Ҳукми абад ба панҷ муҷрими ҳамлаи теруристӣ дар Хуҷанд

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 26 Декабр соли 2011 - 07:10
Инфиҷор

Ҳамлаи теруристӣ дар Хуҷанд дар чанд соли ахир бесобиқа унвон шуда буд

Панҷ тан аз муттаҳамони ҳамлаи теруристӣ дар Хуҷанд ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Манобеъи додситонии вилояти Суғд гуфтанд, ки дар маҷмӯъ 53 нафар аз сокинони ин вилоят дар ин ҷиноят шарик будаанд.

Муҳокимаи додгоҳии ин афрод дар тобистони соли ҷорӣ оғоз шуда буд ва пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

Ба гуфтаи Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеъи яке аз ин маҳкумшудагон, панҷ нафаре ки ҳукми абад гирифтанд, ҳамзамон дар узвияти Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон муҷрим шинохта шудаанд.

Вай хабар дод, ки эъломи ҳукми 53 муттаҳам дар ҳамлаи терруристӣ дар моҳи сентябри соли 2010 дар Хуҷанд бидуни ширкати вакилони мудофеъи онҳо сурат гирифтааст. Ба гуфтаи оқои Насруллоев, бештари ин афрод аз 8 то сӣ сол равонаи зиндон шудаанд ва танҳо чаҳор нафар аз ин гурӯҳ тибқи қонуни афв озод шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, шоми ҷумъаи 23-уми декабр хабарнигори Би-би-сӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе шоҳиди саҳнае аз фуруд омадани панҷ нафар бо дастҳои баста аз ҳавопаймои масири Хуҷанд - Душанбе шуд.

Сару рӯи ин афрод бо матоъи сиёҳ аз анзори умумӣ пӯшида шуда буд. Онҳоро дар фурӯдгоҳ комюни умури зиндонҳо ва сарбозон бо худкорҳои Калашникуф пешвоз гирифтанд ва сипас бо риъояи тадобири шадиди амниятӣ онҳоро ба самти номаълум ҳаракат доданд.

Бахтиёр Насруллоев мегӯяд, ки тибқи иттилоъи вай, шоми рӯзи ҷумъа панҷ нафар маҳкумшудагон ба ҳукми абад фавран ба яке аз зиндонҳои Душанбе мунтақил шуданд. Манобеъи умури зиндонҳо гуфтанд, ки риъояти тадобири шадиди амниятӣ ба ҳангоми интиқоди муҷримони ҷиноёти сангин амре маъмулӣ будааст.

Боздоштгоҳ

Муҳокимаи афроди мазнун дар ҳамлаи теруристӣ дар сохтмони боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд паси дарҳои баста сурат гирифтааст

Вале манобеъи фурӯдгоҳи Душанбе мегӯянд, ки дар чанд соли ахир интиқоли маҳбусонро бо риъояи чунин тадобири амниятӣ дар хотир надоранд. Ба гуфтаи ин манобеъ, барои охирин бор онҳо чунин саҳнаро зимни истирдоди Яъқуб Салимов аз Маскав ба Душанбе мушоҳида кардаанд.

Тобистони имсол додситонии вилояти Суғд эълом карда буд, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи афроди муттаҳам дар ҳамлаи теруристӣ ба сохтмони пулиси ин вилоят дар моҳи сентябри соли гузашта анҷом шуда ва барои муҳокима ба додгоҳ ирсол шудааст.

Додситонӣ ин афродро дар терурисм, таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, ғасби ҳокимият, қатл, тақаллуби аснод, нигаҳдории силоҳ, убури ғайримуҷоз аз марзи Тоҷикистон ва сӯйистифода аз мақоми хидматӣ муттаҳам карда буд.

Зимнан, ин ҳамлаи интиҳорӣ, ки 3 сентябри соли гузашта рух дода буд, мӯҷиби кушта шудани ду нафар ва захмӣ шудани 28 нафари дигар шуда буд

Юсуф Раҳмонов, додситони устони Суғд, дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки бештари афроди боздоштшуда дар ин робита сокинони ноҳияи Истаравшан ҳастанд ва боқимонда аз дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд мебошанд.

Дар гузашта, кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, бо пахши як баёния эълом дошта буд, ки "ҳамлаи интиҳорӣ ба шуъбаи пулис аз сӯйи аъзои Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон содир шудааст."

Ба иттилоъи мақомоти зирабти Тоҷикистон, "субҳи рӯзи 3 - юми сентябри соли гузашта, Акмал Каримов, зодаи шаҳри Истаравшан ва сокини шаҳри Хуҷанд бо худрави навъи ГАЗ – 2104, ки дар дохил маводди мунфаҷира дошт, ба саҳни бинои бахши ҷароими созмонёфтаи пулиси вилояти Суғд ворид шуда ва худро мунфаҷир кард."

Гуфта шуд, ки "дар ин амали теруристӣ ӯро бародараш – Фирдавс Каримов ва "дигар ҳаммаслаконаш аз Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон" ҳамдастӣ кардаанд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.