
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бар ин бовар аст, ки раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон зимни таҳияи баёнияи ин ниҳод ба тақаллуб роҳ додааст
Додситонии ноҳияи Ваҳдат бародарон Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро ба тӯҳмат ва таҳқири раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон муттаҳам карда ва парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ ироа додааст.
Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруф, додситонӣ вай ва бародарашро ба нақзи моддаи 240 қонуни ҷазои идории (маъмурии) Тоҷикистон муттаҳам кардааст, ки то 15 шабонарӯз ҳабс ё ҷарима ба маблағи то бист маъоши ҳадди ақаллро дар назар дорад.
Рӯзи ҷумъаи 9 декабр намозгузорон дар масҷиди Муҳаммадия-и ноҳияи Ваҳдат, ки ба бародарон Тӯраҷонзода мутаъаллиқ аст, аз ҳузури Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва Анвари Вайсиддин, раиси ноҳияи Ваҳдат, изҳори норизоятӣ карданд.
Тибқи иддаъои мақомот дар ин рӯйдод "алайҳи онҳо (раиси кумитаи дин, раиси шӯрои уламо ва раиси ноҳияи Ваҳдат) беэҳтиромӣ зоҳир шуда ва онҳо мавриди таҳқир қарор гирифтаанд.
Ин афрод ба додситонии ноҳияи Ваҳдат аз ин амр шикоят бурдаанд ва маъмурони додситонӣ бародарон Тӯраҷонзодаро мавриди бозпурсӣ қарор доданд. Рӯзи чаҳоршанбеи 21 декабр Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дубора ба додситонӣ даъват шудаанд.
Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, додситонӣ ба ин натиҷа расидааст, ки ин ду рӯҳонии саршинос нисбат ба Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, таҳқир ва таҳвинро раво дидаанд.
Аз ҷумла, ба эътиқоди маъмурони додситонӣ, бародарон Тӯраҷонзода раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистонро ба пайравӣ аз Салафия, як гурӯҳи мамнӯъи исломӣ дар Тоҷикистон, муттаҳам кардаанд.
Ин ҷараёни исломиро Додгоҳи олии Тоҷикистон ифротгаро хонда ва мамнӯъ эълом кардааст.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ чунин иддаъои худ дар бораи пайрави ҷараёни Салафия будани оқои Абдулқодирзода таъйид карда ва гуфта буд, ки далоиле барои чунин изҳори назар дар даст дорад.
Ҳамакнун, додгоҳи ноҳияи Ваҳдат бояд парвандаи маъмурӣ алайҳи бародарон Тӯраҷонзодаро ба баррасӣ бигирад. Манобеъи додгоҳи ин ноҳия гуфтанд, ки ҳанӯз замони оғози муҳокимаи ин парванда мушаххас нашудааст.
Аз сӯйи дигар, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи худ ва бародарашро бепоя хонда ва иддаъо дорад, ки ин қазия дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.
Ҳамзамон, оқои Тӯраҷонзода аз Сайидмукаррам Абдулқодирзода ба додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Оқои Тӯраҷонзода раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистонро ба тақаллуб зимни таҳияи баёнияи ин ниҳод ва таҳвин алайҳи хонаводаи худ муттаҳам кардааст.
Ба эътиқоди оқои Тӯраҷонзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ бидуни машварат бо аъзои ин шӯро аз номи ин ниҳод баёния мунташир карда ва бародарон Тӯраҷонзодаро ба пайравӣ аз мазҳаби шиъа муттаҳам кардааст.
Гузашта аз ин, бародарон Тӯраҷонзода ба додситонии кулли Тоҷикистон аз рафтори Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва Анвари Вайсиддин, раиси ноҳияи Ваҳдат, шикоят бурда ва иддаъо кардаанд, ки ин афрод аз баргузории маросими мазҳабӣ монеъ шудаанд.
Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи бародарон Тӯраҷонзода, ин се нафар моддаи 157-и қонуни ҷиноии Тоҷикистонро нақз кардаанд.
Вай гуфт: "Тибқи ин муқаррарот, монеъ шудан аз баргузории маросими мазҳабӣ ҷиноят дониста мешавад ва ин се нафар бо ҳузури ғайримунтазираи худ дар масҷид, ки рӯзи 9-декабр рух дод, аз намозгузории мусалмонон монеъ шуданд.
Дар пайи ин ҳодиса Кумитаи дини Тоҷикистон фаъъолияти масҷиди Муҳаммадия-ро маҳдуд ва бародарон Тӯраҷонзодаро аз симати имом-хатибони ин масҷид барканор кард.
Қазияи бародарон Тӯраҷонзода ва Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бо пахши баёнияи ин ниҳод оғоз шуда буд. Шӯрои уламои исломӣ иддаъо дорад, ки бародарон Тӯраҷонзода дар масҷиди худ маросими Ошуроро, ки хосси мазҳаби шиъа аст, баргузор карда ва аз ин роҳ қасд доранд дар миёни мусалмонон фитна ангезанд.
Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар ин баёния ҳамчунин ишора карда буд, ки бародарон Тӯраҷонзода дар барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1992-1997 муқассир ҳастанд.
Рӯзи 20-уми декабр дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав Созмони паноҳҷӯёни сиёсӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба манзури ҳимоят аз бародарон Тӯраҷонзода ва дар эътироз ба "фишорҳо алайҳи мусалмонон" дар Тоҷикистон даст ба тазоҳурот заданд.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баргузории ин тазоҳуротро маҳкум кард ва гуфт, ки он аз сӯйи нерӯҳое ташкил шудааст, ки қасд доранд хонаводаи Тӯраҷонзодаро дар назди раиси ҷумҳур бадном кунанд.















