
Ҳизби Русияи муттаҳид, ҳизби оқои Путин шоҳиди коҳиши тарафдоронаш дар интихобот будааст
Владимир Путин, нахуствазири Русия Омрикоро муттаҳам кардааст, ки эътирозот алайҳи натоиҷи интихоботи порлумонӣ дар ин кишварро ташвиқ кардааст.
Оқои Путин гуфтааст, Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида "барои бархе фаъолони мухолиф аломат" додааст.
Нахуствазири Русия афзуд: "Ӯ барояшон аломат дод, онҳо ин аломатро шуниданд ва ба фаъолият шуруъ карданд."
Нозирони байналмилалӣ дар бораи интихоботи порлумонии Русия изҳори нигаронӣ кардаанд.
Оқои Путин муътаризонро муттаҳам кардааст, ки "мутобиқи сенориюи ба ҳама маълум ва манофеъи муздуронаи сиёсии худ рафтор кардаанд."
Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс мегӯяд оқои Путин ҳушдор додааст, ки ононе барои давлатҳои хориҷӣ ба манзури таъсиргузорӣ ба вазъи сиёсӣ дар Русия кор мекунанд, мавриди пайгарди қонунӣ қарор хоҳанд гирифт.
Оқои Путин, ки дар суханоне аз тариқи телевизиюни давлатии Русия гуфт: "Ин ғайриқобили қабул аст, ки пули хориҷӣ барои ҷараёни интихобот истифода мешавад."
Ӯ афзуд: "Мо бояд дар бораи дифоъ аз истиқлоли худ, дифоъ аз дахолат аз хориҷ фикр кунем."
Оқои Путин гуфт бисёре аз русҳо намехоҳанд таҳаввулоти сиёсии шабеҳи нооромиҳои солҳои ахир дар Укройн ва Қирғизистон дар Русия иттифоқ биафтад.
Ин суханони оқои Путин як рӯз пас аз сабти расмии номзадии ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия дар моҳи март мунташир мешавад.
Ӯ дар соли 2008 пас аз поёни ду давраи раёсати ҷумҳурӣ аз ин мақом канор рафт ва то кунун нахуствазирии Русияро бар уҳда доштааст.
"Нигарониҳои ҷиддӣ"
Пас аз интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе садҳо муътариз тавассути мақомот дар Русия боздошт шудааст. Фаъолони мухолифин гуфтаанд эътирозоти ҷадиде дар охири ҳафта баргузор хоҳанд кард.
Оқои Путин дар ҳоле ки мегуфт муътаризон ҳаққи баёни нуқтаи назари худро доранд, ҳушдор дод, ки "агар касе қонунро нақз кунад, мақомот бояд риъояти қонунро тақозо кунанд."
Нозирони САҲУ (Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо) рӯзи душанбе гуфтанд, ки дар ҷараёни шумориши оро пас аз поёни раъйдиҳӣ мушкилоти ҷиддӣ мушоҳида шудааст. Онҳо аз тахаллуфоти сареҳ назири анбоштани сандуқҳои раъй бо баргаҳои раъйи тақаллубӣ ёдовар шудаанд.
Авоили ҳафта Иёлоти Муттаҳида аз шеваи баргузории интихобот изҳори "нигаронии ҷиддӣ" кард.

Рӯзҳои ахир мақомот эътирозотро саркӯб кардаанд
Рӯзи сешанбеи гузашта Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар нишасти САҲУ дар Литунӣ ба изҳороти хонуми Клинтун дар бораи чигунагии интихобот дар Русия вокуниши хашмгинонае нишон дод.
Ба навиштаи хабаргузории Руйтер оқои Лавров гуфтааст: "Ин Ҳайд Парк ё майдони Триумфалная дар Маскав нест, ки суханронон биёянду дилашонро холӣ кунанду бираванд ва дигаронро гӯш накунанд."
Натоиҷи раъйдиҳӣ ки аз суи Кумисюни Марказии Интихоботии Русяи мунташир шуд, нишон медиҳад, ки тарафдорӣ аз ҳизби оқои Путин, ҳизби Русияи муттаҳид коҳиш ёфтааст, аммо ин ҳизб тавонистааст мавзеъи худ ба унвони ҳизби аксариятро бо касби орои бештар аз соири аҳзоб ҳифз кунад.
Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия исрор кардааст, ки интихобот озод ва мунсифона будааст.















