bbc.co.uk navigation

Солгарди Ширин Бунёд: "Шоъири муҳаббат, садоқат ва ваҳдат"

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 14 Декабр соли 2011 - 14:21
Ширин

Дар шаҳри Хоруғ аз 70-умин солгарди таваллуди Ширин Бунёд таҷлил шуд

"Шоири муҳаббат, садоқат ва ваҳдат." Ин тавсифе аз Ширин Бунёд, шоъири фақид аст, ки гурӯҳе аз адибону адабиётшиносон дар маҳфиле барои бузургдошти ӯ кардаанд.

Ин маҳфил дар робита бо 70-умин солгарди таваллуди шоъир дар толори теотри мусиқию мазҳакаи шаҳри Хоруғ, дар вилояти кӯҳистонии Бадахшон, ки маҳалли таваллуди ӯст, баргузор шуд.

Маҳфили ёдбуди Ширин Бунёд бо ширкати адибон, донишҷӯён, хешу ақрабои шоъир ва дӯстдорони шеъру шоъирӣ, ки аз куллияи навоҳии Бадахшон ҳузур доштанд, баргузор шуд.

Дар маҳфил суханронон аз он ибрози таассуф карданд, ки ба иллати дарди ҷонкоҳ шоъир панҷуним моҳи дигар то ҳафтодсолагии худ умр набурд. Ӯ тобистони ҳамин сол дар деҳааш аз дунё гузашт.

Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон, зимни суханронӣ дар маҳфил гуфт: “Ширин Бунёд дар тӯли 40 сол аскари майдони адабиёти тоҷик буд ва дар ин роҳ корнамоиҳое нишон додааст”.

Ӯ гуфт ашъори Ширин Бунёд “ҷаҳони садоқат, муҳаббат, арҷгузорӣ ба хештаншиносист”.

Бо ҷанги ту ман сулҳу сафо хоҳам кард,

Шукрат ба ҳама ҷангу ҷафо хоҳам кард,

Дар синаи худ санги қаноъат бурда,

Бар рағми ҷафои ту вафо хоҳам кард.

Адабҷон Амирҷонов, адиб ва муҳаққиқи маҳаллӣ, мегӯяд: “Ширин Бунёд комилан парвардаи мактаби шеъри Шӯравӣ буд. Вай нав чашм ба ҷаҳон бозкушуд, ки падарашро ба Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ фиристоданд. Падараш дигар барнагашт. Ширин ятим монд ва бе падар ба воя расид ва даврони бачагии ӯ ниҳоят сахт буд.”

Худи шоъир дар ин бора мегӯяд:

Деҳаи пир, деҳаи куҳна,

Кӯчаҳо танг, кӯчаҳо беранг,

Кӯдакии падарнадидаи ман,

То кунун байни кӯчаҳо дилтанг...

Падарам низ ҷанг рафт он ҷо,

Рафтанӣ буду омадан ба гумон,

Мондем байни хонаи холӣ,

Ману гаҳвора, модари нолон...

Ба гуфтаи оқои Амирҷонов, шоъир шудан ва ворид гаштан ба майдони адабиёти шӯравии тоҷик барои шахсе чун Ширин Бунёд, ки кӯдакии сахтеро аз сар гузаронда, ҳатто барои харидани китоб ҳам дар бисоти худ пули кофӣ надошт, коре душвор будааст.

Вале Лаълҷӯба Мирзоҳасан, раиси бахши Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, мегӯяд: “Ишқу муҳаббат ба шеъру шоъирӣ буд, ки Ширинро аз як деҳаи кӯчак ва дуруфтодаи кӯҳистонӣ дар Бадахшон ба ҷаҳони беканори шеър кашид."

Ба гуфтаи оқои Мирзоҳасан, Ширин Бунёд нахуст ба шуғнӣ, яке аз забонҳои роиҷ дар Бадахшон, ки забони модарияш буд, ба навиштани шеър пардохт ва батадриҷ ба навиштани ашъори порсӣ гузашт.

Бисёр мехост аз сирру асрори шеъру шоъирӣ зудтар бохабар шавад. Вале мушкилоти зиндагӣ имкон намедод.

