз байн рафтааст."

Дар ин гузориши Гурӯҳи Бӯҳрон мехонем: “Ба болои ин ҳама бадбахтиҳояш, Тоҷикистон ҳоло бо хавфи амниятӣ аз сӯйи шӯришиён дар дохил ва хориҷи кишвар рӯбарӯст ва ин чизест, ки ин кишвар тавони истодагарӣ алайҳи онро аслан надорад.”

Қаблан Пол Куин Ҷадҷ, намояндаи созмони Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон дар Осиёи Миёна гуфта буд, "то панҷ то даҳ соли оянда дар Тоҷикистон омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва пизишкон барои табобати одамон боқӣ намемонанд ва набудани барқ ба як амри маъмулӣ табдил мешавад."

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша ба гузоришҳои Гурӯҳи Бӯҳрони Байналмилал бо тардид нигоҳ мекунанд. Сӯҳроб Шарипов, раиси собиқи маркази мутолеъоти истротежик ва намояндаи порлумон ҳушдорҳои мукаррари ин созмон дар бораи эҳтимоли нооромӣ дар Тоҷикистонро бепоя мехонад ва мегӯяд, ки таҳлилҳои Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон "аксаран дар асоси иддаъоҳои хом" шакл меёбанд.

Гурӯҳи Бӯҳрон

Гурӯҳи Байналмилали Бӯҳрон қаблан ҳам ҳушдор дода буд, ки Тоҷикистон ба остонаи харҷу марҷ қарор дорад

Аммо дар гузориши ахири Луиз Орбур, ки қаблан аз мақомоти аршади Кумисюн ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид будааст, мехонем: “гӯи ин бадбахтиҳо (барои Тоҷикистон) кам буд, ки равобити ин кишвар бо Ӯзбакистони ҳамсоя, дар бадтарин сатҳ қарор дорад."

Ӯ меафзояд: “Низоъи обӣ” миёни ин ду кишвар ба дур аз пайдо шудани роҳиҳал аст ва гаҳ-гоҳе дар манотиқи марзии онҳо даргириҳои хунин низ рӯх медиҳанд, ки метавонанд низоъи бузургтареро таҳрик кунанд.”

Ӯзбакистон - як шарики ғайри қобили эътимод

Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон ҳамчунин менависад, ки ҳарчанд Вошингтун дар заминаи интиқоли колоҳошон ба Афғонистон ба Тошканд зиёд ниёз дорад, “аммо Ӯзбакистон бо режими сангини худ барои Омрико як шарики ғайриқобили эътимод аст.”

Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон пайваста аз наҳваи кумакрасонии кишварҳои ёригар ба кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна интиқод кардааст.

Дар оғози соли ҷорӣ ин созмон гузорише бо номи “Осиёи Марказӣ: табоҳӣ ва таназзул”-ро дар бораи вазъи кишварҳои Осиёи Миёна мунташир карда ва дар он низ ҳушдор дода буд, ки кишварҳои ин минтақаро ҳарҷу марҷ таҳдид мекунад.

Дар ин гузориш таъкид шуда буд, ки "Бидуни тағйироти созмонёфта аз боло, минтақаро тағйироти ҳамроҳ бо ҳарҷу марҷ аз поён таҳдид мекунад ва ин ҳолат тардиди азимеро дар заъифтарин бахши ҷаҳон ба вуҷуд меорад."

Ба бовари ин созмони байналмилалӣ "танҳо мутамарказ шудани талошҳои давлат, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ёрирасон дар самти мудернизаи зерсохторҳо метавонад минтақаро аз ҳарҷу марҷ нигоҳ дорад."

Гурӯҳи Бӯҳрони Байналмиал, созмони ғайрирасмӣ ва мустақили омрикоӣ дар соли 1995 бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз бурузи низоъҳо таъсис шудааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.