
Владимир Путин: Мухолифон фоқиди раҳбарии муассир ва ҳадафи мушаххасанд
Владимир Путин, нахуствазири Русия дархостҳои бознигарии интихоботи баҳсбарангези порлумониро дар ин кишвар рад кардааст ва муътаризонро муттаҳам кардааст, ки аҳдофи мушаххас надоранд.
Вай ин матлабро зимни суханронӣ дар миёни тарафдорони худ аз аъзои Ҷабҳаи сартосарии мардумии Русия баён дошт.
Ин изҳороти оқои Путин ба дунболи эътирозоти умумии рӯзи шанбеи гузашта алайҳи интихоботи порлумонии 4 декабр мунташир мешавад. Мухолифон мегӯянд ин интихобот бо таққалуб ҳамроҳ будааст.
Оқои Путин яке аз номзадҳои аслии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст, ки қарор аст моҳи март баргузор шавад.
Ӯ гуфт ӯ ба ҳеҷ "найранге" ниёз надорад ва ба осонӣ аз ҳимоят бархурдор хоҳад шуд.
Оқои Путин афзуд мухолифони ӯ интихоботи порлумониро барои эҷоди бесуботӣ истифода мекунанд.
Нахуствазири Русия гуфт: "Интихобот анҷом шудааст. Порлумон ба кори худ оғоз кардааст ва раиси порлумон интихоб шудааст."
Ӯ афзуд: "Ҳеҷ суҳбате дар мавриди бознигарӣ наметавонад бошад."
Оқои Путин гуфт: "Танҳо як роҳ аст, ки қонун таъин карда - ирҷоъ ба додгоҳ."
"Ҳеҷ барнома нест"
Натоиҷи интихоботи баҳсбарангез муҷиби тақвияти мавзеъи мухолифон дар қиболи мақомоти Русия шуд ва мавҷе аз эътирозоти хиёбониро бо ширкати даҳҳо ҳазор нафар дар чандин шаҳри Русия дар пай дошт.
Ин тазоҳурот аз бузургтарин чолишҳо то кунун барои оқои Путин ва президент Медведев будааст.
Аммо оқои Путин ҷунбиши эътирозиро камаҳамият хондааст.
Рӯзи шанбе даҳҳо ҳазор нафар Маскав сарфиназар аз ҳавои зери сифр тазоҳурот карданд.
Владимр Путин дар бораи ин тазоҳуркунандаҳо гуфт: "Мушкил ин аст, ки онҳо ҳеҷ барномае надоранд."
"Онҳо барномаҳои инфиродии мутаъаддиде доранд, аммо барномаи воҳиде вуҷуд надорад, ҳамчунин роҳи мушаххасе барои расидан ба аҳдофашон, ки низ норӯшан аст, надоранд."
Натоиҷи расмии интихобот ҳокӣ аст, ки ҳизби тарафдори оқои Путин дар интихобот чизе камтар аз панҷоҳ дарсади ороро ба даст оварда, ки аз 64 дарсади орои ин ҳизб дар интихоботи соли 2007 хеле камтар аст.
Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо гуфтаанд интихоботи Русия ба суди ҳизби Русияи Муттаҳид, ҳизби тарафдори Кремлин мавриди дахолат қарор гирифтааст.
Ин нозирон аз дасткориҳое назири андохтани баргаҳои тақаллубӣ ба сандуқҳои раъй гузориш додаанд ва гуфтаанд масъулини баргузоркунандаи интихобот "мустақил" набудаанд.
Мақомоти Русия ҳам ба далели манъи чанд ҳизби сиёсии мухолиф мавриди интиқод қарор гирифтаанд.
Муътаризон хостори баргузории интихоботи ҷадид шудаанд, чизе ки Кремлин онро рад кардааст.
Ҳафтаи гузашта президент Медведев барномаи ислоҳотеро эълом кард, аммо тазоҳуркунандагон гуфтаанд ин барнома кофӣ нест.
Оқои Медведев барои ҳифзи симати раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ширкат намекунад аммо роҳро барои оқои Путин, ки тайи солҳои 2000 то 2008 барои ду давра раиси ҷумҳур буд, боз нигаҳ медорад.
Бисёре аз мардуми Русия аз оқои Путин тарафдорӣ мекунанд ва то ҳамин авохир ба назар мерасид, ки пирӯзии ӯ дар интихобот амре возеҳ аст.
Бо ин вуҷуд ҳоло хабарнигорон мегӯянд, ки эътирозоти ахир ӯро дар назари умум бештар осебпазир кардаст.















