Раҳбари созмони Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз Президент Медведев хостааст, то аз ихроҷи муҳоҷирини боздоштшудаи тоҷик дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунад.
Дар номаи Каромат Шарифов, раҳбари ин созмон ба Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия омадааст: Дар робита ба озод шудани Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, халабонҳои русу эстонӣ аз толори додгоҳи вилояти Хатлони Тоҷикистон аз Шумо хоҳиш мекунем, муҳоҷирони тоҷики боздоштшуда ва дар садади ихроҷро афв кунед.
Дар ин нома таъкид шудааст, аз 11 ноябри соли ҷорӣ то ба ҳол додгоҳҳои Русия на танҳо дар мавриди муҳоҷирони ғайриқонунӣ, балки муҳоҷироне, ки ба таври қонунӣ дар ҳудуди Русия ба сар мебаранд, ҳукми ихроҷ аз ин кишварро содир кардаанд.
Ин созмон гуфтааст бар асоси шикоёти зиёди муҳоҷирони тоҷик, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҷараёни амалиёти ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз ин кишвар даст ба аъмоли ғайриқонунӣ зада, санадҳои сабти ин афрод дар ниҳодҳои муҳоҷирати Русияро нобуд сохта ва дар қиболи онҳо протукулҳои тақаллубӣ дар бораи нақзи муқаррароти муҳоҷиратро таҳия кардаанд.
Ба навиштаи ин созмони муҳоҷирон ҳамчунин, бар асоси чунин протукул муҳоҷирон муваззафанд, бо пули худ Русияро тарк кунанд. Ин дар ҳолест, бештари муҳоҷирон барои харидории билет пули кофӣ дар ихтиёр надоранд.
Дар ин нома мехонем: Афзун бар ин, бештари корфаромёни Русия бо истифода аз суханони раиси ҷумҳурӣ дар бораи иттихози тадбир дар қиболи Тоҷикистон аз пардохти маоши муҳоҷирон сарпечӣ карда ва бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои ихроҷи муҳоҷирони тоҷик муттаҳид шудаанд.
Ин созмон мегӯяд бо таваҷҷӯҳ ба он ки маоши коргарон дар бахши сохтмон танҳо пас аз анҷоми умур пардохт мешавад, ин амали корфармоён ба қонуни пардохти маош муғойират дошта ва ба коргарон хисороти моддию маънавӣ ворид кардааст.
Зимнан, муҳоҷироне, ки барои дарёфти кор вориди Русия мешаванд, барои кирояи сафар, дарёфти муҷаввизи кор аз 17 то 25 ҳазор рубл мепардозанд ва ҳаққи иҷораи манзил низ маблағи зиёдеро ташкил медиҳад.
Дар нома хитоб ба раиси ҷумҳури Русия омадааст: "Ба хотири дӯстии мардуми Русия ва Тоҷикистон, ки рамзи ин дӯстӣ бибии Шумо, Анисия Василевна аст, ки дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон дар Тоҷикистон ба ҳайси пизишк кор кардааст, аз шумо хоҳиш мекунем, дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия мусоъидат кунед."















