Дар вокуниш ба интиқоди вазири хориҷаи Омрико аз наҳваи баргузории интихоботи порлумонии ахир дар Русия Владимир Путин, нахуствазири ин кишвар, давлати Иёлоти Муттаҳидаро муттаҳам кардааст, ки мухолифони ӯро ба идоми тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи натиҷаи эъломшудаи интихобот ташвиқ мекунад.
Оқои Путин гуфт, ки бархе аз мӯътаризон ба эъломи пирӯзии ҳизби "Русияи муттаҳид" дар интихоботи ахир "ҳадафҳои сиёси шахсиро" дунбол мекунанд ва афзуд, ки аксари мардуми Русия хостори он гуна таҳаввули сиёсӣ нестанд, ки дар кишварҳое монанди Укройн ва Қирғизистон рӯй дода ва ҳеҷ кас аз бурузи ҳарҷу марҷ дар Русия истиқбол намекунад.
Ҳизби "Русияи муттаҳид" дар интихоботи порлумонии ахири Русия ҳудуди ду севукми курсиҳои порлумонии худро аз даст дод, аммо ҳамчунон аксари курсиҳоро дар ихтиёр дорад, ҳарчанд аҳзоби мухолиф гуфтаанд бидуни таҳаллуф ва тақаллуби густардаи интихоботӣ ин ҳизб дар интихобот пирӯз намешуд.















