bbc.co.uk navigation

Падари пулиси роҳ: Марги писарам аз беэҳтиётӣ набуд

Ба рӯз шуда:  Шанбе, 24 Декабр соли 2011 - 13:29
Шодӣ Шарипов

Талошҳои оқои Шарипов барои тағйири модаи иттиҳомот ба хотири ин аст, ки ӯ медонад - танҳо дар сурати ворид кардани иттиҳомот дар асоси модаи 110, қотили фарзандаш равонаи зиндон хоҳад шуд.

Падари пулиси роҳе, ки баҳори соли ҷорӣ ба ҳангоми анҷоми вазифааш дар маркази шаҳр кушта шуд, аз иттиҳомоти ворида алайҳи қотилони фарзандаш норозӣ аст.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр парвандаи ҷиноӣ дар мавриди қатли Равшан Шариповро барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ирсол кардааст.

Дар ин парванда додситонӣ Озодбек Одинаев ва Саидмухтор Мирҷоновро тибқи чаҳор моддаи Қонуни кайфарӣ ё ҷазои Тоҷикистон ба авбошӣ, талош барои ришвадиҳӣ, истифода аз зӯр алайҳи корманди давлатӣ ва қатл дар натиҷаи беэҳтиётӣ муттаҳам кард.

Аммо Шодӣ Шарипов, падари Равшан Шарипов мегӯд, ки қатли фарзандаш дар натиҷаи беэҳтиётӣ ба қатл нарасида, балки огоҳона то ба марг лату куб шудааст.

Ба ин хотир вай мехоҳад, муқасирони марги Равшан тибқи модаи 108 (қатл дар натиҷаи беэҳтиётӣ) на, балки тибқи модаи 110 (огоҳона расоднидани зарари ҷисмонӣ, ки ба марг мерасонад) муҳокима шаванд.

Ҳомид Маъмуров, вакили мудофеъи Шодӣ Шарипов мегӯяд, ин танҳо зоҳиши як падар нест, балки дар худи қонуни кайфарӣ қатл дар асари лату куб “қатл дар натиҷаи беэҳтиётӣ” маҳсуб намешавад, балки ин ҷиноят бояд дар чорчубӣ модаи 110 (қасдан лату кӯб кардан, ки дар натиҷаи зарари ҷисмонӣ инсон ба қатл мерасад) муҳокима шавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Маъмуров модаи 108 қонуни кайфарӣ ҷазои то панҷ сол зиндонро пешбинӣ карда ва модаи 110 ҳукми аз 12 то 20 сол маҳрумият аз озодиро дар назар дорад.

Равшан Шарипов, маъмури пулиси роҳ, дар баҳори соли ҷорӣ мавриди ҳамлаи ду нафар қарор гирифта ва дар натиҷаи лату кӯб ҷони худро аз даст дод.

Ҳамид Маъмуров гуфт, ки "ташхиси дубораи ҷасади Равшан Шарипов пас аз эксгуматсия (аз гӯр баровардан) нишон дод, ки сабаби марги вай, садамаи мағзӣ будааст, ки дар асари ду зарбаи сахт аз ду тарафи бинӣ ба ӯ расидааст."

Вай гуфт: “Озодбек Одинаев, муштзани касбӣ аст ва ӯ як бор не, ду бор чунин зарбаи сахт задааст. Ин зарбаҳо огоҳона буданд, на ин ки аз рӯи беэҳтиётӣ.”

Барои таъйиди ин иддаъо ҷасади Равшан Шарипов эксгуматсия (аз гӯр баровардан) шуда ва дубора мавриди ташхис қарор гирифт ва ин гуфтаҳоро таъид кард.

Шодӣ Шарипов, падари Равшан дар ҳоле ки ашк аз чашмонаш сарозер мешавад, мегӯяд, ки “Ба хотири адолат розӣ шудам, вагарна кадом падар ба ин кор розӣ мешавад! Вале бинед, инҳо чи кор карданд... Ман дигар ба адолат дар Тоҷикистон бовар надорам.”

Ба гуфтаи оқои Шарипов қабл аз ироаи парванда ба додгоҳ, муфаттиш Икром Қараев ва мақомоти ожонсии мубориза бо фасод низ ӯро “бовар кунондаанд, ки парванда аз рӯи модаи 110 муҳокима мешавад, аммо ин ҳар дурӯғ будааст.”

Зимнан дар сурати муҷрим шинохта шудани муттаҳамони парванда аз рӯи моддаҳое, ки додситонӣ алайҳи онҳо ворид кардааст, Озодбек Одинаев ва Саидмухтор Мирҷонов тибқи қонуни афв озод хоҳанд шуд.

Талошҳи оқои Шарипов барои тағйири модаи иттиҳомот ба хотири ин аст, ки ӯ медонад - танҳо дар сурати ворид кардани иттиҳомот дар асоси модаи 110, қотили фарзандаш равонаи зиндон хоҳад шуд.

Аммо вакили мудофеъи оқоён Одинаев ва Мирҷонов ҳатто ворид кардани иттиҳоми "қатл аз беҳтиётӣ" ба муваккилонашро иттиҳоми сангин ва нодуруст хонда ва гуфтааст, ки таҳқиқоти ин қазия амиқ анҷом нашудааст.

Равшан Шарипов баъд аз зӯҳри рӯзи 27 апрел ба ҳангоми ифои вазифа дар яке аз хиёбонҳои Душанбе ҳадафи ҳамлаи як ронанда ва ҳамроҳаш қарор гирифта ва баъд аз чанд рӯз дар бемористон даргузашт.

Шоҳидони айнии ин ҳодиса гуфта буданд, ки ин маъмури пулис як худрави Мерседесро дар хиёбони Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе барои риъоят накардани қавоъиди роҳ нигоҳ дошт ва мехост ронандаро ҷарима кунад. Аммо ронанда ва ҳамроҳи вай Равшанро мавриди лату кӯб қарор дода ва ӯро шадидан захмӣ кардаанд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.