
Филми "Нерӯҳои вижа" тобистони гузашта дар Бадахшон ба навор гирифта шуд
Филми мавсум ба "Нерӯҳои вижа", ки дар авоили моҳи ноябр дар Фаронса тавлид шуд, ба пуртарафдортарин филм дар устони Бадахшони Тоҷикистон табдил шудааст.
Чунонки бархе аз дискфурӯшон дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, иттилоъ доданд, ҳоло дар минтақа дискҳои ҳовии ин филм, ки аз интернет сабт шудаанд, бештар аз ҳама ба фурӯш мерасанд.
Достони ин филм ба Помир ё Бадахшони Тоҷикистон чандон иртиботе надорад.
Вале ин филм, ки ба забони фаронсавӣ Forces spéciales унвон дошта ва ҳаводиси он дар Афғонистон рух медиҳад, дар кӯҳсори Помир ба навор гирифта шудааст.
Андешаи аслии ин филм арҷгузорӣ ба хидмати як рӯзноманигор дар ҷомеъа аст, ки дар пешбурди фаъъолияти ҳирфаияш аз ҳеч мушкиле наметарсад.
Сужеи филм чунин аст: дар марзи Афғонистону Покистон гурӯҳе аз пайкорҷӯёни вобаста ба Толибон як зани рӯзноманигори фаронсавиро мерабоянд.

Филмсозон ба хотири манозири табиъии Бадахшон кӯҳсори Помирро интихоб кардаанд
Раиси ҷумҳурии Фаронса сароҳатан фармон медиҳад, то барои раҳоии ин зани рӯзноманигор аз дасти Толибон тавассути ҳавопаймо гурӯҳи вижае ирсол шавад. Ин гурӯҳ аз нерӯҳои вижа қаблан дар замони ҷанги Кузуву қаҳрамониҳои зиёде нишон додааст.
Ба нерӯҳои вижа муяссар мешавад, ки теъдоди зиёде аз шӯришиёни Толибонро нест карда, рӯзноманигори фаронсавиро аз дасташон раҳо созанд. Вале дар тӯли амалиёти беш аз даҳрӯза бештари ҷанговарони гурӯҳ дар набардҳои рӯбарӯ бо Толибон ва аз сардии гарданае пурбарф кушта мешаванд.
Ҳамин тавр, давлати Фаронса ҳамаи талошашро мекунад, то як рӯзноманигори занро наҷот бидиҳад.
"Нерӯҳои вижа" як филми моҷароӣ ва акшен (ҷангӣ) маҳсуб мешавад. Саропои он аз садои тиру туфанг ва саҳнаҳои набарди низомиёни фаронсавӣ бо Толибон иборат аст.
Вале ин филм барои тамошогарони бадахшонӣ бештар аз он лиҳоз ҷолиб аст, ки бахши аъзаме аз саҳнаҳои он дар кӯҳсори Помир ба навор гирифта шудааст.
Бисёре аз ҷавонон аз рустоҳои мухталифи Бадахшон ба унвони "сиёҳилашкар" ширкат кардаанд.

