
Шукурҷон Зуҳуров ба хешу табор ва наздикони Бахтиёр Расулов, сокини мақтули ноҳияи Шаҳритус ибрози тасаллият кард
Порлумони Тоҷикистон дар оғози иҷлоси рӯзи чаҳоршанбеи худ қатли Бахтиёр Расулов, шаҳрванди ин кишвар дар Русияро, ки ҷасади сарбуридаи ӯ чанд рӯз қабл дар Сан Питерсбург пайдо шуд, шадидона маҳкум кард.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон гуфтааст: Бори аввал нест, ки дар Русия алайҳи шаҳрвандони мо ҷинояти ваҳшатнок сурат мегирад ва мо аз мақомоти зирабти Русия тақозо дорем барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон иқдоми ҷиддӣ бигиранд.
Вай гуфт қарор аст Маҳмадалӣ Ватанов, раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони маҷлиси суфлои Тоҷикистон барои ошноӣ бо раванди таҳқиқи ин ҳодиса ба Сан Питерсбург сафар кунад.
Оқои Шукуров ба хешу табор ва наздикони Бахтиёр Расулов, сокини мақтули ноҳияи Шаҳритус ибрози тасаллият кард.
Аз сӯйи дигар, мушкилоти муҳоҷирон ва қатли сокинони ин кишвар дар Русия мавзӯъи аслии сӯҳбати рӯзи 30-юми ноябри Маҳмудҷон Собиров, муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Юрий Попов, сафири Русия дар ин кишвар будааст.
Давлати Назрӣ, сухангӯйи ин вазорат, рӯзи чаҳоршабеи 30 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ин мулоқот, Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз сафири Русия дар Тоҷикистон дархост кард, ки кормандони интизомии Русия дар зудтарин фурсат барои ифшои ҳуввияти қотилони Бахтиёр Расулов ва Зокир Қурбонқулов тадобири заруриро иттихоз кунанд.
Оқои Назрӣ афзуд: "Дар ин мулоқот ҳамчунин таъкид шуд, ки қатли ду шаҳрванди Тоҷикистон ва идомаи афзоиши зӯроварӣ алайҳи муҳоҷирони тоҷик хашму ғазаби тоҷикистониёнро барангехтааст. Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин дархост кард, ки ба зӯровариҳо алайҳи тоҷикон дар Русия хотима дода шавад, зеро чунин ҳодисоти нохуш ба дӯстӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар латма ворид хоҳад кард."

Оқои Назрӣ гуфт, ки аз ҷониби Русия даъват шудааст, ки барои боздошти афроди муқассир дар қатли шаҳрвандони Тоҷикистон иқдоми ҷидди шавад
Ин масъули вазорати хориҷа ҳамчунин гуфт, ки дар ин дидор оқои Собиров аз Юриий Попов тақозо кардааст, ба пахши иттилоъоти носаҳеҳ дар мавриди Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар расонаҳои Русия низ хотима бахшида шавад.
Барои бори нахуст аст, ки интиқод аз мавриди ҳамла қарор гирифтани муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз толори порлумони Тоҷикистон садо медиҳад, ва ҳамчунин сафири Русия дар Тоҷикистон барои эъмоли зӯроварӣ алайҳи муоҷирон ва қатли шаҳрвандони ин кишвар дар Русия ба мулоқоти вижае бо мақомоти Тоҷикистон даъват мешавад.
Ҳарчанд Давлат Назрӣ мегӯяд, ки дар мулоқот масоили дигари марбут ба сиёсати ду кишвар низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳои шаҳри Душанбе дар мавориди мухталиф аз хомӯшии намояндагони порлумони Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигари ин кишвар дар қиболи қазияҳои пурсарусадо миёни Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла мавориди қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишвар интиқод карда буданд.
Ахиран бархе аз расонаҳо аз он гилоя карданд, ки порлумони Тоҷикистон дар робита ба изҳорот ва пешниҳодҳои сиёсатмадорони рус, аз ҷумла намояндагони Думои Русия мабнӣ бар ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ва ё ҷорӣ кардани раводиди визо миёни ин ду кишвар вокуниш нишон надоданд.
Раиси порлумони Тоҷикистон дар ҳоле дар робита ба кушта шудани боз як шаҳрванди ин кишвар дар Русия ибрози назар кард, ки як рӯз қабл Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин ҳодисаро маҳкум кардааст.
Рӯзи 28-уми ноябр расонаҳои Русия ва Тоҷикистон дар бораи ин, ки Бахтиёр Расулов, шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Питерсбурги Русия кушта ва сараш аз танаш ҷудо шудааст, гузориш доданд.
Ин дар ҳолест, ки ду моҳ қабл часади Ҷонибек Қосимови 21- сола, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ дар ҷангалзоре дар вилояти Маскав ба ҳамин шакл, яъне сарбурида пайдо шуда буд.
Он замон сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз мақомоти зирабти Русия дархости таҳқиқи сареъи ин ҳодиса ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани афроди муқассирро карда буд.
Аммо бо гузашти ду моҳ аз он ҳодиса мақомоти интизомии Русия то ҳол иттилоъе дар бораи боздошти афроди мазнун дар ин қатли ваҳшиёнаро пахш накардааст.
Зимнан дар ҳафтаи гузашта, дар вилояти Маскави Русия низ Зокир Қурбонқулов, шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби як шаҳрванди Русия ба зарби чоқу ба қатл расид.
Бино ба иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 600 тобути аҷсоди атбоъи тоҷик ворид шудааст, ки аз ҷумла, 75 нафар тавассути гурӯҳҳои ҷинойӣ кушта шудаанд.















