bbc.co.uk navigation

Путин: Тазоҳуроти эътирозӣ бахше аз созу кори демукросӣ аст

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 15 Декабр соли 2011 - 10:13

Влодимир Путин, нахуствазири Русия, дар барномаи солонаи тамоси мустақими телевизиюнӣ бо мардум, коҳиши чашмгир дар орои ҳизби ҳокими Русия дар интихоботи ахири порлумониро мунъаккискунандаи иродаи мардум дониста, аммо дархости мӯътаризон барои ботил кардани интихоботро рад кардааст.

Вай гуфтааст, ки баргузории тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи натиҷаи ин интихобот бахше аз созукори демукросӣ аст ва зимни истиқбол аз ҳассосияти ҷавонони мӯътариз нисбат ба шароити сиёсӣ дар Русия афзудааст, ки эътирозот то замоне қобили қабул аст, ки боъиси қонуншиканӣ нашавад.

Влодимир Путин, ки номзади ҳизби ҳоким "Русияи муттаҳид" дар интихоботи раёсати ҷумҳурии оянда дар моҳи март аст, гуфтааст, ки ба манзури итминон аз саломати раъйгирӣ дар ин интихобот дастур хоҳад дод дар тамоми марокизи раъйгирӣ телевизиюни мадорбаста насб шавад.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.