"Ишқу муҳаббат ба шеъру шоъирӣ буд, ки Ширинро аз як деҳаи кӯчак ва дуруфтодаи кӯҳистонӣ дар Бадахшон ба ҷаҳони беканори шеър кашид"

Лаълҷӯба Мирзоҳасан, адиби маҳаллӣ

Ба гуфтаи оқои Мирзоҳасан, Ширин Бунёд ба ҳайси як кӯдаки бепарастори даврони шӯравӣ чунин шароите надошт, ки дар донишгоҳ таҳсил кунад. Вай баъд аз фориғ шудан аз мактаби мутавассита, соле чанд ба унвони мутахассиси барқ (монтёр) дар нерӯгоҳи обии шаҳри Хоруғ кор кардааст.

Раҳмат Назрӣ, шоъири саршинос ва аз ҳамсабақони Ширин Бунёд, мегӯяд: “Ёд дорам, вақте мо ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ворид шудем, Ширин аз мо бузургтар буд. Баъзеҳо механдиданд, ки ин "марди пирро" чӣ ба сараш зада, ки дар пирӣ ёди хондан кардааст?"

"Вале баъд фаҳмидем, ки Ширин азми комил дорад ва барои вуруд ба донишгоҳ солҳо пул ҷамъ кардааст, то модари пирашро ранҷ надиҳад. Бунёд дар замони таҳсил аз муваффақтарин донишҷӯён буда ва дар хондану таълим ва дарки илми шеър касе баробари вай набуд."

Худи Ширин Бунёд дар бораи зиндагӣ ва таҳсилаш мефармояд:

Зиндагӣ бод асту одам хирмане,

Бод як-як коҳи хирман мебарад.

Дона чун аз бод саргардон нашуд,

Марди деҳқонаш зи нав мепарварад.

Абдураҳмон Абдуманнонов, муҳаққиқ ва адабиётшинос, мефармояд: “Бузуртарин хидмати Ширин Бунёд таъсиси маҳфили адабӣ дар Хоруғ ва поягузории мактаби нави адабӣ дар Бадахшон аст. То Ширин Бунёд ҳам шуъаро ва удабо дар ин минтақа кам набуданд. Вале низоме вуҷуд надошт, ки ин адибонро ба дигарон муъаррифӣ кунад, дар чопи осори онҳо саҳм гузорад."

Вай меафзояд: "Бисёре аз нависандагон ва эҷодкорони маъруфи тоҷик Наҷмиддин Шоҳинбод, Ато Мирхоҷа, Лаълчӯбаи Мирзоҳасан, Қурбони Аламшоҳ, Раънои Мубориз, Лутфишоҳи Қиматшоҳ, Алидоди Чароғабдол, шодравон Мавҷигул, парвардаи ин мактабанд ва ҳамакнун дар саросари кишвар ном баровардаанд”.

Сироншо Диловаров, рӯзноманигори маъруф дар Бадахшон, мегӯяд, ки ”Ширин Бунёд" тахаллуси шоъирии ӯст, вале ӯ бо номи аслиаш Хушқадам Қурбонмаҳмадов дар арсаи рӯзноманигорӣ низ хадамоти арзандае кардааст.

Ба гуфтаи вай, Ширин Бунёд солҳо мудири шӯъбаи адабиёт ва фарҳанг дар рӯзномаи вилоятии “Бадахшони советӣ” буд ва раёсати кумитаи родию ва телевизиюни вилоятро низ ба ӯҳда дошт.

Оқои Диловаров афзуд: "Ҳатто то охири умраш вай мухбири махсуси рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият” дар Бадахшон ва муҳаррири рӯзномаи донишгоҳии “Фурӯғи дониш” дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ буд. Вай дар ҳамин ҷо ҳам ба омӯзиши рӯзноманигорон ва қаламбадастони ҷавон машғул буд."

Ба эътиқоди суханшинос Адабҷон Амирҷонов, Ширин Бунёд ҳамчун шоъир ва фарзанди замони худ наметавонист аз сиёсат дур бошад.

Вай мегӯяд: "Қисмати ағлаби ашъори ӯро шеърҳои ситоишӣ ва тавсифиву тарғибӣ ташкил мекунанд. Вале ин ашъор қимати асарҳои ноби ӯро, ки хеле зиёданд, кам намекунад."

Қиматшоҳи Кӯҳистонӣ, як шоъири маҳаллӣ дар Бадахшон, мӯътақид аст, ки эътои унвони “Шоъири халқии Тоҷикистон” ба Ширин Бунёд дар соли 2008 нишони бузургтарин қадршиносии ин шоъир аз сӯйи давлат буд.

