bbc.co.uk navigation

Баргузории эътисоб дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 20 Декабр соли 2011 - 11:07
Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Дар як моҳи ахир дар назади сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ба далоили мухталиф эътисобот баргузор мешаванд

Гурӯҳе аз тоҷиктаборон ва ӯзбактаборон дар қиболи сафорати Тоҷикистон дар Маскав эътисоб карданд.

Ба гуфтаи Баҳром Ҳамроев, ки худро раҳбари Созмони паноҳандагони сиёсӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ муъаррифӣ кард, феълан дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон ҳудуди 20 нафар таҷаммуъ кардаанд.

Ҳангоми сӯҳбат бо оқои Ҳамроев садои нафаре аз гирдиҳамомадагон шунида мешуд, ки сиёсати мазҳабии давлати Тоҷикистонро интиқод мекард. Вай аз ҷумла, аз манъи пӯшиши либоси исломӣ дар Тоҷикистон сухан мегуфт.

Баҳром Ҳамроев гуфт, ки онҳо аз бархе аз гирдиҳамомадагон хоҳиш кардаанд, ки дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон таҷаммуъ накунанд, зеро шаҳрдории Маскав муқаррар кардааст, ки дар ин эътисоб бояд танҳо чиҳил нафар ширкат кунанд.

Вай хабар дод, ки лаҳзае пештар як корманди сафоратхонаи Тоҷикистон аз дар берун шуд ва бо хитоб ба гирдиҳамомадагон ба забони тоҷикӣ гуфт, ки “ҳукумат ҳамаатонро нест мекунад.”

Оқои Ҳамроев, ки табаъаи Ӯзбакистон аст, гуфтааст дар ташаккули мавсум ба Созмони паноҳандагони сиёсӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 70 табаъаи Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои мухталифи Русия зиндагӣ мекунанд, узвият доранд. Бархе аз нозирон гуфтаанд ин созмон камшинохта аст.

Аз оқои Ҳамроев суол кардам, ки баёнияи имрӯзи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро, ки баргузории ин эътисобро “дасиса” унвон кард, чи гуна арзёбӣ мекунад.

Вай гуфт: “Ин ҳаққи оқои Тӯраҷонзода аст. Вале ман провокотар нестам. Мо барои дифоъ аз ҳуқуқи мусалмонон ва дар маҷмӯъ аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷо ҷамъ омадем. Ҳар гоҳ ки дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳуқуқи шаҳрвандон нақз шавад, мо чунин эътисобот баргузор мекунем.”

Баҳром Ҳамроев таъкид кард, ки ин эътисоб на танҳо ба хотири фишор алайҳи бародарон Тӯраҷонзодаҳо ташкил шудааст. Ба гуфтаи вай, давлати Тоҷикистон пайваста ҳууқи мусалмонони кишварро нақз мекунанд ва ин амр ба баргузории ин эътисоб боис шудааст.

Ҳ. А. Тӯраҷонзода

Ҳ. А. Тӯраҷонзода аз ҷонибдоронаш хост, ки дар эътисоб дар Маскав ширкат накунанд

Оқои Ҳамроев афзуд: “Агар дар оянда Эмомалӣ Раҳмон аз симмати худ биравад ва мақомот ӯро ғайриқонунӣ танқид кунанд, мо аз оқои Раҳмон низ дифоъ хоҳем кард.”

Ба гуфтаи раиси Созмони паноҳандагони сиёсӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, эътисоби имрӯз дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав нахустин иқдом барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик аст. Ба гуфтаи вай, дар оянда ин сохзмон қасд дорад баргузории чунин ҳамоишҳои эътирозиро идома бидиҳад.

Ин дар ҳолест, ки зуҳри рӯзи сешанбеи 20 декабр Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ аз пайравони худ даъват кард, ки дар ҳамоиши эътирозӣ дар Маскав ширкат накунанд.

Ба гуфтаи оқои Тӯраҷонзода, вай дар ташкили ин гирдиҳамоӣ даст надорад ва бо Баҳром Ҳамроев, ки худро масъули ин гирдиҳамоӣ номидааст, ошно набудааст.

Оқои Тӯраҷонзода гуфт, ки мухолифи баргузории ҳар гуна гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он аст. Вай афзуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба суди Тоҷикистон нестанд.

Ба гуфтаи оқои Тӯраҷонзода, онҳо бо давлати Тоҷикистон ва Президент Раҳмон ихтилофе надоранд: “Ихтилофе, ки вуҷуд дорад, бо бархе аз мақомоти Тоҷикистон аст, на бо давлат.”

Вай афзуд: “Нерӯҳое қасд доранд бо баргузории гирдиҳамоӣ дар Маскав моро дар назди президент бадном кунанд. Зеро, оқои Раҳмон феълан бо сафаре дар Маскав қарор дорад ва ин нерӯҳо мехоҳанд, барояш бигуянд, ки бубинед Тӯраҷонзода чи корҳо мекунад.”

Зимнан, тӯли ду ҳафтаи ахир қазияи миёни бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва Шӯрои уламои дини Тоҷикистон ба мавзӯъи доғе дар ҷоеъаи ин кишвар табдил шудааст. Бархе аз расонаҳои гурӯҳии Русия дирӯз хабар доданд, ки эътисоб дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар маскав ба манзури ҳимоят аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо баргузор мешавад.

Таҷаммуъи муътаризон дар баробари сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар барои ҳузур дар нишастҳои чанд созмони марбут ба кишварҳои Иттиҳоди Шуравии собиқ дар Маскав қарор дорад ва равобити кишвараш бо Ӯзбакистон ва Русия дар ин авохир дар марҳалае ҳассостар аз пеш будааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.