Як намояндаи порлумони Урупо иддаъои ҷониби Ӯзбакистон мабнӣ бар пуштибонии ӯ аз мавзеъи ин кишвар дар мавриди бунёди нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистонро рад кардааст.
Элизабет Йеггле, намояндаи бонуфузи порлумони Урупо дар умури Осиёи Марказӣ, хабари Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон дар бораи ҳимояти ӯ аз мавзеъи Тошканд ва назараш "дар бораи ғайримуфид будани" тарҳи нерӯгоҳи "Роғун"-ро бепоя хондааст.
Бино ба иттилоъи манобеъи сафорати Тоҷикистон дар Белжик, хонуми Йеггле ин мавзӯъро рӯзи сешанбеи 13 декабр зимни дидор бо Рустамҷон Солиев, намояндаи Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Урупо, матраҳ кардааст.
Зимнан, 29 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бруксели Белжик як ҳайъати зистмуҳитии Ӯзбакистон бо хонуми Йеггле дидор карда ва масоили марбут ба бунёди нерӯгоҳи "Роғун"-ро барарсӣ карда буд.
Сипас, дар сойти интернетии Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон матлабе бо номи Порлумони Урупо аз мавзеъи Ӯзбакистон дар бораи ғайримуфид будани бунёди нерӯгоҳи "Роғун" пуштибонӣ кард мунташир гардид.
Ба гуфтаи хонуми Йеггле, ӯ дар ин дидор аз ҳайъати зистмуҳитии Ӯзбакистон даъват кардааст, ки натоиҷи бозрасии тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" тавассути коршиносони Бонки Ҷаҳониро мунтазир шаванд ва дар масоили обу энержӣ бо давлатҳо ва порлумонҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳоро густариш диҳанд.
Намояндаи Порлумони Урупо таъкид кардааст, ки дар соли ҷорӣ барои дувумин бор аст, ки ҷониби Ӯзбакистон мавзеъгирии ӯ дар бораи тарҳи нерӯгоҳи "Роғун"-ро "таҳриф кардааст."