Вале ба гуфтаи ӯ ҳукуматдорони маҳаллӣ дар Бадахшон ҳамеша мекӯшиданд аз тавоноӣ ва қудрати ин шоъир ба хотири таблиғи мақом ва сиёсати худ истифода кунанд.

Ин дар ҳолест, ки оқои Кӯҳистонӣ мегӯяд: "Мақомоти маҳаллӣ аз ҷониби худ ҳеч таваҷҷуҳе ба осори Ширин Бунёд надоштанд ва ба маъруфтарин шоъири бадахшонӣ ҳеч кумаке намекарданд."

Ба гуфтаи оқои Кӯҳистонӣ, шоъир то охири умр дар тангдастӣ ба сар мебурд ва дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто пойи пиёда роҳи дарозеро тай мекард ва аз деҳаи дурдасташ ба маҳалли кораш дар Хоруғ мерафт, то вазифаҳояшро содиқона иҷро кунад.

Вай мегӯяд: "Ба ин шоъири номӣ ҳатто дар шаҳри Хоруғ хонаи муносибе дода нашуд."

Ширин Бунёд соли 1941 дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омад. Соли 1973 аз риштаи филологияи тоҷики донишгоҳ фориғ шуд. Вай аз шогирдони мактаби адабии пруфесур Шарифҷон Ҳусейнзода маҳсуб мешуд.

Вай солҳои зиёде ба ҳайси роҳбари бадеъии театри мусиқию мазҳакаи шаҳри Хоруғ, мудири шўъбаи адабиёт ва фарҳанги рўзномаи вилоятии «Бадахшони советӣ» , раиси кумитаи родию ва телевизиюни Бадахшон, устоди адабиёт дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ, кор мекард.

"Мақомоти маҳаллӣ ҳеч таваҷҷуҳе ба осори Ширин Бунёд надоштанд ва ба маъруфтарин шоъири бадахшонӣ ҳеч кумаке накарданд"

Қиматшоҳи Кӯҳистонӣ, шоъир

Аз соли 1993 то охири умраш ба ҳайси котиби масъули шўъбаи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти мухтори кўҳистонии Бадахшон фаъъолият кардааст.

Ширин Бунёд муаллифи китобҳои шеъри «Бомдод» (1982). «Зартеғ» (1985), «Шоҳи тирандоз» (1991), «Гули андеша» (1995), «Шоҳроҳи ваҳдат» (1999), «Об, замин ва одамон» (2001), «Поси хотир» (2003). «Шерозаи Ваҳдат» (2009), ва мақолоти мутаъаддиде аст, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон ба нашр расидаанд.

Батозагӣ ду китоби ҷадиди Ширин Бунёд, ки яке “Номае дар барги ҳасрат” ном дорад ва дигарӣ, ки вопасин ашъори ӯ ва маҷмуъи мақолот ва хотироти шуъаро ва рӯзноманигорони тоҷик дар бораи ӯро дар бар мегирад, дар чопхонаҳои “Ирфон” ва “Адиб” дар шаҳри Душанбе ба табъ расиданд.

Шеърҳои ў ба чандин забонҳои роиҷ дар ҷамоҳири собиқи шўравӣ, инглисӣ, булғорӣ, чехӣ чоп шудаанд. Вай ба ҳайси тарҷумон шеърҳои зиёде аз шоъирони рус Маяковский, Артемова, Евтушенко, ва шоъири доғистонӣ Расул Ғамзатовро аз русӣ ба форсӣ тарҷума кардааст.

Ширин Бунёд дорандаи ордени “Дӯстӣ” ва медалҳои зиёде низ ҳаст.

Тавре ки Қодири Қосим раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар маҳфили адабӣ ба муносибати 70-солагии шоъир иттилоъ дод , мақбараи Ширин Бунёд дар рустои Хидорҷев ба зиёратгоҳи удабо ва сайёҳон табдил ёфта ва ба номи ӯ яке аз муасссиаҳои фарҳангии вилоят мусаммо хоҳад шуд.

Баъди ман ҳамрози ту гулбод бод,

Хотири шодат зи ҳам озод бод...

Бо ту баъди дилшикаста рафтанам,

Ҳар кӣ бошад ҳамнафас, дилшод бод...

Баъди мову ту зи ишқе нотамом,

Ёд бодо, ёд бодо, ёд бод!

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.