bbc.co.uk navigation

Ватанов: "Қатли табаъаи тоҷик ҷанбаи сиёсӣ надорад"

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 12 Декабр соли 2011 - 12:36
Ватанов

Оқои Ватанов гуфт, дар вилояти Ленингроди Русия мавориди таъқиб, озору азияти муҳоҷирони тоҷик ва нишонаҳои рӯҳияи зиддитоҷикӣ ба мушоҳида намерасад

Як мақоми порлумони Тоҷикистон гуфт, қазияи қатли Бахтиёр Расулов, табаъи тоҷик дар Русия як ҷурми ҷиноӣ буда ва ҷанбаи сиёсӣ надорад.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, пас аз бозгашт аз Русия дар рӯзи душанбеи 12 декабр ба хабарнигорон гуфт, ба ҳангоми дидор бо Николай Егоров ва Сергей Есипов, муъовинони додситонии вилояти Ленингроди Русия таъкид шуд, ки ин ҳодиса аз ҷониби афроди ҷиноятпеша анҷом шуда ва ниҳодҳои зирабти Русия талош мекунанд то дар зудтарин фурсат ҷузъиёти ин қазия ошкор, омилони қатл боздошт ва муҷозот шаванд.

Зимнан, бино ба иттилоъи расонаҳои Русия, Бахтиёр Расулов, сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки дар вилояти Ленингрод ба унвони ронандаи токсӣ ифоъи вазифа мекард, рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби афроди номаълум ба зарби корд кушта, сараш бурида ва ҷасадаш дар дохили мошин сӯзонда шуда буд.

Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ватанов, ба далели он ки аз қисмати сар то пои ҷасад комилан сӯхтааст, мушаххас сохтани воқеъияти буридани сари ӯ душвор будааст.

Бар асоси натоиҷи муқаддамотии ташхиси тиббию умури ҷиноийӣ рӯшан шудааст, ки ҷасаде, ки дар ҷангали наздики рустои Новаяи шаҳри Гатчинои вилояти Ленингрод пайдо шуд ба Бахтиёр Расулов тааллуқ гирифта, аммо то ҳол наҳваи қатли ӯ комилан мушаххас нашудааст.

Ҳамзамон, оқои Ватанов гуфт, ки дар ҷараёни дидор ва мулоқотҳояш дар вилояти Ленингроди Русия мавориди таъқиб, озору азияти муҳоҷирони тоҷик ва нишонаҳои рӯҳияи зиддитоҷикӣ ба мушоҳида нарасидааст.

Ин дар ҳолест, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия аз афзоиши мавориди бозҷӯйию боздошти муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Питерсбург ба дунболи боздошт ва муҳокимаи халабонҳо Владимир Садовничий ва Алексей Руденко дар нимаи дуюми моҳи гузашта садо баланд карда буданд.

Аз ҷумла, Каромат Шарифов, раҳбари созмони “Муҳоҷирони кории тоҷик” дар Русия зимни номаи саргушода аз Президент Медведев хоста буд, то ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар мусоъидат кунад.

Тибқи иттилоъи бахши Идораи муҳоҷирати Русия дар вилояти Ленингрод, дар ин вилоят беш аз 74 ҳазор тан аз атбоъи тоҷик кору зиндагӣ карда ва аз ин ҷумла, 28 нафар ба иттиҳоми нақзи Қонуни муҳоҷирати Русия ва надоштани асноди зарурӣ боздошт шудаанд.

Маҳмадалӣ Ватанов гуфт, ки қарор аст 12 нафар табаъаи тоҷик, ки дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд, дар рӯзҳои наздик аз Русия ихроҷ шаванд.

Оқои Ватанов гуфт, дар ҷараёни мулоқотҳо бо мақомоти идораи муҳоҷират ва ниҳодҳои интизомию додситонии вилояти Ленингрод онҳо аз муҳоҷирони тоҷик ба унвони афроди заҳматқарин ва фармонбардор ном бурда, вале гуфтаанд, ки мушкили аслии ин ашхос надонистани забони русӣ ва тахассуси корӣ аст.

Барои аввалин бор аст, ки порлумони Тоҷикистон ба ҳодисаи қатли табаъи тоҷик дар хориҷи кишвар вокуниши тунде нишон дода ва барои ошноӣ ба раванди бозрасии ин қазия як мақоми порлумонро ба Русия эъзом кардааст.

Коршиносон, ин иқдомро ба навъи вокуниш ба валвалаю ҳаёҳу дар Русия дар атрофи қазияи бозошт ва муҳокимаи халабонҳои русу эстонӣ дар моҳи гузашта марбут хондаанд.

Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, халабонҳои ҳавопаймои “Ан-72” рӯзи 8 ноябри соли ҷорӣ аз сӯйи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва риъоят накардани мавозини байналмилалии ҳавонавардӣ ба муддати 8,5 сол равонаи зиндон шуда ва ба дунболи фишорҳои Русия онҳо аз зиндон озод шуда буданд.

Зеро бино ба гузориши Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 600 тобут бо ҷасади муҳоҷирон ворид гардидааст, ки аз ин ҷумла, 67 нафар аз ҷониби афроди ҷиноятпеша ва миллатгарои рус кушта шудаанд.

Аммо мақомоти ниҳодҳои зирабти давлати Тоҷикистон бо шумули порлумон дар ин замина вокунише нишон надода ва аз ибрози назари расмӣ низ худдорӣ карда буданд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.