bbc.co.uk navigation

Владимир Путин: Мухолифон фоқиди раҳбарии муассир ва ҳадафи мушаххасанд

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 27 Декабр соли 2011 - 12:35

Владимир Путин, нахуствазири Русия ва номзади ҳизби ҳокими Русияи Муттаҳид дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи март мухолифони худро "фоқиди ҳадафи мушаххас ва раҳбарии муассир" дониста ва бо такзиби иддаъои онон дар мавриди тақаллуб дар интихоботи ахири порлумонӣ дархости ибтоли натиҷаи интихоботро рад кардааст.

Оқои Путин дар суханони худ, ки пас аз тазоҳуроти густурда дар рӯзи шанбеи мухолифон дар Маскав эрод шуда, гуфтааст, ки тазоҳуркунандагон ва аҳзоби мухолиф мекӯшанд, натиҷаи интихоботи порлумонии ахир фоқиди машрӯъият ҷилва диҳанд.

Агарчӣ Владимир Путин ҳамчунон қудратмандтарин номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба шумор меравад, аммо ахиран теъдоде дигаре аз шахсиятҳои сиёсии Русия тасмим гирифтаанд дар баробари ӯ ба рақобат пардозанд.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.