bbc.co.uk navigation

Ёдгорӣ: Барқ ба маркази Душанбе базудӣ бармегардад

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 01 Декабр соли 2011 - 12:16

Сухангӯйи ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, ки интиқоли барқ ба бархе маҳаллоти шаҳри Душанбе, ки тӯли рӯз мутаваққиф шуда буд, базудӣ аз сар гирифта мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки субҳи рӯзи панҷшанбе дар яке аз маҳаллоти марказии пойтахти Тоҷикистон тасодуфе рух дода ва мардум аз дарёфти нерӯи барқ маҳрум шудаанд. Ба гуфтаи вай, як ҷарсақил рӯйи хатти барқи баландшиддати барқ уфтода ва мунҷар ба қатъи интиқоли барқ шуда буд.

Дар натиҷа, интиқоли барқ ба бархе аз маҳаллоти марказии пойтахт, аз ҷумла бархе аз муассисоти давлатӣ, қатъ шуд. Ба гуфтаи оқои Ёдгорӣ, аз ҷумла интиқоли нерӯи барқ ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ низ қатъ шуд, вале масъулон базудӣ аз роҳҳои олтернотиф нерӯи барқро дар ин муассиса таъмин кардаанд.

Дар охирин тамоси телефунӣ, ки соъати панҷи баъд аз зӯҳр сурат гирифт, оқои Ёдгорӣ хабар дод, ки "то 20 дақиқаи дигар" нерӯи барқ дар куллияи маҳаллоти марказии шаҳри Душанбе таъмин хоҳад шуд.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.