
Яке аз мубтакирони баргузории ин ҳамоиш иттиҳодияи рӯзноманигорон буд
Дар ҳамоише дар Душанбе хабарнигорони расонаҳои мустақил пешниҳод кардаанд, ки моддаи қонуни матбуъоти Тоҷикистон дар заминаи сиррӣ нигаҳ доштани манбаъи хабарӣ тақвият ёбад.
Ин мизи гирд, ки Ҳуқуқи рӯзноманигорон барои сиррӣ нигаҳ доштани сарчашмаи хабарӣ ном дошт дар рӯзи чаҳоршанбеи 24 ноябр дар Душанбе доир шуд.
Дар ин нишаст гуфта шуд, ки бештари мушкилоте, ки хабарнигорон зимни навиштани матолиб ба он рӯбарӯ мешаванд, пайдо кардани манбаъи хабарӣ дар миёни мақомоти расмӣ будааст, зеро онҳо ба далели бим аз ифшо шудан аз ироаи иттилоъи дақиқ ба рӯзноманигор худдорӣ мекунанд.
Мизи гирди хабарнигорон ба ибтикори Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва бар асоси тарҳи Интернюс баргузор шуда ва дар он хабарнигорони расонаҳои мустақил аз сартосари Тоҷикистон ва ҳуқуқдонҳои саршинос ширкат доштанд.
Акбаралӣ Саттор, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, мегӯяд, ки яке аз аҳдофи аслии ин нишаст, осон кардани фаъолияти расонаҳои хабарӣ ва ҷилавгирӣ аз кашида шудани хабарнигорон ба муҳокимаҳои додгоҳӣ будааст.
Оқои Саттор афзуд: Дар қонуни матбуъоти Тоҷикистон ҳуқуқ барои хабарнигорон барои сиррӣ нигаҳ доштани сарчашмаи хабарӣ вуҷуд дорад, аммо дар мавридҳое қонунҳои дигаре аз қабили қонуни ҷиноӣ ҳаққи комили махфӣ нигаҳ доштани манбаъро лағв мекунад.

Хонум Воҳидова гуфт, ки як хабарнигорро барои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигори дигар ба додгоҳ хоҳад кашид
Оқои Саттор мегӯяд, ки қонуни мавҷуда нокомил буда ва дар ин мизи гирд, хабарнигорон ва ҳуқуқшиносон барои тақвияти қонуни матбуъот ба мубоҳисот нишастааст.
Вай мегӯяд: Мо аз соли 2004 бадин сӯ дар таҷрибаҳои додгоҳи шоҳидӣ он шудем, ки ҳар як бозраси оддӣ аз хабарнигор талаби ифшо кардани манбаъашро кард ва расонаҳоро бо душвориҳо рӯбарӯ кард.
Бим аз ифшошавӣ ва камбуди иттилоъоти дақиқ
Аммо воқеъият он аст, ки дар моддаи 29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи матбуъот ва дигар воситаҳои ахбори омма омадааст.
Моддаи 29. Мавридҳои махсуси фош накардани ахбор
Идораи воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигор ҳуқуқ надорад:
1) номи шахсеро зикр намояд, ки бо шарти ифшо намудани номи вай ахбор додааст, ғайр аз мавридҳое, ки инро суд (додгоҳ) талаб кунад.
Вале дар сурати ба додгоҳ кашида шудани хабарнигорон, дар ҷараёни расидагӣ ба бозрасии парвандаҳо бозрасон тавассути ниҳодҳои дигари интизомӣ аз хабарнигорон дархости ифшо кардани манобеъи хабариро мекардаанд.
Дар нишасти имрӯз хабарнигорон дар қонун комилан сиррӣ нигаҳ доштани манобеъи хабариро тақозо карданд, зеро ба ақидаи иддае аз онҳо маҳз бисёре аз афрод ба вижа аз ҷумлаи мақомоти расмӣ бо бим аз ифшо шудани ҳуввияти хеш аз додани иттилоъи дақиқ ба хабарнигор худдорӣ мекунанд ва дар натиҷа иддаи зиёде аз рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аз навиштаи матолиби доғи ҷомеъаи имрӯзӣ худдорӣ мекунанд.
Рамзия Мирзобекова, аз нашрияи Asia-Plus, мегӯяд, ки бо масъалаи матруҳа дар ин нишаст аз наздик ошноӣ дорад.