Достони филм дар бораи хабарнигори зани фаронсавиест, ки дар Афғонистон ба асорати Толибон даромадааст
Яке аз нақшҳои умдаи ин филмро ҳунарманди маъруфи теотр ва синемои Тоҷикистон, Нуруллои Абдулло, бозӣ кардааст. Тоҷиддин Гадомаҳмадов, коргардоне маҳаллӣ дар Бадахшон, низ мегӯяд, ки вай ба унвони ёвари коргардони филм ба ӯ кумак карда буд.
Ба гуфтаи оқои Гадомаҳмадов, гурӯҳе аз филмбардорони фаронсавӣ дар тӯли тақрибан се моҳи тобистони гузашта дар маҳаллоти гуногуни Бадахшон машғули ба навор гирифтани ин филм буд.
Вай афзуд: "Онҳо кастинг ё интихоби бозикунандагони нақшҳоро гузаронда, ҳудуди 60 нафар аз ҷавонони маҳаллиро барои бозӣ дар нақшҳои гуногун интихоб карданд."
Саҳнаҳои муҳориба бо Толибон дар корхонаи оҳану бетони шаҳри Хоруғ, деҳаи Ғорон ва қалъаи Қаҳ-қаҳаи ноҳияи Ишкошим, силсилакӯҳҳои ноҳияи Рӯшон ба навор гирифта шудааст. Барои ширкат дар саҳнаҳои умумӣ мардуми маҳаллӣ низ ҷалб шуда буданд.
Мақсадшо, як ҷавонмарди маҳаллӣ, мегӯяд, ки ӯ бекор аст ва ба коргардони филм "ба шарофати ришҳои ғулии сиёҳ"-аш писанд омадааст. Вай дар марҳилаи интихоби бозигарон ширкат карда ва имкон ёфтааст дар саҳнаҳое аз филм нақш бозӣ кунад.

Бисёре аз мардуми маҳаллӣ дар Бадахшон дар филм нақш бозӣ кардаанд
Мақсадшо мегӯяд: "Нақшофарӣ дар филм ва ҳамкорӣ бо филмсозони урупоӣ бароям хеле ҷолиб буд."
Вай ҳамчунин аз он хушҳол аст, ки тавонистааст дар тӯли се моҳ аз ҳамкорӣ бо филмсозони фаронсавӣ беш аз ҳазор дулор ба даст биёрад.
Асадбек Пӯлодов, як ҳунаршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, ки мундариҷа ва мазмуни филми Нерӯҳои вижа-ро хусусан наворҳое, ки дар кӯҳу пуштаҳои Помир гирифта шуда буданд, қавӣ кардаанд.
Ба ақидаи вай, наворгирии филм дар қаламрави Тоҷикистон барои ба ҷаҳониён шиносондани ин кишвар ва ҷалби синемочиён ва ё гардишгарону сармоягузорони хориҷӣ ба ин кишвар бисёр судманд аст.
Ба андешаи Тилло Некқадам, рӯзноманигор ва коршиноси масоили синемо дар Тоҷикистон, яке аз асрори муваффақияти филми Нахустсубҳи ҷавонӣ-и Давлат Худоназаров, коргардони тоҷики муқими Русия, низ ба манзараҳои зебо, дараҳои тангу ваҳмноки кӯҳистони Помир муртабит аст.
Вай мегӯяд: "Манзараҳои табиъии афсонаранги кӯҳистони Помир ҳамеша ба чашми мардуме, ки дар заминҳои ҳамвор зиндагӣ мекунанд, ҷолиб ва сеҳромез менамояд. Интихоби Помир барои наворгирии филми моҷароии фаронсавиҳо маҳз ба ҳамин хотир аст."

Филми "Нерӯҳои вижа" аз садои танку тӯп ва саҳнаҳои ҷанг саршор аст
Нақши қаҳрамони аслӣ, Элизаи хабарнигорро дар филм ҳунарманди олмонӣ Дайан Крюгер бозӣ мекунад. Сенориюи филм ба қалами Майкл Купер таъаллуқ дорад.
Филми Нерӯҳои вижа-ро коргардон Стефан Рибожа, ки солҳои дарозе дар Афғонистон машғули наворгирии филмҳои мустанад буда, сохтааст.
Нақшҳои асосиро дар ин филм Бенуа Мажимел, Дэнис Меночет, Рафаэл Персонас, Ален Фиглаж, Ален Аливон, Меҳдӣ Неббу, Раз Деган, Чеки Карио иҷро кардаанд.
Филмро Дэвид Янковский ба навор гирифта ва Ксавер Бертелот ба он оҳанг бастааст.
Филм бо фармоиши Топфилм дистрибюшн соли 2011 дар Русия тарҷума ва дубле шудааст.















