bbc.co.uk navigation

Владимир Путин дар Маскав "ҳу" шуд

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 21 Ноябр соли 2011 - 16:09

Мардуми ҳозир дар як солуни варзишӣ дар Маскав Владимир Путин, нахуствазири Русияро "ҳу" карданд.

Бар асоси гузоришҳо замоне ки оқои Путин дар поёни мусобиқа вориди ринг шуд то ба барандаи русии ин мусобиқа табрик бигӯяд, бо вокуниши ғайримаъмули мардум рӯбарӯ шуд ва мардум бо садои баланд ӯро ҳу карданд.

Ин барнома ки ба сурати зинда аз телевизиюн пахш мешуд дар сойти You tube қарор гирифта ва бо истиқболи фаровони муроҷеъон рӯбарӯ шудааст.

Ҳомиёни оқои Путин, ки интизор доранд ӯ соли оянда дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад ва пирӯз шавад, гуфтаанд ки ҳозирон дар солуни варзишӣ дар воқеъ варзишкори омрикоиро ҳу мекарданд, ки мусобиқро ба ҳарифи русии худ бохта буд.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.