Ду халабони рус ва эстунӣ аз додгоҳи вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, барои табрааи комили худ дархости истиноф додаанд.
Додгоҳи ин вилоят Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро дар моҳи ноябри соли ҷорӣ барои ду солу шаш моҳ ба зиндон маҳкум ва бар асоси қонуни афв аз толори додгоҳ озод кард.
Ғулом Бобоев, вакили мудофеъи Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, рӯзи чаҳоршанбеи 28 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки муваккилони вай ҳеҷ қонунеро нақз накардаанд ва аз ин рӯ, аз додгоҳи истинофӣ мехоҳанд, ки онҳоро комилан табраа кунад.
Аммо Муҳаббат Азизова, раиси додгоҳи вилояти Хатлон, мегӯяд, ки шикояти халабонҳо ҳануз ба ин додгоҳ ворид нашудааст.
Дар моҳи ноябр додгоҳи шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон оқоён Садовничий ва Руденкоро дар убури ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва риъоят накардани меъёрҳои байналмилалии ҳавонавардӣ муҷрим шинохта ва ба 8,5 сол зиндон маҳкум кард.
Аммо маҳкумияти халабонҳои рус ва эстунӣ дар Тоҷикистон хашми мақомоти Русияро барангехт ва онҳо дар иқдоме талофиҷӯёна садҳо муҳоҷири кории тоҷикро боздошт ва иддаеро аз Русия ихроҷ карданд.
Дар пайи афзоиши фишорҳои Русия бар давлати Тоҷикистон додгоҳи вилояти Хатлон зимни бознигарӣ дар қазияи халабонҳо, онҳоро маҳкум ба ҳабс ва сипас, тибқи қонуни афв маъоф кард.
Ҳамчунин, ду ҳавопаймои АН-72, ки ба ширкати Ролкан Инвестмент ЛТД мутаъаллиқ будаанд, ба суди давлати Тоҷикистон муссодира шуданд.
Аммо рӯзи душанбе масъулони ин ширкат низ ба додгоҳи истинофӣ барои лағви ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон дар мавриди мусодираи ҳавопаймоҳо шикояте ирсол кардаанд.















