bbc.co.uk navigation

Донистани забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳатмӣ шуд

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 23 Ноябр соли 2011 - 09:15
Думои Русия

Думои Русия бо тасвиби санаде донистани забони русӣ барои муҳоҷирони кориро ҳатмӣ кард

Думои давлатии Русия тарҳи ислоҳи қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он донистани забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ ҳатмӣ мешавад.

Баъд аз имзои ин санад аз сӯйи раиси ҷумҳури Русия муҳоҷироне, ки қасд доранд дар соҳаи тиҷорат, хадамоти шаҳрдорӣ ва сервисҳои маишӣ кор кунанд, бояд бо санаде расмӣ собит карда тавонанд, ки забони русиро медонанд.

Гуфта мешавад, ки ба унвони санади таъйиди сатҳи дониши забони русӣ, муҳоҷирон метавонанд, гувоҳиномаи хатми таҳсил дар мактаби миёна то соли 1991-ро ироа кунанд. Вале онҳое, ки мактаби миёнаро пас аз соли 1991 хатм кардаанд бояд бо супоридани имтиҳони вижа дониши забони русиро собит кунанд.

Расонаҳои гурӯҳии Русия хабар медиҳанд, ки барои чунин имтиҳон муҳоҷири корӣ бояд ду ҳазору 500 рубли русӣ пардохт кунад. Қарор аст вазорати маъорифи Русия феҳристи марокизеро, ки чунин имтиҳонҳоро барои муҳоҷирон баргузор мекунанд, таҳия кунад.

Вакилони Думои Русия зарурати тасвиби чунин санадро ба хотири пойин будани сатҳи дониши забони русӣ дар миёни муҳоҷирони корӣ унвон мекунанд. Ба гуфтаи Григорий Балихин, узви Думои Русия, бештаре аз муҳоҷирони корӣ ҷавонон аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ҳастанд ва бештаре аз онҳо ба забони русӣ ҳарф намезананд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки ҳудуди 40 дарсади муҳоҷирон дар Русия "ҳатто номи худро бо душворӣ менависанд." Мақомоти Русия мӯътақиданд, ки донистани забони русӣ имкон медиҳад, ки мавориди нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар кишварашон коҳиш ёбад.

Раҳмон Ӯлмасов

Оқои Ӯлмасов мегӯяд ҳудуди 500 омӯзгори забони русӣ аз Русия ба Тоҷикистон меояд

Аммо то чи андоза ин иддаъо дуруст аст ва муқаррароти ҷадид ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия чи гуна таъсир хоҳад гузошт?

Марҳабо Ҷабборова, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонони Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-си гуфт, ки ин амр дар роҳи муҳоҷирати атбоъи тоҷик мушкилоти ҷиддие пеш хоҳад овард ва барои ҳамин Тоҷикистон бояд барои омӯзиши забони русӣ тавассути ҷавонони тоҷик тадобири бештар андешад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи манобеъи мухталиф, ҳамасола аз 800 ҳазор то якуним милюн нафар аз атбоъи Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи ҷойи кор ба Русия сафар мекунанд.

Ба эътиқоди хонуми Ҷабборова ҳоло теъдоди ҷавонони тоҷике, ки забони русиро медонанд бамаротиб коҳиш ёфтааст, ҳарчанд давлати Тоҷикистон ҳануз дар соли 2003 барномаи рушди омӯзиши забони русӣ ва инглисӣ дар макотиби Тоҷикистонро тасвиб карда буд. Сабаби аслии ин амр ба гуфтаи вай камбуди устодони ҳирфаӣ аст.

Марҳабо Ҷабборова афзуд: "Тибқи қавонини Тоҷикистон омӯзиши забони русӣ дар мактабҳо ҳатмӣ аст. Вале, бояд иқрор шавем, ки сатҳи ҳирфаии устодон хеле пойин рафтааст. Дар гузашта тавассути барномаҳои телевизиюнӣ ва родиюӣ тадриси забони русӣ роҳандозӣ мешуд. Ҳоло низ бояд аз ин таҷриба истифода кард. Зеро, ҳар як муҳоҷире, ки қасди сафар ба Русияро дорад, бояд барномаи ҳадди ақали донистани забони русиро биомузад."

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷиқ низ бар ин назар аст, ки донистани забони русӣ, қавонин ва таърихи кишвар барои муҳоҷирони тоҷик, ки озими Русия мешаванд, амри зарурӣ аст.

Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев бар ин назар аст, ки давлати Русия раванди маҳдуд сохтани шароити фаъолияти муҳоҷирони кориро идома хоҳад дод

Вай афзуд ки дар пайи қазияи “халабонҳои зиндонишуда дар Тоҷикистон”, мақомоти Русия талабот барои муҳоҷирони тоҷикро тақвият хоҳад дод: "Сиёсати пуштибонӣ аз русигароӣ дар Русия то замони анҷоми интихоботи раёсаит ҷумҳурӣ дар ин кишвар ва ҳатто баъд аз он ҳам идома хоҳад дошт. Ба ин далел, танҳо роҳи ҳалли ин мушкил омӯзиши забони русӣ аз сӯйи муҳоҷирони тоҷик мебошад."

Аммо оқои Абдуллоев муътақид аст, ки муҳоҷирони тоҷик дар сурати зарурат бо пардохти ришва асноди лозимро дар бораи донистани забони русӣ пайдо хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, Раҳмон Ӯлмасов, муъовини раиси Донишгоҳи муштараки исловянии Тоҷикистону Русия мегӯяд, ки ин муассиса аз як сол ба ин сӯ ба ироаи муҷҷавизи таъйиди сатҳи дониши забони русӣ муваззаф шудааст ва муҳоҷирони кории тоҷик метавонанд қабл аз сафар ба Русия ин сандаро дарёфт кунанд.

Аз сӯйи дигар, оқои Ӯлмасов бар ин назар аст, ки давлати Русия бояд дар мавриди таблиғи омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои собиқ шӯравӣ бештар саҳим бошад. Вай гуфт, ки ҳоло Фаронса барои таблиғи забони фаронсавӣ ҳамасола 200 милюн юру ихтисос медиҳад. Махориҷи мушобеҳи будҷети Русия 20 маротиба камтар будааст.

Раҳмон Ӯлмасов хабар дод, ки ахиран бо давлати Русия тавофуқ шудааст, ки ҳудуди 500 нафар фориғултаҳсилини донишгоҳҳои омӯзгории ин кишвар барои тадриси забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон ба ин кишвар эъзом мешаванд.

Ба гуфтаи оқои Ӯлмасов, давлати Русия барои ин афрод имтиёзоти молие қоил аст ва ҷониби Тоҷикистон ба онҳо манзил фароҳам карда ва ҳуқуқ ё моҳона пардохт мекунад.

Ҳарчанд бархе аз соҳибназарон ин иқдоми Русияро натиҷаи сиёсатҳои бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ дар ин кишвар мудонанд, аммо намояндагони Думои ин кишвар таъкид мекунанд, ки муқаррароти ҳатмӣ будани донистани забони давлатӣ дар кишварҳои умдаи қабулкунандаи муҳоҷирони корӣ, ба мисли Омрико, Олмон ва Австралия низ роиҷ будааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.