bbc.co.uk navigation

Чин ва Омрико дар бораи Куреи Шимолӣ ҷаласа барпо карданд

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 20 Декабр соли 2011 - 12:13

Чин бо Вошингтун ва Сеул дар бораи хатти маши муносибат бо Куреи Шимолӣ пас аз марги Ким Ҷунг Ил машваратҳо баргузор кардааст.

Чин эълом карда, ки бо дарназардошти нигарониҳои ҷиддӣ дар мавриди имкони ба бесуботӣ гаравидани вазъият дар минтақа дар ҷараёни табдили ҳукумат дар Куреи Шимолӣ вазоратҳои хориҷаи ин се кишвар тасмим гирифтанд, ки ба манзури нигаҳдории субот дар нимҷазираи Куре дар тамоси наздик боқӣ бимонанд.

Зимнан Ҳу Ҷинтао, раҳбари Чин барои адои эҳтиром аз сафорати Куреи Шимолӣ дар Пекан дидан кардааст. Раҳбарияти Куреи Ҷанубӣ низ ба Пхенян тасаллияти худро иброз доштааст.

Муносиботи ин ду кишвар пас аз он ба сардӣ гаравид, ки мақомоти Сеул дар соли 1994 ба марги Ким Ир Сен, раҳбари қаблии ин кишвари кумунистӣ вокуниш нишон надода буд.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.