
Оқои Тӯраҷонзода бар ин назар аст, ки ҳамоиши эътирозӣ дар Маскав аз сӯйи нерӯҳое ташкил шудааст, ки мехоҳанд бародарон Тӯраҷонзодаҳоро дар назди Президент Раҳмон бадном кунанд
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз пайравони худ даъват кард, ки дар ҳамоиши эътирозӣ дар Маскав ширкат накунанд.
Тибқи гузориши бархе расонаҳо интизор меравад рӯзи сешанбеи 20 декабр дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав Созмони паноҳандагони сиёсӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ гирдиҳамоии эътирозие дар робита ба фишорҳои давлати Тоҷикистон алайҳи мусалмонон баргузор шавад.
Ба гуфтаи дастандаркорон, аз ҷумла эътирозгарон мехоҳанд аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар Тоҷикистон, ки гуфта мешавад миёни онҳо ва давлати ин кишвар ихтилофоте буруз кардааст, пуштибонӣ кунанд.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки дар ташкили ин гирдиҳамоӣ даст надорад ва бо Баҳром Ҳамроев, ки худро масъули ин гирдиҳамоӣ номидааст, ошно набудааст.
Вай гуфт: Ман бо чанд нафар аз дӯстон ва наздиконам дар тамос шудам ва аз онҳо пурсидам, ки оё ин шахсро мешиносанд,, вале касе бо ӯ ошноӣ надоштааст.
Оқои Тӯраҷонзода гуфт, ки мухолифи баргузории ҳар гуна гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он аст. Вай афзуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба суди Тоҷикистон нестанд.
Оқои Тӯраҷонзода ташкили чунин гирдиҳамоии эътирозиро маҳкум кард ва аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки ба ин дасиса дода нашаванд ва аз ширкат дар он худдорӣ кунанд.
Ба гуфтаи оқои Тӯраҷонзода, онҳо бо давлати Тоҷикистон ва Президент Раҳмон ихтилофе надоранд: Ихтилофе, ки вуҷуд дорад, бо бархе аз мақомоти Тоҷикистон аст, на бо давлат.
Вай афзуд: Нерӯҳое қасд доранд бо баргузории гирдиҳамоӣ дар Маскав моро дар назди президент бадном кунанд. Зеро, оқои Раҳмон феълан бо сафаре дар Маскав қарор дорад ва ин нерӯҳо мехоҳанд, барояш бигуянд, ки бубинед Тӯраҷонзода чи корҳо мекунад.
Зимнан, тӯли ду ҳафтаи ахир қазияи миёни бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва Шӯрои уламои дини Тоҷикистон ба мавзӯъи доғе дар ҷоеъаи ин кишвар табдил шудааст.
Нахуст, Шӯрои уламои дини Тоҷикистон бо пахши баёнияе бародарон Тӯраҷонзодаҳоро ба баргузории маросими Ошӯро дар масҷиди Муҳаммадия дар ноҳияи Ваҳдат, ки ба ин хонавода мутааллиқ аст, муттаҳам карда ва аз ниҳодҳои интизомӣ баррасии ин қазияро хоста буд.
Бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар баёнияи худ ин иддаъоро рад карда ва исрор карданд, ки дар масҷид танҳо аз кушта шудани имом Ҳусейн ёдовар шудаанд ва ин амр ба маънии баргузории маросими Ошӯро набудааст.
Рӯзи ҷумъаи гузашта раиси Кумитаи дини давлати Тоҷикистон, раиси Шӯрои уламои дин ва раиси ноҳияи Ваҳдат ба масҷиди Муҳаммадия барои дидор бо намозгузорон омаданд. Вале ба гуфтаи ин мақомот, мардум аз онҳо хуш истиқбол накардаанд ва гӯё талаб кардаанд, ки масҷидро тарк кунанд.
Ин се нафар ба додситонии ноҳияи Ваҳдат шикоят бурда ва хостори таҳқиқи ин ҳодиса шудаанд. Тӯли чанд рӯзи ахир бародарон Тӯраҷонзодаҳо мавриди бозпурсиии додситони ноҳия қарор гирифтанд. Ҳамзамон ҳудуди даҳ тан аз намозгузорон ба муддати даҳ рӯз зиндонӣ шуда ва теъдоде бештаре барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷарима шудаанд.
Гузашта аз ин, Кумитаи дини Тоҷикистон фаъолияти масҷиди Муҳаммадия-ро барои се моҳ маҳдуд карда ва бародарон Тӯраҷонзодаҳо аз симмати имом-хатибони ин масҷид барканор шудаанд.
Ахиран, бародарон Тӯраҷонзодаҳо аз аъзои Шӯрои уламои дини Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят бурда ва онҳоро дар ворид кардани латма ба эътибори худ муттаҳам карданд.