Рамзия гуфт ки аз пешниҳоди хабарнигорон дар бораи сиррӣ шудани манобеъи хабарӣ хушнуд аст
Рамзиябону афзуд: Масъалаи додгоҳии нашрияи мо ва вазорати кишвар бо роҳи маслиҳатомез ҳалл ёфт, вале агар муҳокимаи он дар додгоҳ идома медошт, маро водор мекарданд, ки манобеъи хабарии худро ифшо кунам ва дар он замон сарнавишти бисёре аз коршиносоне, ки бо мо ҳамкорӣ мекарданд ва аз онҳо иттилоъ дарёфт мекардем чи мешуд?
Ин хабарнигори тоҷик мегӯяд, ки ҷонибдори он аст, ки ҳаққи хабарнигорон дар заминаи сиррӣ нагаҳ доштани манобеъи хабарӣ ва иттилоъ комил шавад ва дар он замон рӯзноманигорон низ бо мушкилоти адами дастрасӣ ба иттилоъоти дақиқ аз манобеъи давлатӣ дучор намешуданд.
Дар ин нишаст ҳуқуқдонҳои тоҷик, аз ҷумла онҳое, ки дар муҳокимаҳои додгоҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон аз манофеъи хабарнигорони ба додгоҳ кашидашуда дифоъ мекарданд, ширкат карданд.
Ағлаби ин ҳуқуқдонҳо аз пешниҳоди хабарнигорон роҷеъ ба тақвияти ҳаққи онҳо барои махфӣ нигаҳ доштани манобеъи иттилоъотӣ ҷонибдорӣ карданд.
Бо ин вуҷуд Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ки хабарнигорон низ бояд дар навиштани матолиби дақиқ ҳушёр бошанд ва ба иштибоҳот роҳ надиҳанд.
Хонум Воҳидова, ки вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Хуҷанд дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ буд, бо ёдоварӣ аз қазияи додгоҳӣ ва пахши иттилоъи носиҳат дар мавриди муввакилаш аз сӯйи бархе аз расонаҳои интернетӣ мегӯяд, ки бо ҳалли комили масъалаи додгоҳии оқои Усмонов, рӯзноманигорони муттаҳам дар ин заминаро ба додгоҳ хоҳад кашид.
Вай афзуд: Ман як хабарнигорро барои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигори дигаре ба ҷавобгарӣ мекашам.
Фасоди молӣ ва манбаъи хабарии махфӣ
Дар мизи гирд Сергей Романов, яке аз масъулони Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар дар мавриди истондортҳои байналмилалии махфӣ нигаҳ доштани манобеъи иттилоъотӣ суханронӣ мекард.

Оқои Романов гуфт, ки татбиқ шудани ин қонун роҳи аслӣ барои мубориза бо фасоди молӣ хоҳад шуд
Оқои Романов мегӯяд, ки яке аз роҳҳои мубориза бо фасоди молӣ, ба виджа дар миёни мақомоти давлатӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, маҳз қонуни сиррӣ нигаҳ доштани манобеъи хабарӣ будааст.
Вай мегӯяд: Дар кишварҳое, ки ин қонун комил аст ва хабарнигорон ошкор метавонанд аз манобеъи расмӣ иттилоъот дар мавриди мавҷудияти фасоди молӣ дар миёни мақомотро дарёфт ва дар ин бора матолиб менависанд ва дар натиҷа кормандони интизомӣ ба дунболи ин матолиб фарди муттаҳам дар ришвахорӣ ва фасодро боздошт кунанд.
Ин суханрониии оқои Романов хоҳиши бисёре аз хабарнигорони ширкаткунандаи ин нишастро барои баррасии ҳар чи зудтари пешниҳоди онҳо дар мавриди махфӣ нигаҳ доштани манбаъ аз сӯйи намояндагони порлумони Тоҷикистон афзун кард.
Зеро тарҳи ворид кардани тағйирот ба қонуни матбуъот ба намояндагони порлумон ирсол шуда ва қарор аст, пешниҳодоти ин нишаст барои тақвияти моддаи қонуни сиррӣ нигаҳ доштани манбаъи хабарӣ дар рӯзҳои баъдӣ ба порлумон пешниҳод шавад.
Ҳарчанд назари бархе аз ширкаткунандагони ҳамоиш ба намояндагони порлумон ирсол шуда буд, вале дар мизи гирди имрӯз ҳеҷ намояндаи мардумӣ ширкат надошт.
Тамос бо мо
* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд















