
Дар толори Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон маҳфили удабо ва ҳунармандони тоҷику эронӣ баргузор шуд
Теъдоде аз удабо ва ҳунармандони Эрону Тоҷикистон дар сададанд Анҷумани удабо ва ҳунармандони форсизабонро таъсис кунанд.
Абдулҳамид Самадов, муъовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 30 декабр, дар маҳфили шоъирону нависандагон ва ҳунармандони тоҷику эронӣ дар толори Иттиҳодияи нависандагон ҳадаф аз таъсиси чунин ниҳодеро барои тавсеъаи бештари ҳамкориҳои адибону ҳунармандони ин ду кишвар ва табодули иттилоъоту таҷруба миёни онҳо муҳим ва созанда арзёбӣ кард.
Оқои Самадов гуфт, ки имкон дорад дар чорчӯби ин анҷуман Шӯрои шоъирону нависандагони тоҷику эронӣ таъсис шуда ва интихобу чопи осори удабои ин ду кишвар ба уҳдаи ин ниҳод вогузор шавад.
Мирзо Шакурзода, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, низ таъкид кард, ки ҳарчанд дар солҳои қаблӣ беш аз 300 асари шоъирону нависандагони тоҷик дар Эрон мунташир гардидааст, аммо дар зарфи 2 то 3 соли ахир мавориди чопи кутуби удабои тоҷик дар Эрон ҷиддан коҳиш ёфтааст.
Ҳусайни Қаннодиён, масъули созмони Басиҷи ҳунармандони Эрон ва раҳбари ҳайъати эронӣ дар Тоҷикистон, зимни пуштибонӣ аз ин пешниҳод гуфт, ки ҳоло дар Эрон Анҷумани шоъирони форсизабон таъсис шуда ва сойти интернетии ин ниҳод низ фаъъол аст.
Оқои Қаннодиён гуфт, ки мумкин аст мавзӯъи таъсиси Анҷумани шоъирону нависандагон ва ҳунармандони форсизабон дар ҳамоиши байналмилалии ҳунармандони ҷаҳони ислом дар Эрон дар соли оянда матраҳ шавад.

Оқои Ҷовид гуфт, ки бо донишмандони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар бахши мусиқии фулклурики ҷашни Наврӯз пажӯҳишҳои муштараке анҷом додааст
Аз сӯйи дигар, Ҳушанги Ҷовид, донишманди мусиқии фулклурики Эрон, гуфт, ки донишмандони тоҷику эрониро на танҳо муштаракоти забонию мазҳабӣ, балки муштаракоти анъанаю ҷашнҳо низ ба ҳамкориҳои танготанг раҳнамун сохтааст.
Оқои Ҷовид гуфт муддати тӯлонист, ки бо Дилшод Раҳимов ва Равшани Раҳмонӣ, донишмандони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, дар бахши мусиқии фулклурики ҷашни Наврӯз ҳамкорӣ карда ва дар ин замина пажӯҳишҳои муштараке анҷом додааст.
Ҷамоли Шӯрҷӯ, коргардони эронӣ, омодагии худро барои бардоштани филмҳои муштарак бо аҳмкорони тоҷикаш иброз дошт. Вай гуфт, ки соли гузашта дар Лубнон филми муштаракеро бо филмсозони булнонӣ ба навор гирифта ва қасд дорад бо филмсозони тоҷик низ бар пояи осори муштараки таърихию адабӣ сериёле таҳия намояд.
Зимнан, оқои Шӯрҷӯ аз филмсозони саршиноси Эрон маҳсуб шуда ва 10 филми ӯ дар Эрон ва кишварҳои хориҷӣ ба намоиш даромадаанд. Ба гуфтаи ин филмсоз, ҳоло ӯ саргарми бардоштани сериёли ҷадиде дар бораи Ҳазрати Мӯсо аст, ки мураккаб аз 70 қисмат хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз шоъирону нависандагони тоҷик аз зуҳури нишонаҳое аз тафриқаандозии мазҳабӣ дар миёни тоҷикону эрониён ибрози нигаронӣ карданд.
Кароматуллоҳ Мирзоев, нависанда ва сардабири нашрияи Адабиёт ва санъат дар Тоҷикистон, гуфт, ки иддае аз нерӯҳои хориҷӣ "барои барангехтани нифоқу низоъ миёни Тоҷикистону Эрон" аз тариқи тафовутҳо дар равияҳои мазҳабӣ талош мекунанд.

Оқои Мирзоев гуфт, ки иддае аз нерӯҳои хориҷӣ барои барангехтани нифоқ миёни Тоҷикистону Эрон бо истифода аз тафовутҳои мазҳабӣ талош мекунанд
Оқои Мирзоев гуфт, ки ҳоло бархе аз кишварҳои абарқудрат бо баҳонаи силоҳи ҳастаӣ мехоҳанд Эронро дар инзиво қарор диҳанд.
Ӯ гуфт: Тоҷикон дар ҳама ҳолат дар паҳлӯи бародарони эронӣ ҳастанд ва нохушӣ барои Эрон, нохушӣ барои Тоҷикистон аст.
Назрӣ Яздон, шоъири тоҷик, низ таъкид кард, ки бархе аз нерӯҳо "аз содагии мусалмонон" истифода карда ва мехоҳанд бо истифода аз мухолифатҳои мазҳабӣ миёни Эрону Тоҷикистон ихтилоф эҷод кунанд.
Ба эътиқоди оқои Яздон, шоъирону нависандагон ва ҳунармандони эронию тоҷик тавассути ҳамраъйию ҳамбастагӣ аз ин гуна ихлофоти эҳтимолӣ бояд ҷилавгирӣ кунанд.
Зимнан, ҳайъати бузурги шоъирон, нависандагон, ҳунармандон ва мусиқидонҳою филмсозони Эрон дар зарфи як ҳафта аз Донишкади ҳунарҳои зебои Тоҷикистон, Теотри уперо ва боллеи Айнӣ, теотри дроми Лоҳутӣ, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дидан карда ва бо шоъирону нависандагон ва ҳунармандони тоҷик дидору гуфтугӯ карданд.















