
Ба эътиқоди соҳибназарон, қазияи халабонҳо "мушкилоте фаровонеро дар сиёсати дохилӣ ва хориҷаи Тоҷикистон ошкор сохт."
Назарсанҷии интернетии хабаргузории ASIA-Plus нишон дод, ки аксари ширкаткунандагони ин пурсиш натиҷаи қазияи халабонҳоро барои Тоҷикистон шармандагии миллӣ медонанд.
Чунин назарро ҳафтоду ҳафт дарсади посухдиҳандагон дар бораи қазияи додгоҳии халабонҳои рус ва эстунӣ дар сойти интернетии ин хабаргузорӣ иброз доштанд.
Дар посух ба ин саволи хабаргузорӣ, ки "Ба назари Шумо қазияи халабонҳо чи гуна анҷомид?", танҳо се дарсади ширкаткунандагони назарсанҷӣ изҳор доштаанд, ки қазияи халабонҳо "Бо пирузии қонун анҷомид. Вале, 15 дарсади раъйдиҳандагон гуфтанд, ки "Ин қазия ҳанӯз анҷом наёфтааст".
Панҷ дарсади дигари ширкаткунандагон изҳор доштаанд, ки ин мавзӯъ барояшон муҳим нест.
Ин назарсанҷӣ дар ҳоле баргузор шуд, ки 8-уми ноябри соли ҷори додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия Влодимир Садовничий ва табаъаи Эстунӣ Алексей Руденкоро дар убури ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва риъоят накардани меъёрҳои байналмилалии ҳавонавардӣ муҷрим шинохта ва ҳар дуи онҳоро ба 8,5 сол зиндон маҳкум кард.
Ин ҳукми додгоҳи Тоҷикистон мавриди интиқоди давлати Русия қарор гирифт. Ба эътиқоди соҳибназарон, дар пайи ин амр раванди ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия оғоз шуд.
Дар пайи фишорҳои афзоянда аз ҷониби Русия Президент Раҳмон эълом дошт, ки қазияи халабонҳо дар чорчӯби ҳамкориҳои истротежик ҳал хоҳад шуд.
Ҳафтаи гузашта додгоҳи истинофии вилояти Хатлон ҳукми додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа алайҳи халабонҳоро бамаротиб нарм карда ва бо татбиқи қонуни афв нисбат ба онҳо, халабонҳо аз толори додгоҳ озод шуданд.
Бархе аз нашрияҳои ҳафтаи гузашта ин ҳодисаро поймол шудани қавонин ва низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд ва бархе аз соҳибназарон ба зарурати ислоҳоти ҷиддии сиёсӣ ва кодрӣ дар кишвар таъкид карданд.
Бештаре аз коршиносон иддаъо доранд, ки қазияи халабонҳо ба равобити миёни Тоҷикистону Русия латмаи ҷиддӣ ворид карда ва эҳтимол дорад дар оянда давлати Русия барои ҳалли масоили худ дар Тоҷикистон ва минтақа аз фишорҳои бештаре истифода кунад.
Дар ҳамин ҳол натоиҷи назарсчанҷии интернетии дигаре, ки аз сӯйи хабаргузории tojnews анҷом шуд, ки дар он пурсида шудааст, "Русия ба хотири Шумо чиро меорад?" ва панҷ ҷавоби "хирси бадхашм- душмани Тоҷикистон", "кишвари ба ояндаи Тоҷикистон бетараф", "манбаъи кор барои муҳоҷирон", "кишвари дӯсту бародар" ва "намедонам"-ро пешниҳод кардааст.
Бештарин ширкаткунандагони назарсанҷӣ Русияро хирси бадхашм- душмани Тоҷикистон" номиданд.
Хабаргузории "Тоҷнюз" дар гузорише дар бораи натоиҷи ин назарсанҷӣ гуфтааст "57,3 дарсади ширкаткунандагон бар ин боваранд, ки Русия танҳо барои Тоҷикистон душманӣ меораду халос. 15,8 дарсади посухдиҳандагон гуфтанд, ки Русия "кишвари ба ояндаи Тоҷикистон бетараф" аст.
Бо ин вуҷуд, 14,4 дарсад изҳор доштаанд, ки Русия барои "манбаъи кор барои муҳоҷирон аст. Танҳо 12,4 дарсад ширкаткунандагони назарсанҷӣ Русияро кишвари дӯсту бародар" хонанд.
Ин дар ҳолест, ки дар авоили соли ҷорӣ назарсанҷии як маркази таҳлилии мавсум ба Gallup нишон дода буд, ки 94 дарсади сокинони Тоҷикистон аз сиёсатҳои давлати Русия дар қиболи Тоҷикистон ҷонибдорӣ карданд - натоиҷи ин назарсанҷӣ баландтарин мизони эътимоди сокинони як кишвари мустақил дар қиболи Русия арзёбӣ шуда буд.
Зимнан натоиҷи пурсишҳо дар сойтҳои интернетӣ наметавонанд ба монанди назарсанҷиҳои марокизи таҳлилӣ арзиши илмӣ дошта бошанд, зеро назари танҳо гурӯҳи маҳдуде аз хонандагони ин ё он сойтро бозгӯ мекунанд ва ҳар як хабаргузорӣ алоқамандони худро дорад.
Вале, бо дарназардошти ин нукта, ки дар Тоҷикистон марокиз ё созмонҳои таҳлилӣ назарсанҷӣ ё пурсишҳоро бо риояти меъёрҳои таҳқиқотӣ аҳён-аҳён баргузор мекунанд, натоиҷи пурсишҳои сойтҳои интернетӣ то андозае ин халоъро пур мекунад.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Тоҷнюз" дар сафҳаи интернетии худ назарсанҷии ҷадидеро муаррифӣ карда ва ин суолро матраҳ кардааст, ки "бо озод кардани халабонҳои рус муносибати шумо ба Ҳукумати Тоҷикистон иваз шуд?"
Ироаи назарот ба суолоти ин назарсанҷӣ идома дорад, вале натоиҷи муқаддамотӣ ҳокӣ аз он аст, ки беш аз 80 дарсади ширкаткунандагон муносибати манфии худро дар қиболи давлати Тоҷикистон баъд аз қазияи халабонҳо эълом доштаанд.















