
Дар гузориши Дидабони Ҳуқуқи Башар омадааст, дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Ӯзбакистон аз шиканҷа фаровон истифода мешавад
Дидабони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch, аз созмонҳои муътабари дифоъ аз ҳуқуқи башар дар гузориши тозаи худ гуфтааст, давлатҳои Ғарб ба далели истифода аз хоки Ӯзбакистон барои интиқоли маводду коло ба нерӯҳои худ дар Афғонистон аз мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар чашм мепӯшанд.
Ин гузориши 107 саҳифагӣ бар пояи мусоҳиба бо беш аз 100 фарди шиканҷашуда, пайвандон, вукалои мудофеъ ва мудофеъони ҳуқуқи башар омода шудааст. Муаллифони гузориш ба таври муфассал мавориди шиканҷаро, ки дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Ӯзбакистон иттифоқ афтодааст, рӯйи коғаз овардаанд.
Аз ҷумла, дар як маврид ба ҳангоми бозпурсии фарди муттаҳам ба ҷосусӣ бозрасон ӯро бо дастбанд баста ва бо оташи рӯзнома узви таносулиашро сӯзондаанд.
Ҳамчунин, мақомоти Ӯзбакистон ба он муттаҳам шудаанд, ки ба фаъолияти вакилони мудофеъ монеъ эҷод карда ва тааҳҳудоти байналмилалии худро риоят намекунанд.
Human Rights Watch таъкид кардааст, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо ба ивази мусоъидати Тошканд дар анҷоми амалиёт дар Афғонистон фишорро болои Ӯзбакистон коҳиш додаанд.
Ӯзбакистон бо Афғонистон ҳаммарз буда ва ахиран ба роҳҳои аслии интиқоли маводд ба нерӯҳои НОТУ мубаддал шудааст.
Ба дунболи ҳамлаи ҳавопаймоҳои Омрико ба посгоҳе дар марзи Афғонистон ва Покистон дар моҳи гузашта, ки мунҷар ба кушта шудани 24 сарбози покистонӣ шуда буд, Покистон ба убури комюнҳои НОТУ аз ҳудудаш иҷоза намедиҳад.
Ҳоло беш аз нисфи таҷҳизоти зарурӣ барои нерӯҳои Омрико дар Афғонистон аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ мунтақил мешавад.
Human Rights Watch аз давлатҳои Ғарб даъват кардааст, дар сиёсати худ дар қиболи Ӯзбакистон таҷдиди назар карда ва ҳисобҳои бонкии мақомоти ӯзбакро, ки дар истифода аз шиканҷа муқассир ҳастанд, масдуд карда ва сафари онҳоро ба кишварҳои ғарбӣ мамнӯъ кунад.
Намояндаи Human Rights Watch гуфтааст: Ғарб бояд нишон диҳад, ки Ӯзбакистон ба кишвари рондашуда табдил ёфтааст. Ҳамсоя будан бо Афғонистон маънии ба мақомоти Ӯзбакистон додани ҳаққи истифода аз шиканҷа нест.















