bbc.co.uk navigation

"Кунтрули 'Барқи тоҷик' пас аз таҷдиди сохтор дар дасти давлат боқӣ мемонад"

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 25 Ноябр соли 2011 - 12:03
Ӯғулой Хоҷаева

Хонум Хоҷаева мегӯяд, ки раванди таҷдиди сохтори "Барқи тоҷик" то соли 2016 идома хоҳад дошт

Масъулини "Барқи тоҷик" эълом карданд, ки ҳатто дар пайи хусусисозии ин ширкат, бахши энержӣ дар кунтрули давлат боқӣ мемонад.

Ӯғулой Хоҷаева, як масъули ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи ҷумъаи 25 ноября ба Би-би-сӣ гуфт, ки иҷрои барномаи таҷдиди сохтрои ин ширкат, ки аз се марҳила иборат аст, оғоз шудааст.

Дар маҷмуъ, ин барнома то соли 2016 иҷро хоҳад шуд ва ширкати феълии “Барқи тоҷик” дар ниҳоят ба се ширкати мустақили ширкати тавлидкунанда, интиқолдиҳанда ва тавзеъкунандаи барқ тақисм мешаванд.

Вале қабл аз он дар авоили соли 2012 дар ширкати “Барқи тоҷик” се идораи мухталиф дар умури тавлид, интиқол ва тавзеъи барқ таъсис хоҳад шуд ва дар марҳилаи аввал онҳо аз сӯйи маъмурияти “Барқи тоҷик” раҳбарӣ мешаванд.

Ба гуфтаи хонуми Хоҷаева пас аз соли 2013 қарор аст, ки ин се бахш ба ширкатҳои мустақил табдил дода шаванд. Марҳилаи севвум, ки то соли 2016 бояд идома ёбад, хусусисозии бархе аз ниҳодҳои ширкати “Барқи тоҷик”-ро дар назар дорад.

Ӯғулой Хоҷаева хабар дод, ки бо дарназардошти истортежик будани арсаи энержӣ давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки кунтрули ин се ширкатро дар ихтиёр дошта бошад. Ба ин далел 51 дарсади саҳҳоми ин ширкатҳо моли давлат хоҳанд буд.

Шодӣ Шабдолов

Оқои Шабдолов аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки давлати Тоҷикистон намехоҳад пешниҳоди вакилон дар броаи таъсиси куимссиюни ҷамъиятӣ барои таъйиди таруфаҳои энержиро бипазирад

Аз сӯйи дигар, хонуми Хоҷаева афзуд, ки раванди таҷдиди сохтори “Барқи тоҷик” ҳазинаи зиёд дорад. Аз ин тарҳ Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Тавсеъа ва Бонки Урупоии Таҷдид ва Тавсеъа ҳимояти молӣ мекунанд. Ҳадс зада мешавад, ки дар маҷмӯъ барои иҷрои ин тарҳ беш аз сӣ милюн дулор зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, хонуми Хоҷаева мегӯяд, ки таҷдиди сохтори “Барқи тоҷик” бидуни ислоҳи қавонини Тоҷикистон ғайримумкин аст.

Шодӣ Шабдолов, узви порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло аъзои кумитаи энержӣ ва саноеъи Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи панҷ қонуни Тоҷикистон дар бахши энержиро таҳия кардаанд, ки тарҳи қонун “Дар бораи энергетика” аз ҷумлаи онҳост

Дар гузашта, оқои Шабдолов дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошта буд, ки давлати Тоҷикистон пешниҳоди вакилон дар бораи таъсиси кумиссиюни ҷамъиятӣ барои таъйиди торуфаҳои энержиро рад кард.

Ҳоло оқои Шабдолов дар ин робита гуфт: “Қаблан раҳбарии бахши энержии Тоҷикистонро Асадулло Ғуломов, муъовини нахуствазири Тоҷикистон бар ӯҳда дошт, ки дар авохири тобистони имсол фавтид. Мо бо оқои Ғуломов тавофуқоте доштем. Вале, феълан ин тавофуқот аз сӯйи масъулон сарфи назар мешаванд”.

Ба эътиқоди Шодӣ Шабдолов, таҷдиди сохтори “Барқи тоҷик” амри ногузир аст, вале вай ҳадс зад, ки эҳтимол вуҷуд дорад, ки арзиши барқ ба ин тартиб афзоиш хоҳад ёфт.

Темур Валамат-зода

Темур Валамат-зода бар ин назар аст, ки дар хусусисозии Барқи тоҷик" давлати Тоҷикистон набояд ба иштибоҳоти бархе аз кишварҳои собиқи шӯравӣ роҳ диҳад

Темур Валаматзода, коршинос дар умури энержӣ, мегӯяд, таҷрубаи бархе аз кишварҳои собиқи шӯравӣ далели он аст, ки дар пайи таҷдиди сохтори ширкатҳои энержӣ торуфаҳо бамаротиб афзоиш ёфта ва мояи нигаронии ҷомеъа шуданд.

Барои ҳамин вай пешниҳод кард, ки зимни таҷдиди сохтори “Барқи тоҷик” бояд меконисмҳое роҳандозӣ шаванд, ки шаффофият дар заминаи таъйини торуфаҳои энержиро фароҳам кунад.

Оқои Валаматзода гуфт, ки ҳоло 40 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон зери хати фақр ба сар мебаранд ва эҷоди меконисмҳои ҷуброни афзоиши торуфаҳо дар чунин вазъият амри зарурӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи соҳибназарон, феълан фаъолияти ширкати “Барқи тоҷик” барои ҷомеъа “махфӣ” боқӣ монда ва чунин назарот низ вуҷуд дорад, ки фасоди молӣ дар ин муассиса дар ҳоли рушд аст.

Ба унвони мисол гуфта мешавад, ки ивазшавии руасои ин ширкат дар ҳар ду сол ва боздошти чанд тан аз масъулини бахши дороиҳои “Барқи тоҷик” дар ду соли пеш гувоҳи чунин иддаъо мебошанд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.